АМИТ «Ховар» НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТЕМ! Имрӯз- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардид.

Дар Ҷумҳурии Точикистон, ки қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таҷлил гардида, дар саросари мамлакат барномаҳои мухталиф баргузор мегарданд. Аз ҷумла, имрӯз дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон як зумра барномаҳои маърифативу фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Бояд гуфт, ки 1 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи  Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон иштирок ва суханронӣ намуда,  аз ҷумла, таъкид намуданд:  «Ин рӯз на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд».

Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азиз Солиев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кўдак дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳуқумати мамлакат  баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки сол аз сол вазъ дар ин самт дар мамлакат беҳтар шуда истодааст. Хусусан дар самти таъмини ҳуқуқи кўдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кўдакони дорои маъюбият ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд».

Бино ба гуфтаи номбурда, таҳқиқоти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. «Тибқи раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кўдак», ки ҳамасола аз ҷониби созмони «Бунёди ҳуқуқи кўдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар байни 163 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кўдаки СММ дар самти ҳуқуқи кўдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад, Тоҷикистон соли 2016 дар ҷойи 57 ва соли 2017 дар ҷойи 55 қарор гирифт»,-иброз дошт Азиз Солиев дар идомаи суҳбат.

Ин нишондод дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат бо нигаронӣ аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон иброз доштанд: «Қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафар кӯдак вафот мекунад».

Сарвари давлат боз дар ҳамин мулоқот чунин баён доштанд: «Ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад».

Тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат,  фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим бевосита аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

Далели дигари тадбиқи ин гуфта дар он аст, ки бо супориши Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик 26 майи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори мамлакат  чор кӯдаки ноболиғро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонид.

Ба андешаи Азиз Солиев, дар ҷумҳурӣ заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакони ятиму бепарастор ташкил карда шуда, он пайваста такмил меёбад. «Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», кодексҳои оила, меҳнат ва ғ. дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак нақши муҳим мебозанд»,-илова намуд ӯ.

Тавре дар боло гуфтем, Тоҷикистон тайи солҳои охир тибқи таҳлилҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз миёни 163 мамлакати олам мақоми 55 ва 57 –ро касб намуд, ки ин нишондиҳанда давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ хеле хуб мебошад. Зеро мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО имрӯз дар дунё 57 миллион нафар кӯдакон имконияти таҳсил кардан надоранд ва 25 миллион нафар кӯдакони аз 6 то 15-сола бо сабаби низоъҳои мусаллаҳона дар 22 кишвари олам аз имконияти мактабравӣ маҳруманд.

«Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа ва махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кўдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хўрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, пеш аз ҳама, манфиатҳои кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад»,-зикр намуд дар идомаи суҳбат ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев.

Номбурда инчунин зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конвенсия оид ба  ҳуқуқи   кӯдаки СММ боз ду протоколи иловагии онро имзо кардааст, ки ба масъалаҳои вобаста ба манъи иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва Протокол дар бораи манъи савдои кӯдакон ва фоҳишагии онҳо мебошад. Принсипҳои зикргардида дар  Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҷой карда шудаанд.

«Гувоҳи барҳақи волоияти ҳуқуқи кӯдак ва дар маркази диққати роҳбарияти олии мамлакат қарор доштани ин қишр дар он аст, ки соли 2016 бо ташаббуси Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат дар таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд»,-зикр кард Азиз Солиев.

Месазад аз он ёдовар шуд, ки субҳи 26 майи соли 2018 тифле, ки аҳолии мамлакатро  ба  9 миллион расонид, ба дунё омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд ва худи ҳамон рӯз калиди хона аз ҷониби муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба волидони тифл супорида шуд.

Бояд гуфт, ки мақсади таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилот, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдакон мебошад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»