Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян

ТрудТибқи қисми 5 моддаи 25 Кодекси меҳнат шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад. Чунин муқаррарот дар Тавсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) №166 «Дар бораи бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо» низ пешбинӣ шудааст.

Санадҳои мазкур истифодаи шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайянро бо сабабе, ки онҳо дар маҷмуъ ҳуқуқи кормандонро маҳдуд менамоянд, қобили қабул намешуморанд. Чунки корфармо баъди гузаштани муҳлати шартнома ҳуқуқ дорад онро яктарафа бо ташаббуси худ бекор намояд.

Ҳамин тариқ, ҳам Кодекси меҳнат ва ҳам стандартҳои байналмилалӣ имконияти бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайянро ба тариқи истисно пешбинӣ намуда, дар як вақт дар ҳолатҳои муайян бастани онро маҳдуд менамоянд. Чунин намуди шартнома танҳо дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар имконияти муқаррар намудани муносибатҳои меҳнатӣ бо асосҳои доимӣ мавҷуд набошад, яъне нишондиҳандаи асосии бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян ин имконнопазирии муқаррар намудани муносибатҳои меҳнатии доимӣ ба шумор меравад. Уҳдадории тасдиқ намудани имконнопазирии бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати номуайян ба зиммаи корфармо гузошта мешавад.

Мутаассифона дар амал ҳолатҳои бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян зиёд шудаанд, ки ба меъёри санадҳои зикргардида мутобиқат намекунанд ва ҳуқуқи кормандро халалдор менамоянд.

Кодекси меҳнати Тоҷикистон номгӯи ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ накардааст, ки ин сабаби пайдо шудани баҳсу гуногунфаҳмиҳо мегардад. Қонунгузории меҳнатии баъзе кишварҳо номгӯи ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ намудаанд. Масалан, Кодекси меҳнати Федератсияи Россия номгӯи зерини ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ намудааст:
— барои ичрои корҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, садамаҳо, эпидемияҳо, инчунин барои аз байн бурдани оқибати ҳолатҳои фавқуллодаи зикргардида ва дигар ҳолатҳо;
— бо шахсоне, ки ба хориҷи кишвар барои кор фиристонида мешаванд;
— бо шахсоне, ки барои иҷрои кори муайян қабул карда мешаванд дар ҳолате, ки иҷрои (баохиррасии) он бо санаи мушаххас муайян карда намешавад;
— бо шахсоне, ки дар ташкилотҳое ба кор қабул карда мешаванд, ки онҳо ба вақти муайян ё иҷрои кори муайян таъсис дода шудаанд;
— бо шахсоне, ки дар шакли рӯзонаи муассисаҳои таҳсилотӣ таҳсил мекунанд;
— бо шахсоне, ки дар ташкилоти мазкур дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд;
— бо нафақагирон аз рӯи синну сол, инчунин бо шахсоне, ки тибқи хулосаи тиббӣ вобаста ба вазъи саломатӣ кор кардан дар корҳои муваққатӣ иҷозат дода шудааст ва дигарҳо.

Аз ин рӯ бо мақсади роҳ надодан ба вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои кормандон пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаи 25 Кодекси меҳнат номгӯи ҳолатҳо ва корҳое, ки барои иҷрои онҳо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, пешбинӣ карда шаванд.

М. Ашӯров,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ