Варақаи иттилоотӣ оид ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар нимсолаи якуми соли 2018

Фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ

Айни замон дар ҷумҳурӣ 3 Намояндагӣ ва 5 Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 9 нафар мутахассисон кор мекунанд.

Ба намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ асосан доир ба ҳуқуқ ба манзил (35 адад), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент, нафақа, кӯмакпулӣ)(140 адад), ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ (40 адад), ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ (40 адад) ва амсоли инҳо муроҷиат кардаанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ 127 (с.2017 – 169) машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо зиёда аз 4100 нафар иштирок намуданд.

Баргузории конференсия, семинару мизҳои мудаввар ва иштирок дар онҳо

Дар нимсолаи аввали соли 2018 бо ибтикори мақомоти ВҲИ ва дар ҳамшарикӣ бо дигарон 25 (с.2017 — 18) мизи мудаввар гузаронида шуда, иштироки кормандони ВҲИ дар 140 (с.2017 — 100) чорабиниҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъмин карда шуд.

Иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Дар ин давра аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии ВҲИ 90 (с.2017 — 90)  ва аз ҷониби намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ВҲИ 57 (с.2017 — 24), ҷамъ 147 (с.2017 — 114) баромад дар воситаҳои ахбори омма таъмин карда шудааст.

Соли 2018 Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2017 таҳия, ба мақомоти давлатии дар қонун пешбинигардида ирсол, бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва бо теъдоди 600 нусха чоп карда шуд.

Ҳамчунин бо мусоидат ҲЕЛВЕТАС Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо теъдоди 200 нусха нашр карда шуд.

Таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ВҲИ

Ҳамкории ВҲИ бо мақомоти давлатии ҶТ, шарикони хориҷӣ Ваколатдорони ҳуқуқи инсони ФР ва Қазоқистон; Ваколатдорони Москва, Санкт-Петербург, Тотористон, Свердловск; Омбудсменҳои Полша, Финляндия, Норвегия, Қирғизистон, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ Барномаи Рушди СММ, ЮНИСЕФ, Созмони байналмилалии муҳоҷират, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, “ҲЕЛВЕТАС” ва дигарон идома дода шуд.

Дар доираи ҳамкории мақомоти ВҲИ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 17 нафар донишҷӯёни соли 5-уми таҳсили ихтисоси ҳуқуқи инсони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дар мақомот аз таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ гузаштанд.

Ҳамчунин аз 25 июни соли ҷорӣ донишҷӯёни курси 4 ихтисоси ҳуқуқшиносии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ барои гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба мақомот омаданд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар нимсолаи якуми соли 2018 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1691 (с.2017 — 2262)  муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 441 (с.2017 — 429) адад хаттӣ ва 1250 (с.2017 – 1833)  адад шифоҳӣ мебошанд.

Дар Дастгоҳи марказии ВҲИ 227 адад (с.2017 — 273 адад), ки аз онҳо 112 ададаш хаттӣ (с.2017 — 130) ва 115 (с.2017 — 143) адади дигараш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд.

Дар намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ 1464 адад (с.2017 — 1989 адад) муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ 329 адад (с.2017 — 299 адад) ва муроҷиатҳои шифоҳӣ 1135 адад (с.2017 — 1690 адад)-ро ташкил медиҳанд.

Аз муроҷиатҳои дар Дастгоҳи марказии ВҲИ баррасишуда 23 адад (18 муроҷиати хаттӣ ва 5 муроҷиати шифоҳӣ) ё 10,1% (с.2017 — 37 адад) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусбат ҳал гардидаанд.

Таснифи муроҷиатҳо

Аз 112 адад муроҷиатҳои хаттӣ, ки ба Дастгоҳи ВҲИ ворид гардидаанд, бештар ба масъалаҳои зерин мансубанд:

  • ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ – 17 адад (с.2017 — 22) (норозигӣ нисбати санадҳои судӣ; кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо; мусоидат барои баррасии одилонаи парванда ва ғайра.)
  • ҳуқуқ ба манзил – 6 адад (с.2017 — 17) (оид ба масъалаи маскун намудан ба манзил; ҷудо намудани ҳисса аз манзили истиқоматӣ; бартараф кардани монеа дар истифодаи манзил; азонихуд кардани манзили истиқоматӣ аз ҷониби шахси дигар бо роҳи қаллобию сохтакорӣ; аъзои оилаи молик эътироф намудан; бекор кардани шартномаи хариду фуруши манзили истиқоматӣ ва ғайра.) 
  • ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 11 адад (с.2017 — 16) (шикоят аз қарор ё амали (бемалии) шахси мансабдор; норозигӣ нисбати тафтишот; нисбат ба эҳтимолияти истифодаи шиканҷа; муайян набудани ҷойи нигоҳдорӣ ва ғайра.) 
  • ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент) – 4 адад (с.2017 — 10) (муқаррар кардани алимент, саркашӣ аз пардохти алимент, иҷро нагардидани ҳалномаҳои судӣ дар ин самт, муайян набудани суроғаи ҷавобгар ва ғ.).

Дар муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон бештар нисбат ба қарор ё амал (беамалии) субъектони зерин шикоят карда шудааст: нисбат ба мақомоти судӣ – 26 адад; нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ – 10 адад; нисбат ба мақомоти покуратура – 5 адад; нисбат ба шахси ҳуқуқӣ – 2 адад.

 Муроҷиатҳои шифоҳӣ (115) бештар ба ҳуқуқу озодиҳои зерини инсон ва шаҳрванд тааллуқ доранд: ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ – 10 адад; ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 5 адад; ҳуқуқ ба манзил – 13 адад; ҳуқуқ ба муроҷиат – 13 адад; ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ – 7 адад.

Такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳияи гузоришҳо ва иштирок дар гурӯҳҳои корӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2018 ба 35 (с.2017 — 39 адад) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод шудааст.

Кормандони ВҲИ оид ба самтҳои фаъолияти мақомот 95 адад (с.2017 — 65 адад) гузориш, маълумот ва ахбор таҳия ва пешниҳод намудаанд.

Дар кори 16 гурӯҳҳои корӣ (с.2017 — 20) оид ба самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон иштироки кормандон таъмин карда шудааст.

Таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон ва санҷишу мониторингҳо

Дар нимсолаи якуми соли 2018 тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, Нақшаи кори гуруҳи мониторингӣ ва супориши ВҲИ 26 (с.2017 — 24) санҷишу мониторинг ва боздидҳо гузаронида шуд.

Санҷишу мониторингҳо дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; тавқифгоҳҳои тафтишотӣ; тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ; қисмҳои ҳарбӣ; хонаҳои маъюбон ва пиронсолон; мактаб-интернатҳо; мактаб-парастишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ғайраҳо гузаронида шудаанд.

Ҳамчунин кормандони мақомоти ВҲИ дар 7 (с.2017 — 7) мурофиаҳои судӣ иштирок намудаанд.