Вохӯрии гуруҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 11 майи соли 2017 дар маҷлисгоҳи мақомоти ВҲИ  бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зариф Ализода вохурии аъзоёни гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аъзоёни гурӯҳи корӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ  ва аъзоёни гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ натиҷаи мониторингҳои дар соли 2018 гузаронидашуда, аз ҷумла мониторинги муассисаҳои давлатии “Беморхонаи равонии вилояти Суғд ва Хона — интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҷ . Расулов”, Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии ноҳияҳои Спитамен, Панҷ, Мӯъминобод ва Ховалинг, муассисаи ислоҳии ЯС 3/9-и СРИҶҶ Вазорати адлия дар ноҳияи Дустӣ ва муассисаи давлатии “Литсеи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе” мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода шуданд.

Зимни вохӯрӣ аъзоёни гуруҳи мониторингӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур масъалаи рафъи камбудиҳои ҷойдошта, мушкилоти муассисаҳои болозикр ва роҳҳои ҳалли онҳо муҳокима гардиданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ