Механизми қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ беҳтар мешавад

IMG-f4bfd5ebb96b5a271326ee5e3644eb06-VДар асоси Барномаи амали мақомоти ВҲИ барои соли 2018 ва татбиқи Лоиҳаи «Ҳамкории наздисарҳадӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор» санаи 1-уми июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дар мавзӯи «Қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ: механизми амалишавӣ ва назорат» мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар З.Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, З.Назирӣ – Раиси ноҳияи Б.Ғафуров, А.Орипов – роҳбари намояндагии БРСММ дар вилояти Суғд, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, худидоракунии шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои ноҳия иштирок намуданд.

Мизи мудавварро З.Назирӣ ифтитоҳ намуда, татбиқи Лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ ба хотири сулҳи устувор ва рушд»-ро дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Б.Ғафуров муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки дар марҳилаи аввали Лоиҳаи корҳои назаррасе анҷом дода шуданд.

Сипас дар назди ҳозирин З.Ализода оид ба саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан фаъолияти сохторҳои маҳалии мақомот дар амалисозии механизми қабул ва баррасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур яке аз самтҳои меҳварии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимни баргузории мизи мудаввар масъалаҳои қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби сокинони ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-қалъача ворид гардидаанд, баррасӣ шуданд.

Дар мизи мудаввар Қодирӣ С.А. – сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, талаботи Конститутсия ва қонунгузорӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалисозии Лоиҳаи мазкур маърӯза намуд.

Дар ин робита дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки механизми қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар намудааст.

Қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии баҳснок истиқомат ва фаъолият менамоянд, метавонад мушкилоти эҳтимолиро пешгирӣ намояд.

Зимни баррасии маърӯза масъалаи ҳамкории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ махсусан таъкид карда шуд.

IMG-cef4dc6a859f9a94dc58f2ba58fda724-VҲамчунин дар мизи мудаввар Н.Ҳамидов – роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд оид ба татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа муфассал маълумот пешниҳод намуд.  Дар рафти мизи мудаввар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худидоракунии шаҳраку деҳот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ ибрози назар намуданд.  Қайд карда шуд, ки бинобар хусусияти давомнок ва ё мавсимӣ доштани мушкилот сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ оид ба ин ё он масъала муроҷиатҳои такрорӣ мекунанд, ки ҳалли онҳо пеш аз ҳама аз аниқ муайян шудани марз вобастагӣ дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ фаъолияти самаранок ва мунтазам дошта, пайваста бо сокинон вохӯриву мулоқотҳо баргузор менамоянд.

Ба иштирокчиёни мизҳои мудаввар тавсия дода шуд, ки қабул ва баррасии муроҷиатҳоро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Тартиби бақайдгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда, чорабиниҳои иттилоотиву маърифатиро дар байни аҳолӣ бештар намоянд.

Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокчиён барои идома додани ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ равона намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамкори бо мақомоту идораҳои дахлдор чораандешӣ менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ