Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: тарзи нодурусти фарзандхондӣ ба ҷиноят мебарад

Таъмини бехатарии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷониба ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати кишвар ба шумор рафта, барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор ӯҳдадориҳо гузошта шуда, давлату Ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим тамоми тадбирҳоро меандешанд.

Ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила яке аз ҳуқуқҳои муҳими ӯ буда, ташаккули мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакро дар муҳити оила тақозо менамояд. Ва ҳар як фарзанд барои инкишофи дурусту муносиб ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзманд аст. Ҳар як амали номуносиби падару модар метавонад боиси халалёбии рафтори фарзанд гардад.

Яке аз шаклҳои афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастор ва аз  падару модар ятиммонда фарзандхондӣ мебошад. Он ба манфиати кӯдак ва бодарназардошти имконияти пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода шуда, тартиби онро қонун муқарар намудааст. Ҳоло бошад мушкиле, ки миёни ҷомеаи мо ба миён омадааст, ин тарзи нодурусти ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакон ва ба расмият надаровардани ин раванд аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ки ин кирдор дар бештари ҳолатҳо чун хариду фурӯши кӯдакон шинохта мешавад.

Сари ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки «хариду фурӯши кӯдакон дар мо вуҷуд дошта, яке аз сабабҳои асосии он нодуруст ба роҳ мондани раванди писархондӣ ва духтархондии фарзандон мебошад.

Чанд ҳодисае ба қайд гирифта шудаанд, ки ин равандро ба таври нодуруст ба расмият медароранду дар натиҷа ин омил ба вуҷуд меояд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе нафарон баъди таваллуди фарзанд ба миқдори муайяни маблағ тифлони худро мефурӯшанд. Барои пешгирии ин амалҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ки дар маҳаллаҳо кор мебаранд, пайваста тадбир меандешанд»,-афзуд ӯ.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Прокуратураи генералӣ, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар соли сипаригардида оид ба хариду фурӯши ноболиғон нисбат ба 30 нафар 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба суд ирсол карда шудааст. Ва парвандаҳое, ки ба хариду фурӯш дахл доранд, асосан ба кӯдакони навзод вобаста аст.

Ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Машрабзода, дар аксар ҳолатҳо хариду фурӯши ноболиғон, асосан кӯдакони навзод аз тарафи шахсони бефарзанд ва падару модароне (асосан модарони танҳо), ки имконияти таъмин ва тарбияи фарзандони худро надоранд, содир шудаанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбат, шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро доранд, бо ариза ба мақомоти васояти парасторӣ муроҷиат мекунанд. Мақомоти васояти парасторӣ онҳоро ба рӯйхати махсус дохил менамоянд. Чунин рӯйхатҳо танҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан тартиб дода мешаванд, зеро хонаҳои кӯдакон дар ҳамин шаҳрҳо ҷойгиранд. Баъзан шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдаконро доранд, маҷбур мешаванд ба шаҳри Душанбе оянд ва ин ҳолат барои онҳо каме мушкилӣ эҷод мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли сипаригардида ба хонаҳои кӯдакони зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 нафар кӯдаконе, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, ворид гардидаанд. Аз ин шумора 33 нафари онро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки аз таваллудхонаҳо ворид шуданд.

«Баъзе хонаводаҳое ҳастанд, ки бо амри тақдир фарзанддор намешаванд ва онҳо фарзандони бародар ва ё хоҳар ё ягон хешованди худро мегиранд ва ин амалро ба расмият намедароранд. Фарзандро бо розигии якдигар берасмикунонӣ ба оилае, ки фарзанд надорад медиҳанд. Дар натиҷа бо мурури замон мешавад ҳолатҳое, ки пас аз чанд сол байни хонаводаҳо нофаҳмӣ ба миён омада, тарафи муқобил фарзанди худро талаб мекунад, ки ба ҳолати равониву инкишофи  кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.

Чанде пеш бо ин масъала нафаре аз вилояти Хатлон барои кумак намудан ба мо муроҷиат намуда буд. Ӯ кӯдакро аз як шахси наздики худ бе ягон расмикунонӣ гирифта, калон мекунад. Баъди 8 сол ва сар задани нофаҳмие миёни онҳо ин нафар талаб дорад, то фарзандашро ба ӯ баргардонад.

Дар ин  гуна ҳолатҳо хуб мешуд, ки шаҳрвандон пеш аз он ки фарзандеро ба фарзандхондӣ гирифтан хоҳанд, новобаста аз он ки фарзанди бародар ё хоҳар ҳам бошад, мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба расмият дароранд. Дар ин ҳолат минбаъд мушкилӣ сар намезанад ва волидону кӯдакон саргардон намешаванд»,-зикр намуд Азим Машрабзода.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, баъзан аз рӯйи гумроҳӣ ва ё шароит надоштанашон аз ҷониби модарони танҳо хариду фурӯши кӯдак бо маблағи ночиз ва ё бар замми анҷоми коре сурат мегирад. Дар ин сурат мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амал чун иваз кардани кӯдак ба мақсади фурӯш шуморида шуда, ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад.

Аз рӯи оморҳое, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод намудааст, 950 нафар барои ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакон номнавис шудаанд, ки ин танҳо шумораи нафаронест, ки аз шаҳри Душанбе то минтақаи Бохтар дархост кардаанд. «Шахсоне, ки мехоҳанд аз хешовандони наздики худ кӯдакеро ба фарзандхондӣ гиранд, бояд онро бевосита ба расмият дароранд, то худашон ва кӯдаконро дучори мушкилҳо нагардонанд.»,-зикр намуд Азим Машрабзода.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
 20.08.2018 АМИТ «Ховар»