Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2018

Копия (2) 20180719_111339Санаи 19-уми июли соли 2018 дар Маркази матбуотии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.

Бо мақсади ҷалб намудани доираи васеи рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ пеш аз баргузории нишасти матбуотӣ оид ба сана ва макони баргузории нишасти матбуотӣ дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, аз ҷумла дар сомонаи АМИТ «Ховар», Сомонаи ВҲИ ҶТ (www.ombudsman.tj) эълон ҷой дода шуда, тариқи алоқаи телефонӣ хабардор карда шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З.Ализода, муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Каримзода, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни нишасти матбуотӣ шумораи нави «Ахбори ВҲИ», Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва варақаи иттилоотӣ бо забони давлатӣ ва русӣ омода ва дастрас карда шуд.

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Ализода меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, сипас оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи дуюми соли 2018 маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Зимни баромади худ З.Ализода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2018 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомот фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои зерин саволҳо доданд:

  • Оё кам гардидани шумораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ натиҷаи нобоварии мардум ба мақомот нест? (Саиди Ҳайдар «Фараж»);
  • Барои чӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба сокини шаҳри Ҳисор Буриев Н. мусоидат накард? (Саиди Ҳайдар «Фараж»);
  • Аз мушкилоти тавассути нақлиёти мусофиркаши заминӣ бурдани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия хабар доред ва дар ин самт чи корҳоро ба сомон расонидед? (Саиди Ҳайдар «Фараж»);
  • Оё бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони дигар давлатҳо дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкорӣ доред? (Саиди Ҳайдар «Фараж»);
  • Оё аз вазъи зиндониёни сиёсӣ дар муассисаҳои ислоҳи ҷазо хабар доред ва дар ин давра чанд вохӯрӣ бо онҳо доштед? (Искандари Фирӯз «Озодӣ»);
  • Оё пас аз пардохт намудани ҷуброни зарари иқтисодӣ ҳукми Хайрулло Мирсаидов бозбинӣ карда мешавад? (Одили Нозир «Тоҷикистон»);
  • Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ хостааст, ки Зайд Саидов озод карда шавад, дар ин масъала чӣ гуфта метавонед? (Одили Нозир «Тоҷикистон»);
  • Солҳои охир ҳукмҳои иқтисодӣ сангин шудаанд, сабабашро дар чӣ мебинед? (Искандари Фирӯз «Озодӣ»);
  • Оид ба мушкилоти хариду фурӯши кӯдакон ва оқибатҳои ҳуқуқии он маълумот медодед. Дар ин самт кадом корҳо ба сомон расонида мешавад (Шаҳлои Садриддин «Ховар»);
  • Мушкилоти худкӯшии занон ва тақдири минбаъдаи кӯдакони онҳо нигаронкунанда аст, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт чӣ кор мекунад? (Шаҳлои Абдуллоҳ «Озодӣ»);
  • Дар вақти таътили тобистона оё ноболиғон метавонанд кор кунанд? (Шаҳлои Абдуллоҳ «Озодӣ»);
  • Оё метавонем мужда диҳем, ки қонунгузории ҷиноятӣ гуманизатсия мешавад ва ҷазоҳои алтернативӣ пешниҳод карда мешаванд? (Искандари Фирӯз «Озодӣ»);
  • Аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» 5 сол пур мешавад, дар ин самт то ҳол кадом мушкилот ҷой дорад? (Нигинаи Давронзод «Садои Душанбе»).

Ба саволҳо аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо воситаҳои ахбори омма идома ва тавсеа меёбанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ
19.07.2018