Муҳокимаи масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

*Санаи 25 майи соли 2018 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода мизи мудаввар дар мавзӯи “Муҳокимаи масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар ҳамчунин намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Сарравал Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муқимӣ Нигора — сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда оид ба масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот доданд.

*Сипас маърузачиён Маҷидӣ Абдукарим, сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар ҶТ», Муқимӣ Нигора — сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар мавзӯи «Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва рафти иҷрои он дар ҶТ», Аланазарзода Шароф, Судяи Суди Олии ҶТ дар мавзӯи «Чорабиниҳои Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии Стратегияи муқовимат ба коррупсия бо мақсади аз байн бурдани хавфҳои коррупсионӣ» ва Бобоҷонов Музаффар, аъзои шабакаи Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар мавзӯи  «Ҳамкории мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди масъалаҳои паст намудани хавфҳои коррупсионӣ дар мисоли вилояти Суғд» баромад намуданд.

Дар охир саволу љавоб ва муњокимаронї оид ба натиљаи кори мизи мудаввар баргузор гардида, иштирокчиён тавсияҳои худро пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ