Семинари омӯзишии ВҲИ ҶТ барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”

*Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи  инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзи 29 июни соли 2018 аз ҷониби мақомоти ВҲИ ҶТ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди ВМИ ҶТ барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои такмили ихтисос даъват шуда буданд, семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур ВҲИ ҶТ, ВҲК ҶТ, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва Ректори Донишкадаи зикршуда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории семинар масъулини мақомоти ВҲИ ҶТ ва мушовири миллии ВҲИ ҶТ ба таваҷҷуҳи иштирокчиён оид ба рафти амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи  инсон барои солҳои 2013-2020, роҳу усулҳои таълими фанни “Ҳуқуқи инсон” дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва инчунин эҳтироми фикру ақидаи кӯдакон ҳангоми баррасии масъалаҳое, ки ба онҳо дахл доранд, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

*Ба иштирокчиёни чорабинӣ адабиёти соҳавӣ, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгорон мусоидат мекунад, аз ҷумла Маҷмӯаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Маърӯзаи ВҲИ ҶТ барои соли 2017, Маърӯзаи ВҲК ҶТ барои соли 2017, “Маҷмӯаи маводҳо барои омӯзгорон оид ба роҳу усулҳои таълими фанни “Ҳуқуқи инсон” ва инчунин брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” ройгон дастрас карда шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни семинар фикру ақида ва пешниҳодоти худро оид ба масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Аз ҷумла онҳо ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки гузаронидани чунин семинарҳо барои омӯзгорон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва зиёд кардани соатҳои дарсӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар барномаҳои таълимӣ мувофиқи мақсад мебошад.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ