Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

Боиси сарфарозӣ ва хушнудии кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз ёфт.

Пешвои миллат дар суханрониашон иброз намуданд, ки «ин рӯйдод аҳамияти чорабиниҳои моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал дучанд мегардонад».

Пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу зиндагии рӯзмарраи инсоният сиёсатмадорон, коршиносон ва олимони соҳаҳои мухталиф андешаҳои худро иброз намудаанд.

Ҳамин тавр, бо такя бар даъватҳо, пешниҳодҳо ва маҷмӯи барномарезиҳое, ки дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ҷараён гирифтаанд, метавон ба ин натиҷа расид, ки иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба об қабул гардидани қатъномаҳои СММ оид ба Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидани солҳои 2018-2028 мебошад.

Истеъмоли оби ифлос сарчашмаи бемориҳои сирояткунанда ва ҳодисаҳои фавти одамон дар саросари ҷаҳон гардидааст. Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи ҷаҳон аст.

Тоҷикистон аз захираи зиёди об бархӯрдор аст. Он қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашма оби одию маъданӣ ва обанборҳои фаровон дорад. Барои мардуми кишвари мо, хушбахтона, табиат обро арзонӣ дошта бошад ҳам, аммо барои баъзе аз давлатҳои дунё ин манбаи ҳаёт камёфту нодир аст. Ҳаҷми муҳити гидросфера дар сайёраи мо хеле бузург аст, вале 96 дарсади онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Ба ҳиссаи оби нӯшокӣ ҳамагӣ 2,5 дарсади ҳаҷми умумии гидросфера рост меояд. Талабот ба оби нӯшокӣ дар ҳама соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи инсон дар ҳоли афзоиш аст. Бисёр давлатҳои ҷаҳон солҳост, ки ба харидуфурӯши оби нӯшокӣ сарукор доранд. Масалан, ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Норвегия, Нидерландия ва Арабистони Саудӣ аз Малайзия оби нӯшокӣ мехаранд. Мушкилоти оби нӯшокӣ дар ҷаҳон яке аз мушкилоти муҳим дониста шудааст. Нобаробарии ҷойгиршавии захираҳои об, пеш аз ҳама, ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобаста аст. Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорон дар бобати ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он борҳо маърӯзаю пешниҳодҳо карданд. Масалан, соли 2003-ро ҳамчун соли “Оби тоза”, солҳои 2005- 2015-ро “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018-2028-ро даҳсолаи амал “Об — барои рушди устувор” эълон карданд, ки инро Созмони Милали Муттаҳид хуб пазируфт. Бавижа, пазируфта шудани пешниҳоди Президенти ҷумҳуриамон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018 — 2028)», ки дар роҳи таҳкиму мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд гузошта, бобати ҳалли мушкилоти имрӯз ва оянда нақши назаррасе рӯи кор хоҳад овард, аз тарафи Ассамблеяи генералии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва дар ин хусус қатънома қабул кардани он арзандаи тафохури мо, тоҷикистониён, аст. Он обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар гардонид. Иқдоми Тоҷикистон баҳри ҳалли проблемаи мубрами ҷаҳониён, хусусан кӯдакон, аҳамияти басо зиёд дорад, зеро аз беобӣ кӯдакон зиёдтар азоб мекашанд. Кӯдакони баъзе минтақаҳои қораи Африқо аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ оби лойолуду ифлос менӯшанд, ки ин вазъ хеле ҳузновар аст.

Маҳз об аст, ки тамоми соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, аз воситаи ғизо то инкишофи иқтисодию саодати ӯ, аз покизагиву сиҳатӣ то ғизои маънавӣ ва оғозу равнақи фарҳангии вай маънӣ мебахшад ва ба рушди он мусоидат менамояд.

Ҳадаф аз эълони ду даҳсолаи байналмилалии амал (2005-2015 ва 2018-2028), соли байналмилалии оби тоза (2003) ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони милали Муттаҳид пазируфта шудаанд, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби нӯшокӣ, пешниҳод намудани роҳи ҳалли ин мушкилот аст.

Корманди мақомоти Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсондар Ҷумҳурии Тоҷикистон
М.Салоҳуддинов

Бознашр аз нашрияи “Субҳи Ёвон”
№20 (10592) 21.05.2018