Баргузории нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Копия (2) 20180719_111339Санаи 19-уми июли соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З.Ализода, муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Каримзода, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Ализода  меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, сипас оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2018 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зимни баромади худ З.Ализода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2018 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон ва самтҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Барои иштирокчиёни нишасти матбуотӣ шумораҳои нави «Ахбори ВҲИ», Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва варақаи иттилоотӣ омода ва дастрас карда шуд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо  рӯзноманигорон идома ва тавсеа меёбанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ
19.07.2018

МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидаанд, ки занон дар Ҷомеа пешсаф бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Ин арзиш асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар ва эҳтирому дӯстии онҳо дар ҷомеа оила бунёд намоянд. Пеш аз он ки фарзандонро ба ҳаёти мустақилона гусел менамоем, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат бо калонсолон, эҳтироми онҳо хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ оиладорӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират омӯзонда мешавад. Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ аз бузургии занони тоҷик зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Аз қабили қаҳрамонзан Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфидоиҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова ва садҳо занони фидоии миллатро ном овардан мумкин аст.

Метавон қайд кард, ки Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ мепарваранд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд, ба мисли модари Садриддин Айнӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон  зани босаводу бомаърифат буд. Садриддини Айнӣ нахустин суханонашро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модараш гузошт, ва хату савод баровард. Мисоли дигар Бобоҷон Ғафуров-писари шоираи маъруфу машҳур ва ватандӯсти тоҷик Розия Озод мебошад. Ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омадааст. Ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дараҷаи роҳбари аввали мамлакат расида, дар илми шарқшиносии ҷаҳон олими шинохта эътироф шуда мебошад. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди Ҷомеаи демократии Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба маърифати зан модар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонии генофонди милли, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънави ва сулҳу ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 03.12.1999 таҳти рақами 5 Фармон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа”-ро ба тасвиб расонд.

Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, стратегия, конвенсияҳо ва паймону протоколҳои иловагӣ ба онро қабул кард, ки баҳри боз ҳам боло бурдани нақши зан дар ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо хизмат мекунанд.

Дар ин ҷода баъзе аз санадҳои байналмилалӣ пурра ва баъзе дигари онҳо қисман ба ин масъла бахшида шудаанд. Аз ҷумла, Оинномаи СММ дар шакли умуммӣ ҳамчун принсипи баробарии зану мардро қайд кардааст; Эъломияи ҳуқуқи башар; Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ инчунин табъизро аз руи ҷинс санадҳои Байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, тандурустӣ, таҳсил низ нобаробарии марду зан ва табъизро нисбати занон манъ кардаанд.

Санаде, ки пурра ба ҳуқуқу озодиҳои зан бахшида шуда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ӯро дар бар гирифтааст — ин Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон мебошад, ки 18 декабри соли 1979 қабул шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба он ҳамроҳ шудааст. Ин санад нисбат ба Тоҷикистон 11 апрели соли 1997 қуваи қонунӣ пайдо кардааст.

Он ҳуқуқу озодиҳое, ки дар санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дарҷ шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардаст, Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи онҳоро кафолат медиҳад. Масалан, боби дуюми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, дар он моддаҳои алоҳидае дарҷ гардиданд, ки махсус ба кофолатҳои зан ва модар бахшида шудааст.

Тибқи моддаи 17-и Кониститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Ва дар қисми дуюми ин модда гуфта шудааст, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Тибқи моддаи 33-и Кониститутсия давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Моддаи 34-и Кониститутсия модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор додааст.

Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011-2015”, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Барномаи давлатии Самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010, Барномаи давлатии Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015, Барномаи давлатии Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016 аз қабили санадҳои миллӣ дар ин самт мебошанд.

Ҳадаф аз қабули санадҳои милли ва байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ на танҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, инчунин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд. Дар ҳамин масъала бузурге фармудааст: “Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешшоҳангӣ дошта бошанд.” Пас саволе матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд. Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон ва соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Зарур аст, ки тарбияи занони бомаърифатро дар оила, дар мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳиб маърифат шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Шуъбаҳои кор бо занон ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбут ба тарбия низ бояд маърифатнокии занонро дар дараҷаи аввал гузоранд зеро ин вазифаи ҷониашон ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир санадҳои меъёрию ҳуқуқии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул гардида, барномаҳои мушаххаси давлатӣ таҳия ва роҳандозӣ шудаанд. Ҳадаф аз қонунҳои қабулшуда ва таҳияи барномаҳо нишон додани он аст, ки масъалаи маърифатнокии занон дар ҷомеа ҳамеша дар ҷои  аввал меистад ва дар ҳамаи давру замон ин масъала дар дараҷаи аввал аст ва ҳал кардани он кафолати пешрафти ҷомеа мебошад.

Ҳамаи нуктаҳое, ки дар ин мавод пешниҳод гардид, аз талаботи рушд бахшидан ба давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа бармеояд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа муваззафанд, ки дар ин самт содиқона фаъолият кунанд.

Корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатов Ҳ.

Анонс: Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 19 июли соли 2018 соати  1100 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар бо телефонҳо ва суроғаи электронии зерин тамос гиред: 221-73-17,  

E-mail: info@ombudsman.tj

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷавонон

шабакаБо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имкониятҳои фаровони интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Дар Тоҷикистон низ шурӯъ аз солҳои аввали асри 21 интернет пайдо гардида, рушд намуд. Ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Бо дарназардошти унсур, авомил ва хатарҳои маъмулии воқеҳ ва эҳтимол ба истиқлолияти давлат, истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчун хатари муосир шинохта шудааст. Дар баробари рушд ёфтани истеҳсоли компютерҳои кисагӣ ва телефонҳои дастӣ шумораи муштариёни хизматрасониҳои интернетӣ, махсусан иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар гардид. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи интернет ба шумор меравад. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосир нуҳуфта ва ё аёнанд. Рушд накардани як фарҳанги муайян дар истифодаи интернет дар байни истифодабарандагони он, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд эҳтимолияти ин хатарҳоро бештар менамояд.

Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешавад, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дурӯғ ба қайд гирифта мешаванд. Маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба хотири манфиатҳои тиҷоратӣ ба муҳтавои суҳбатҳои гурӯҳ кам аҳамият медиҳанд ва қариб, ки онро назорат намекунанд.

Дуруст аст, ки дар аввал баъзе саҳифаву гурӯҳҳои дохилии шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади мусоидат ба забономӯзӣ, таблиғи арзишҳои фарҳангиву сайёҳӣ, муколамаҳои ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳаммиллатон ва ба ин монанд самтҳо таъсис дода мешавад, вале бо бештар гардидани аъзоёну иштирокчиёни он ҳадафҳои гурӯҳ тағйир меёбад. Аз ин имконият гурӯҳҳои манфиатҷӯ истифода намуда, идеяҳои худро таблиғ мекунанд. Маҳз дар ин марҳила шабакаҳои иҷтимоӣ хатарзо мегарданд.

Яке аз хатарҳои асосии саҳифаву гурӯҳҳои баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоиаш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои маъмулии инсонӣ ӯ аз асли худ дур мешавад. Бо пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси муносибати виртуалӣ ва ғайримаъмулӣ ба монанди шиносоиву суҳбату бозиву алоқаҳои виртуалӣ ва ғайра амал мекунад, инсон оҳиста-оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Дур шудани инсон аз асли иҷтимоиаш боиси пайдо гардидани ихтилоф дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳагӣ ва динии ӯ мегардад. Чунин инсон нисбат ба падидаву ҳодисаҳои ҷомеа бетафовут мешавад ва дар худ маҳдуд мегардад.

Хатари дигари баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар рӯзҳои мо бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ ба шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб гардида, барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ғайра осебпазир мегарданд. Бо маҳдуд гардидан ва таҳти назорат қарор гирифтани дигар роҳу усулҳои таблиғ ва ташвиқӣ идеяҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.

Гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан сурат ва наворҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мушкилсоз гардад. Дар натиҷаи чунин амалкард дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва ғайра фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал содаву одӣ менамояд бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад, мушкилсоз гардад.

Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд паҳн карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, ботину зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад.

Маводу маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи иштирокчиёни он паҳн мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба иштирокчии худ имкон медиҳанд, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи «ба ман писанд аст»-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ба дӯстонаш дар доираи гурӯҳ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристонад.

Агар дар аввал шахс ба мазмуни муҳтавои мавод шинос шуда, нисбат ба он мавқеъгирӣ кунад, бо бештар гардидани маводҳо, бо мазмуни мавод шинос нашуда, мавқеъгирӣ мекунад. Имрӯзҳо ҳолатҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ маводу маълумоти хусусияти экстремистидоштаро паҳн мекунанд ва ё ҳамон тугмаи маъмулии «ба ман писанд аст»-ро пахш менамоянд, ки ин баёнгари мавқеъгирии онҳост. Дарки иттилоот аз инсон маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва таҳаммулпазириро талаб мекунад. Одамони сатҳи маърифату ҷаҳонбинии гуногун иттилоъро ба тарзи худ мефаҳманд ва бархурд мекунанд.

Албатта атрофи масъалаҳои таҳдид ва хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон соатҳо баҳс намуд ва мақсади мо низ инкор намудани аҳамияти интернет ба инсоният нест. Фақат бо пешниҳоди тавсияҳое ба монанди таблиғи фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пурзӯр намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт, таблиғи оқибатҳои манфии истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, назорати оила, ҷомеа ва давлат дар ин самт, маҳдуд намудани имкониятҳои ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби интернет мехоҳем муносибат дар ин самт ба куллӣ тағйир дода шуда, аз дониш, тафаккур ва ақл кор гирифта шавад.

С. ҚОДИРӢ, корманди мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон    

Бознашр аз рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон, №26 аз 10.07.2018

Эълон!

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ВҲИ)

барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

  • Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 696,8 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

  • таҳсилоти олии касбӣ (ҳуқуқшиносӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҷнатӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони раиси комиссияи озмунӣ;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6;
  • шарҳи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-78, тел.: 221-46-89., www.ombudsman.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.

Семинари омӯзишии ВҲИ ҶТ барои коргузор-судяҳо

Ҳамкориҳои мақомоти ВҲИ ҶТ бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз пеш тақвият меёбанд. Дар ин раванд рӯзи 2 июли соли 2018 дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи  инсон барои солҳои 2013-2020 аз ҷониби мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳамкорӣ бо Суди Олии ҶТ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе барои 30 нафар коромӯз-судяҳо дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии ҶТ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

фото 1Семинари омӯзиширо 3 нафар тренерон, ки дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон омода шуда буданд, роҳандозӣ намуданд. Зимни баргузории семинар А. Содиқов – корманди масъули Дастгоҳи ВҲИ ҶТ оид ба рафти амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи  инсон барои солҳои 2013-2020 ва барномаҳои соҳавии он маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Сипас тренерон ба таваҷҷуҳи иштирокчиён оид ба истифодаи санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз љониби мақомоти судӣ, амалияи судие, ки дар онҳо санадҳои байналмилалӣ истифода шудааст ва номгўи комили ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Донишҳои назариявии иштирокчиёни семинар бо истифода аз роҳу усулҳои интерактивӣ ва машғулиятҳои амалӣ мустаҳкам карда шуданд.

фото 2Ба иштирокчиёни чорабинӣ адабиёти соҳавӣ, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо мусоидат мекунад, аз ҷумла Маҷмӯаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Маърӯзаи ВҲИ ҶТ барои соли 2017, Маърӯзаи ВҲК ҶТ барои соли 2017 ва ғ. дастрас карда шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни семинар фикру ақида ва пешниҳодоти худро оид ба масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Аз ҷумла онҳо қайд карданд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои судяҳо дар шакли силсиласеминарҳо ва дар муддати ду-се рӯз гузаронида шаванд. Онҳо изҳор доштанд, ки маводҳои тақсимотие, ки аз ҷониби ВҲИ ҶТ пешкаш шуданд, барои фаъолияти ҳамарӯзаашон хеле муҳим буда, идома додани чунин иқдомҳо мувофиқи мақсад мебошад.

А. Содиқов — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

Тренинги омӯзишӣ оид ба мониторинги ҳуқуқи инсон

Рӯзҳои 27-29 июни соли 2018 барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мониторинги ҳуқуқи инсон»  тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд. Тренинги мазкур бо ҷалби коршиносони миллӣ ва мусоидати Лоиҳаи Барномаи рушдаи СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти тренинг масъалаҳо вобаста ба мазмун ва моҳияти мониторинги ҳуқуқи инсон, интихоби мавзӯи мониторинг, манбаъҳои маълумот, таҳлили қонунгузорӣ, таёрӣ, гузаронидан ва истифодаи маводҳо аз натиҷаи мониторинг  омӯзонида шуданд. Инчунин дар рафти тренинг вобаста ба масъалаҳои зикршуда корҳои амалӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандон фаъолона иштирок намуданд.

Тренинги мазкур ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кормандон мусоидат намуда, донишҳои бадастоварда дар рафти мониторинги ҳуқуқи инсон, ки яке аз самтҳои фаъолияти мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад истифода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ