Оқибатҳои риоя накардани Қоидаи «90 рӯза»-и будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

мигрантМоддаи 5 Қонуни федералӣ № 115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» муқаррар намудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия (ФР) бе гирифтани раводид (виза) ворид мешаванд, дар як давра аз навад шабонарӯз зиёд буда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин муҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур дароз карда нашуда бошад.

Муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ дар ФР (90 рӯза) ҳангоми аз ҷониби ӯ гирифтани иҷозати кор (патент), дароз намудани муҳлати патент ё аз нав ба расмият даровардани патент дароз карда мешавад. Дар сурати дароз карда нашудани муҳлати амали патент ё бекор карда шудани патент, шаҳрванди хориҷии мазкур вазифадор аст аз ҳудуди ФР берун барояд.

Мутаассифона бар хилофи талаботи ин меъёри қонун дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тамоюли зерини ворид шудан ба ҳудуди ФР ва баромадан аз он ба назар мерасанд:

-воридшавӣ ва дар муҳлати 3 моҳ муроҷиат накардан барои гирифтани патент;

-баъди гузаштани муҳлати 3 моҳа баромадан аз ҳудуди ФР.

Дар ҳолатҳои зикргардида қоидаҳои убуркунии сарҳади давлатии ФР вайрон карда мешавад.

Аз мазмуни моддаи 5 Қонуни мазкур бармеояд, ки шаҳрванди хориҷии ба ФР воридшуда, ки фаъолияти меҳнатиашро дар давоми 3 моҳ қонунӣ накардааст, бояд онро тарк намуда, дар муддати 3 моҳ набояд ба ҳудуди он ворид шавад. Дар акси ҳол будубоши ӯ дар ФР ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, нисбати ӯ чораи ҷазои манъи воридшавӣ бо муҳлатҳои зерин татбиқ шуданаш мумкин аст:

-ҳангоми будубоши ғайриқонунии  то 170 шабонарӯз ба муҳлати то 3 сол манъи воридшавӣ;

-ҳангоми будубоши ғайриқонунии  аз 170 то 270 шабонарӯз ба муҳлати то 5 сол манъи воридшавӣ;

-ҳангоми будубоши ғайриқонунии  зиёда аз 270 шабонарӯз ба муҳлати 10 сол манъи воридшавӣ.

Аз ин рӯ муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатман бояд қоидаи «90 рӯза»-ро риоя намуда, баъди воридшавӣ ба ҳудуди ФР аз қайди муҳоҷиратӣ гузаранд ва будубоши худро бо гирифтани патент қонунӣ намоянд. Дар акси ҳол вазифадоранд баъди 90 рӯз ҳудуди Федератсияи Россияро тарк намуда, баъди гузаштани 3 моҳи тарк кардани ҳудуди ФР  бо корти муҳоҷиратии нав боз ба ФР ворид шаванд.

М. Ашӯров,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон