Дастрасии маъюбон ба хизмати давлатӣ

госслужба для всехТибқи стандартҳои байналмилалӣ маъюбон ба мисли дигар шаҳрвандон ба дастгирӣ, ҳифз, таъмин ва истифодаи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, инчунин ба эҳтироми шаъну шарафи ба онҳо хос ҳуқуқ доранд.
Банди с) моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъиз ва маҳдудиятҳои беасос дар кишвари худ дар асосҳои умумии баробар ба хизмати давлатӣ роҳ дода шавад.
Моддаи 27 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон давлатҳои иштирокчиро вазифадор менамояд, ки ҳуқуқи маъюбонро дар қатори дигарон ба меҳнат эътироф намуда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ барои ба кор қабул намудани маъюбон дар бахши давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар банди 23 Хулосаи умумии №25- Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон омадааст, ки “барои дар асоси шароити баробарии умумӣ таъмин намудани дастрасӣ ба хизмати давлатӣ меёрҳо ва расмиёте, ки ҳангоми таъин ба мансаб, болоравӣ дар мансаб, муваққатӣ ё ба пуррагӣ дур кардан аз мансаб истифода мешаванд, бояд объективӣ ва асоснок бошанд. Дар баъзе мавридҳо барои таъмини дастрасии баробари ҳамаи шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ мумкин аст чораҳои таъсирбахш зарур шаванд”. Мувофиқи қоидаи 5 Қоидаҳои стандартии таъмини имконияти баробар барои маъюбон давлатҳоро зарур аст, ки муҳимияти таъмини дастрасиро дар раванди ташаккули имкониятҳои баробар барои маъюбон дар тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа эътироф намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” барои дохил шудани маъюбон ба хизмати давлатӣ ва дар хизмати давлатӣ будани онҳо ягон маҳдудият пешбинӣ накардааст. Аммо ин ҳуқуқи маъюбон тибқи моддаи 16 Қонуни мазкур ҳангоми мавҷуд будани беморӣ, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад, маҳдуд карда мешавад. Номгӯи бемориҳое, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мешаванд, бо Фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2012 №117 ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2012 №476 “а” тасдиқ карда шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 25 декабри соли 2017 дар хизмати давлатӣ 12 нафар маъюб ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 4 (зан-1) нафар маъюби гуруҳи 2 ва 8 (зан-3) нафар маъюби гуруҳи 3 мебошанд. Маълумоти мазкур далели он аст, ки шумораи маъюбон дар хизмати давлатӣ хеле кам аст.
Дар ин робита Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърӯзаи худ барои соли 2017 тавсия пешниҳод намудааст, ки барои дохил шудани маъюбон ба хизмати давлатӣ дар сатҳи қонунгузорӣ квота ва имтиёзҳо муқаррар карда шавад.

М. Ашӯров — Сардори шуъбаи
ҳифзидавлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ВҲИ ҶТ