Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ва Протоколи иловагӣ ба он аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, барои баимзорасонӣ, ҳамроҳшавӣ ва ба тасвибрасонӣ ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шудааст. Протоколи иловагии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро давлатҳои иштирокчӣ дар алоҳидагӣ тасвиб ва ё ба имзо мерасонанд.

Ба ҳолати моҳи январи соли 2018 175 кишвари дунё Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расониданд ва ё ба он ҳамроҳ шуданд ва боз 27 кишвари дигар онро имзо кардаанд. Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ Конвенсияи мазкурро ба имзо расонидаанд.

Дар қатори дигар кишварҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 22 марти соли 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд.

Ин баимзорасони ғамхории сарвари давлат Пешвои миллатамон нисбати шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба давлатҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллиро вобаста ба масъалаҳои шахсони имконияташон маҳдуд қавӣ намоянд ва барои беҳтаргардонии ҳаёти шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намоянд.

Қайд кардан ба мавридаст, ки дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон 17 намуди ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд нишон дода шудааст ва Конвенсия созишномаҳои байналмилалиро дар бораи ҳуқуқи инсон пурра намуда, ҳуқуқҳои навро барои маъюбон эҷод намекунад. Он танҳо уҳдадорию масъулиятҳоро аниқ менамояд, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ риоя ва таъмини баробарии  истифодаи маъюбон аз тамоми ҳуқуқҳои инсон мебошад.

    Дар моддаи 1-и Конвенсия омадааст, ки мақсади асосии Конвенсия аз ҳавасмандкунӣ, ҳимоя ва таъмини татбиқи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳамаи маъюбон, инчунин ҳавасмандкунӣ, эҳтироми шаъну шарафи ба онҳо хос иборат аст.

Маъюб шахсоне дониста мешаванд, ки дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ, ақлию зеҳнӣ мебошанд ва ин нуқсонҳо ҳангоми амали мутақобила ва ё бархӯрд бо монеаҳои гуногун метавонанд барои иштироки пурра ва самараноки онҳо дар баробари  дигарон халал расонанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол як қатор уҳдадориҳои байналмилалии марбут ба риояи ҳуқуқ ва талаботҳои шахсони имконияташон маҳдудро дорад, чунки Тоҷикистон иштирокчии санадҳои асосии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон мебошад.

Дар баробари санадҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва мусоидат ба ҳуқуқи маъюбон заминаи васеи қонунгузории миллиро муҳайё кардааст. Ҳуқуқҳои асосии шахсони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун тамоми дигар шаҳрвандон, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, тавассути Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ки «асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян гардида, таъмини имкониятҳои баробар дар ҳаёт ва ҳамгироӣ ба ҷамъиятро ба танзим оварда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баимзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон яке аз далелҳои иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кафолати ҳуқуқҳо ба шахсони маъюб мебошад.

Корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бобохонов С.С.

Бознашр аз нашрияи “Субҳи Ёвон”
№20 (10592) 21.05.2018