Раҷабмо Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон : «Кӯдакони аз майдонҳои ҷангзада баргардонидашуда зери ғамхории давлатанд»

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои ҳарбии Исроил ба Фаластин ва Лубнон соли 1982 сокинони бегуноҳ, аз ҷумла, кӯдакони зиёд ба ҳалокат расиданд. Барои пос доштани хотираи кӯдакони қурбонгашта 4 июн бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони бегуноҳ – қурбонии хушунат эълон кардид, ки шурӯъ аз соли 1983 инҷониб таҷлил карда мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам ин рӯз таҷлил карда мешавад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост, аммо чанде аз кӯдакони тоҷик аз сабаби кӯтоҳандешии волидон дар минтақаҳои ҷангзада қарор гирифтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани ин кӯдакони бегуноҳ ҳамаи тадбирҳоро андешида истодааст. Дар хусуси шароити баргардонидани ин кӯдакон ва тақдири минбаъдаи онҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷабмо Ҳабибуллозода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти баргардонидани кӯдакони тоҷик, ки дар кишварҳо ва манотиқи ҷангзада қарор доранд, чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

Раҷабмо Ҳабибуллозода:  Модар доираи салоҳиятҳои худ ҷиҳати мусоидат дар самти ба Ватан баргардонидани кӯдакон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар натиҷаи кӯтоҳандешӣ ва бемасъулиятии падару модаронашон дар кишварҳои ҷангзада ба қурбонии муноқишаҳои ҷангӣ табдил ёфтаанд, бо мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла, бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкории зич дорем. Барои мисол, бо пайдо шудани наворҳо дар шабакаи телевизионии “Russia tuday” аз шаҳри Мосули Ироқ оид ба эҳтимолияти шаҳрванди Тоҷикистон будани кӯдаки тақрибан 8-сола бо номи Марям онҳо бо намояндаи шабакаи мазкур ва масъулини Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Москва дар тамос шуда, ҷиҳати дарёфти наздикони Марям бо комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамкорӣ намудем. Маълумоти бадастомада ба Вазорати корҳои дохилӣ барои муайян намудани муътамадии онҳо равона карда шуд. Пас аз анҷом додани расмиёти зарурии байналмилалӣ Марям ва 3 нафар кӯдаки дигари тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд.

Ба Ватан баргардонидани кӯдакон на танҳо аз давлатҳои ҷангзада, балки аз дигар давлаҳои хориҷӣ низ мунтазам амалӣ карда мешавад. Соли гузашта дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои ИДМ 54 нафар ноболиғони беназоратмонда аз Россия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Пас аз баргардонидани кӯдакони тоҷик аз манотиқи ҷангзада оё ба тақдири минбаъда, раванди мутобиқшавӣ ба ҳаёти осоишта ва таҳсилу тарбияи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад?

Раҷабмо Ҳабибуллозода: Бале, ҷиҳати ҷойгир намудани кӯдакони қурбонии муноқишаҳои ҷангӣ ба оилаҳо ва ё муассисаҳои дахлдор, мутобиқшавӣ ва таълиму тарбияи минбаъдаи онҳо аз ҷониби вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ ҷиҳати муайян намудани вазъи ҳуқуқи кӯдакони баргардонидашуда тадбирҳои дахлдор меандешад, аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо мақомоти зикргардида бобати дастрас намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти кӯдакон, ба таҳсил фаро гирифтан ва муайян намудани шароити зисти онҳо ва дигар масъалаҳо мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: Андешаи Шумо дар бораи нашри аксу наворҳои кӯдакони мавриди зӯроварӣ қароргирифта дар ВАО чӣ гуна аст?

Раҷабмо Ҳабибуллозода:  Ин ҳолат метавонад ба ҳолати рӯҳию равонии чунин кӯдакон таъсири манфӣ расонад, зеро дар ҷомеа ҳатман шахсоне ёфт мешаванд, ки ба чунин кӯдакон бо ангушт ишора мекунанд ва онҳоро мавриди табъизу тамғазанӣ қарор медиҳанд. Наздикон, омӯзгорон, равоншиносон ва ҳамаи он масъулине, ки бо чунин кӯдакон машғуланд, бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки онҳоро аз таъсири манфии муҳити атроф эмин нигоҳ доранд.

АМИТ «Ховар»: Барои мавриди зӯроварӣ қарор нагирифтани кӯдакон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?

Раҷабмо Ҳабибуллозода: Мусоидат дар риояи ҳуқуқи кӯдак ба озод будан аз зӯроварӣ яке аз самтҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Бо ин мақсад ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар масъалаи мазкур ҳангоми вохӯрӣ бо мутахассисони бо кӯдакон коркунанда, падару модарон, дигар аъзои ҷомеа ва тавассути ВАО вобаста ба зарурати дар муҳити солим тарбия намудани кӯдак, озод будани кӯдак аз зӯроварӣ, талаботи қонунҳои дар ин самт амалкунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар ин раванд дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ рӯзҳои қабули шаҳрвандон ва вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО гузаронида шуданд.

Барои муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар муассисаҳои кӯдакона мунтазам санҷишу мониторингҳо мегузаронанд. Соли 2017 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ 29 боздид ва санҷишу мониторингҳо анҷом дода шуданд. Зимни ин гуна мулоқот бо хонандагон ва ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ оид ба сиёсати давлат ва муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ташаккур барои суҳбат!

Ҷасур АБДУЛЛО

АМИТ «Ховар»