5-уми июн-Рӯзи байналмилалии муҳити зист

мутихити зистРӯзи байналмилалии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатнома»-и 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. Дар мурољиатнома олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия шаҳри Стокголм Конфронси СММ оид ба мушкилоти муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.

Табиатро модари башарият унвон медиҳанд. Аз ин рӯ масъалаи ҳифзи муҳити зист дар мисоли муҳофизати замин, об, ёдгориҳои таърихию табиӣ, ҳавои атмосфера, гуногунии биологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар маҷмӯъ яке аз рукнҳои асосии ҳифзи Ватан ба ҳисоб мераванд, дар замони ҳозира аз масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайваста ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пиряхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид.

Масъалаи тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои охир яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ ва глобалӣ гардидааст. Бинобар ин вазъи экологии ҷаҳони имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта саривақт ҷустуҷӯ карда шавад. Инчунин ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набошад. Дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин мушкилот саҳми худро гузорад.

Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври дастаҷамъона ва қатъӣ баҳри ғамхории ӯ фаъолияти умумиро ба роҳ нагузорем, оқибатҳои ногувори он бар зарари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии на танҳо як кишвару минтақа, балки кулли давлатҳои ҷаҳон хоҳад буд».

Таъсири инсон ба тағйирёбии иқлим баръало эҳсос мешавад. Инсон ҳам як узви табиат буда, ободӣ, тозаву озодагӣ, ҳифзи фазои солимро худи ӯ фароҳам месозад ва шахс набояд ба худ зарар расонад.

Бояд зикр намуд, ки дар таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ ВАО нақши муҳим дорад.Аз ин рӯ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоиву телевизионӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ вобаста ба муҳити зист ташкили намоишу барнома ва мақолаҳо ва мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои муҳити зист, бахусус ҳифзи муҳити зист мувофиқи мақсад аст.

Корманди мақомоти Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
М.Салоҳуддинов