Мониторинги навгониҳои қонунгузории муҳоҷирати кишварҳои қабулкунанда

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикситон барои соли 2018 мониторинги навгониҳои қонунгузории муҳоҷирати кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2018 гузаронида шуд.

Дар соли 2018 андозаи пешпардохт барои патент дар аксари минтақаҳои ФР ба тарафи зиёдшавӣ тағйир дода шуд. Масалан, андозаи пардохт барои патент дар шаҳри Москва аз 4200 рубл ба 4500 рубл, вилояти Москва аз 4000 рубл ба 4300 рубл, дар шаҳри Санкт-Петербург аз 3000 рубл ба 3500 рубл зиёд карда шуд.

Шурӯъ аз 2 феврали соли 2018 Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи кӯҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ ба роҳ монд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, имконият фароҳам оварда шуд, то дар қаламрави Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дастрас намоянд.

Аз натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 14-15 марти соли 2018 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия, Протоколи иҷроияи тартиби татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Мутобиқи Созишнома дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он мақомоти ваколатдори Тарафҳо тибқи тартиб ва шартҳои муайяншуда супоридан ва қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки дар қаламрави давлатҳои якдигар ба қонунвайронкуниҳои миллӣ оид ба масъалаҳои ворид шудан, баромада рафтан ва буду бош роҳ додаанд, ба амал мебароранд.

Дар асоси Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави давлатҳои якдигар метавонанд то 30 рӯз бе бақайдгирӣ дар ҳудуди онҳо будубош намоянд, муҳлати будубоши онҳо аз рӯзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст. Қаблан муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони кишвари мо дар ин давлат 5 рӯз ва муҳлати умумии будубош 1 моҳ муқаррар гардида буд.

Тибқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки мубодилаи иттилоотро доир ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус оид ба теъдоди шаҳрвандони Тарафҳо, ки муваққатан дар ҳудуди давлатҳои якдигар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, ба роҳ монанд.

Мувофиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати амалӣ кардани таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумот оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар ба қувваҳои коргарӣ, омодасозӣ ва сафарбарсозии муташаккилонаи шаҳрвандони Тарафҳо ҷиҳати бокортаъминсозӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.

19 марти соли 2018 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро тасдиқ намуд. Тибқи созишномаи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд бе гирифтани иҷозат ба муҳлати то 30 рӯз дар қаламрави тарафҳо буду бош намоянд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Россия ва Тоҷикистон, ки 20 апрели соли 2018 баргузор гардид, ноиби сарвазири ФР И.Шувалов хабар дод, ки Ҳукумати ФР имконияти нарм намудани қоидаҳои муҳоҷиратиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Аз ҷониби Сарвазири Тоҷикистон Қ. Расулзода пешниҳод карда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки ба ФР ба муддати то 180 рӯз дар як сол барои кор меоянд, дар давоми 30 рӯзи аввал аз бақайдгирӣ озод карда шаванд. Инчунин аз ҷониби Тоҷикистон баррасии масъалаҳои вазъи оилавии муҳоҷирон ва инчунин таъминоти нафақавии онҳо пешниҳод карда шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” ба муносибати Рӯзи якдилии меҳнаткашон муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон И. Файзиев иброз намуд, ки барои танзим кардани муносибатҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ — аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои қабулкунандаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Беларус ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расониданд. Тибқи ин тафоҳумномаҳо минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ — аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби иттифоқҳои касабаи давлати қабулкунанда ба қайд гирифта шуда, пас аз оғози фаъолияти меҳнатӣ таҳти ҳимояи онҳо қарор дода мешаванд.

Тибқи Фармони Президенти ФР В.Путин аз 12 майи соли 2018 «Дар бораи хусусиятҳои хоси истифодаи чораҳои пурзӯркунии бехатарӣ дар давраи гузаронидани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар ФР» муҳлати аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ дар давоми ду моҳ — аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород, Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараи Федератсияи Россия 3 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шуд.

27 июни соли 2018 аз ҷониби Президенти ФР В.Путин Қонуни Федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд дар ФР» ба имзо расонида шуд. Тибқи тағйиру иловаҳои мазкур мафҳуми «баҳисобгирии муҳоҷиратӣ дар ҷойи буду бош», «ҷойи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ», «тарафи қабулкунанда», инчунин асосҳо барои ба ҳисоб гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ тавзеҳ дода шуданд. Тибқи қонуни мазкур минбаъд корфармоёни шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд муҳоҷирони меҳнатиро дар ҷойи буду бош дар суроғаи ташкилоти худ ба қайди муҳоҷиратӣ монанд, агар шаҳрвандони хориҷӣ воқеан дар ин суроға зиндагӣ накунанд.

Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи вазъи Ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР» муҳлати буду боши донишҷӯёни хориҷӣ дар ФР то тамом намудани таҳсили онҳо дароз карда шуд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатиии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикситон
М.Ашӯров