Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: тарзи нодурусти фарзандхондӣ ба ҷиноят мебарад

Таъмини бехатарии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷониба ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати кишвар ба шумор рафта, барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор ӯҳдадориҳо гузошта шуда, давлату Ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим тамоми тадбирҳоро меандешанд.

Ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила яке аз ҳуқуқҳои муҳими ӯ буда, ташаккули мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакро дар муҳити оила тақозо менамояд. Ва ҳар як фарзанд барои инкишофи дурусту муносиб ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзманд аст. Ҳар як амали номуносиби падару модар метавонад боиси халалёбии рафтори фарзанд гардад.

Яке аз шаклҳои афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастор ва аз  падару модар ятиммонда фарзандхондӣ мебошад. Он ба манфиати кӯдак ва бодарназардошти имконияти пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода шуда, тартиби онро қонун муқарар намудааст. Ҳоло бошад мушкиле, ки миёни ҷомеаи мо ба миён омадааст, ин тарзи нодурусти ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакон ва ба расмият надаровардани ин раванд аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ки ин кирдор дар бештари ҳолатҳо чун хариду фурӯши кӯдакон шинохта мешавад.

Сари ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки «хариду фурӯши кӯдакон дар мо вуҷуд дошта, яке аз сабабҳои асосии он нодуруст ба роҳ мондани раванди писархондӣ ва духтархондии фарзандон мебошад.

Чанд ҳодисае ба қайд гирифта шудаанд, ки ин равандро ба таври нодуруст ба расмият медароранду дар натиҷа ин омил ба вуҷуд меояд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе нафарон баъди таваллуди фарзанд ба миқдори муайяни маблағ тифлони худро мефурӯшанд. Барои пешгирии ин амалҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ки дар маҳаллаҳо кор мебаранд, пайваста тадбир меандешанд»,-афзуд ӯ.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Прокуратураи генералӣ, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар соли сипаригардида оид ба хариду фурӯши ноболиғон нисбат ба 30 нафар 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба суд ирсол карда шудааст. Ва парвандаҳое, ки ба хариду фурӯш дахл доранд, асосан ба кӯдакони навзод вобаста аст.

Ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Машрабзода, дар аксар ҳолатҳо хариду фурӯши ноболиғон, асосан кӯдакони навзод аз тарафи шахсони бефарзанд ва падару модароне (асосан модарони танҳо), ки имконияти таъмин ва тарбияи фарзандони худро надоранд, содир шудаанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбат, шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро доранд, бо ариза ба мақомоти васояти парасторӣ муроҷиат мекунанд. Мақомоти васояти парасторӣ онҳоро ба рӯйхати махсус дохил менамоянд. Чунин рӯйхатҳо танҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан тартиб дода мешаванд, зеро хонаҳои кӯдакон дар ҳамин шаҳрҳо ҷойгиранд. Баъзан шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдаконро доранд, маҷбур мешаванд ба шаҳри Душанбе оянд ва ин ҳолат барои онҳо каме мушкилӣ эҷод мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли сипаригардида ба хонаҳои кӯдакони зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 нафар кӯдаконе, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, ворид гардидаанд. Аз ин шумора 33 нафари онро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки аз таваллудхонаҳо ворид шуданд.

«Баъзе хонаводаҳое ҳастанд, ки бо амри тақдир фарзанддор намешаванд ва онҳо фарзандони бародар ва ё хоҳар ё ягон хешованди худро мегиранд ва ин амалро ба расмият намедароранд. Фарзандро бо розигии якдигар берасмикунонӣ ба оилае, ки фарзанд надорад медиҳанд. Дар натиҷа бо мурури замон мешавад ҳолатҳое, ки пас аз чанд сол байни хонаводаҳо нофаҳмӣ ба миён омада, тарафи муқобил фарзанди худро талаб мекунад, ки ба ҳолати равониву инкишофи  кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.

Чанде пеш бо ин масъала нафаре аз вилояти Хатлон барои кумак намудан ба мо муроҷиат намуда буд. Ӯ кӯдакро аз як шахси наздики худ бе ягон расмикунонӣ гирифта, калон мекунад. Баъди 8 сол ва сар задани нофаҳмие миёни онҳо ин нафар талаб дорад, то фарзандашро ба ӯ баргардонад.

Дар ин  гуна ҳолатҳо хуб мешуд, ки шаҳрвандон пеш аз он ки фарзандеро ба фарзандхондӣ гирифтан хоҳанд, новобаста аз он ки фарзанди бародар ё хоҳар ҳам бошад, мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба расмият дароранд. Дар ин ҳолат минбаъд мушкилӣ сар намезанад ва волидону кӯдакон саргардон намешаванд»,-зикр намуд Азим Машрабзода.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, баъзан аз рӯйи гумроҳӣ ва ё шароит надоштанашон аз ҷониби модарони танҳо хариду фурӯши кӯдак бо маблағи ночиз ва ё бар замми анҷоми коре сурат мегирад. Дар ин сурат мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амал чун иваз кардани кӯдак ба мақсади фурӯш шуморида шуда, ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад.

Аз рӯи оморҳое, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод намудааст, 950 нафар барои ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакон номнавис шудаанд, ки ин танҳо шумораи нафаронест, ки аз шаҳри Душанбе то минтақаи Бохтар дархост кардаанд. «Шахсоне, ки мехоҳанд аз хешовандони наздики худ кӯдакеро ба фарзандхондӣ гиранд, бояд онро бевосита ба расмият дароранд, то худашон ва кӯдаконро дучори мушкилҳо нагардонанд.»,-зикр намуд Азим Машрабзода.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
 20.08.2018 АМИТ «Ховар» 

Дастрасии маъюбон ба хизмати давлатӣ

госслужба для всехТибқи стандартҳои байналмилалӣ маъюбон ба мисли дигар шаҳрвандон ба дастгирӣ, ҳифз, таъмин ва истифодаи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, инчунин ба эҳтироми шаъну шарафи ба онҳо хос ҳуқуқ доранд.
Банди с) моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъиз ва маҳдудиятҳои беасос дар кишвари худ дар асосҳои умумии баробар ба хизмати давлатӣ роҳ дода шавад.
Моддаи 27 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон давлатҳои иштирокчиро вазифадор менамояд, ки ҳуқуқи маъюбонро дар қатори дигарон ба меҳнат эътироф намуда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ барои ба кор қабул намудани маъюбон дар бахши давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар банди 23 Хулосаи умумии №25- Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон омадааст, ки “барои дар асоси шароити баробарии умумӣ таъмин намудани дастрасӣ ба хизмати давлатӣ меёрҳо ва расмиёте, ки ҳангоми таъин ба мансаб, болоравӣ дар мансаб, муваққатӣ ё ба пуррагӣ дур кардан аз мансаб истифода мешаванд, бояд объективӣ ва асоснок бошанд. Дар баъзе мавридҳо барои таъмини дастрасии баробари ҳамаи шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ мумкин аст чораҳои таъсирбахш зарур шаванд”. Мувофиқи қоидаи 5 Қоидаҳои стандартии таъмини имконияти баробар барои маъюбон давлатҳоро зарур аст, ки муҳимияти таъмини дастрасиро дар раванди ташаккули имкониятҳои баробар барои маъюбон дар тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа эътироф намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” барои дохил шудани маъюбон ба хизмати давлатӣ ва дар хизмати давлатӣ будани онҳо ягон маҳдудият пешбинӣ накардааст. Аммо ин ҳуқуқи маъюбон тибқи моддаи 16 Қонуни мазкур ҳангоми мавҷуд будани беморӣ, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад, маҳдуд карда мешавад. Номгӯи бемориҳое, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мешаванд, бо Фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2012 №117 ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2012 №476 “а” тасдиқ карда шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 25 декабри соли 2017 дар хизмати давлатӣ 12 нафар маъюб ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 4 (зан-1) нафар маъюби гуруҳи 2 ва 8 (зан-3) нафар маъюби гуруҳи 3 мебошанд. Маълумоти мазкур далели он аст, ки шумораи маъюбон дар хизмати давлатӣ хеле кам аст.
Дар ин робита Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърӯзаи худ барои соли 2017 тавсия пешниҳод намудааст, ки барои дохил шудани маъюбон ба хизмати давлатӣ дар сатҳи қонунгузорӣ квота ва имтиёзҳо муқаррар карда шавад.

М. Ашӯров — Сардори шуъбаи
ҳифзидавлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ВҲИ ҶТ

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Санадҳои байналмилалӣ ва милли дар самти ҳуқуқи маъюбон, баробарии гендерӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила»

20180817_09261017 августи соли 2018 тибқи Нақшаи кори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мизи мудаввар бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, муассисаҳои иҷтимоӣ, нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигарон  дар мавзӯи «Санадҳои байналмилалӣ ва милли дар самти ҳуқуқи маъюбон, баробарии гендерӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила» гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар аз ҷониби муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисоди иҷтимои ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон- Бобохонов С.С. дар бораи баимзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 22 марти соли 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,  санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, санадҳои миллии дар самти ҳуқуқи маъюбон қабулшуда ва дар бораи қонунгузории милли оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила  ва сармутахассиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Давлатов Ҳ.Ҳ. дар масъалаи баробарии гендери маърӯза карданд.

Аз ҷониби иштирокчиён саволҳо дар бораи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон, масъалаи манзил, расонидани кумак ба маъюбон, нафақаи маъюбон, имтиёзҳо барои маъюбон, оид ба ҳуқуқҳои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ҷавобгарӣ барои зӯроварӣ дар оила ва дигарҳо пешниҳод гардид.

Иштирокчиён пешниҳод карданд, ки чунин мизҳои мудаввар бештар гузаронида шаванд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»

48837584-vector-handprint-with-inscription-stop-terrorismИмрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Нақшаи машғулиятҳои идоравии кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»   дар мавзӯи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон, Зариф Ализода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Зариф Ализода ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, зарурати қабул намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро шарҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки «таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи кишварамон зарурати таҳия ва қабули Стратегияи мазкурро ба вуҷуд овард».

Сипас Ҳусниддин Нидоев — муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ вобаста  ба Стратегияи мазкур маърӯза намуда, мақсадҳои Стратегия, огоҳонии аҳолӣ хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва ноболиғону ҷавонон аз экстремизм ва тундгароӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ ва тундгароӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, механизм ва марҳилаҳои амалишавии Стратегияро шарҳ дод.

Дар қисмати муҳокимаи маърӯза иштирокчиёни мизи мудаввар нақши Стратегияро дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва таъмини амният ва суботи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ
14.08.2018

Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян

ТрудТибқи қисми 5 моддаи 25 Кодекси меҳнат шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад. Чунин муқаррарот дар Тавсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) №166 «Дар бораи бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо» низ пешбинӣ шудааст.

Санадҳои мазкур истифодаи шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайянро бо сабабе, ки онҳо дар маҷмуъ ҳуқуқи кормандонро маҳдуд менамоянд, қобили қабул намешуморанд. Чунки корфармо баъди гузаштани муҳлати шартнома ҳуқуқ дорад онро яктарафа бо ташаббуси худ бекор намояд.

Ҳамин тариқ, ҳам Кодекси меҳнат ва ҳам стандартҳои байналмилалӣ имконияти бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайянро ба тариқи истисно пешбинӣ намуда, дар як вақт дар ҳолатҳои муайян бастани онро маҳдуд менамоянд. Чунин намуди шартнома танҳо дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар имконияти муқаррар намудани муносибатҳои меҳнатӣ бо асосҳои доимӣ мавҷуд набошад, яъне нишондиҳандаи асосии бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян ин имконнопазирии муқаррар намудани муносибатҳои меҳнатии доимӣ ба шумор меравад. Уҳдадории тасдиқ намудани имконнопазирии бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати номуайян ба зиммаи корфармо гузошта мешавад.

Мутаассифона дар амал ҳолатҳои бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян зиёд шудаанд, ки ба меъёри санадҳои зикргардида мутобиқат намекунанд ва ҳуқуқи кормандро халалдор менамоянд.

Кодекси меҳнати Тоҷикистон номгӯи ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ накардааст, ки ин сабаби пайдо шудани баҳсу гуногунфаҳмиҳо мегардад. Қонунгузории меҳнатии баъзе кишварҳо номгӯи ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ намудаанд. Масалан, Кодекси меҳнати Федератсияи Россия номгӯи зерини ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ намудааст:
— барои ичрои корҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, садамаҳо, эпидемияҳо, инчунин барои аз байн бурдани оқибати ҳолатҳои фавқуллодаи зикргардида ва дигар ҳолатҳо;
— бо шахсоне, ки ба хориҷи кишвар барои кор фиристонида мешаванд;
— бо шахсоне, ки барои иҷрои кори муайян қабул карда мешаванд дар ҳолате, ки иҷрои (баохиррасии) он бо санаи мушаххас муайян карда намешавад;
— бо шахсоне, ки дар ташкилотҳое ба кор қабул карда мешаванд, ки онҳо ба вақти муайян ё иҷрои кори муайян таъсис дода шудаанд;
— бо шахсоне, ки дар шакли рӯзонаи муассисаҳои таҳсилотӣ таҳсил мекунанд;
— бо шахсоне, ки дар ташкилоти мазкур дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд;
— бо нафақагирон аз рӯи синну сол, инчунин бо шахсоне, ки тибқи хулосаи тиббӣ вобаста ба вазъи саломатӣ кор кардан дар корҳои муваққатӣ иҷозат дода шудааст ва дигарҳо.

Аз ин рӯ бо мақсади роҳ надодан ба вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои кормандон пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаи 25 Кодекси меҳнат номгӯи ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ карда шаванд.

М. Ашӯров,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ