БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

Точикобод-1Дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тасдиқ шудааст ва дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 рӯзи 14 сентябри соли 2018 дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввари мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони МИҲД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазифаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) дар самти мазкур, инчунин муаррифии фаъолияти Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар ноҳияи Рашт дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ (сохторҳои МИҲД, суд, прокуратура, РВКД, ШВКД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғ.), иштирок ва баромад намуданд.

Тибқи барнома бо суханони ифтитоҳӣ Раиси ноҳия – Нодираи Маҳмадисо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ – Ҳабибулозода Раҷабмо ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Азиз Солиев – ҳамоҳангсози лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» баромад намуда, оид ба мақсаду мазмун, муҳимият ва мубрамияти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъкид карданд.

Сипас аз рӯи барнома Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ – Ҳабибулозода Раҷабмо дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба таъсисёбӣ, ваколат ва салоҳияти ВҲК, Стратегияи фаъолият, санҷишу мониторингҳо ва пешрафту мушкилоти ҷойдошта дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ,  фаъолияти Ваколатдор дар соли 2017 ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ҳамчунин дар бораи нақши комиссияҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ва зарурати ҷоннок намудани кори онҳо қайд карда шуд.

Точикобод-2А. Солиев – ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020, вазифаи шахсони тамос – масъулони иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар МИҲД ва дигар масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, тартиби пешниҳод намудани гузориш ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон баромад намуд.

Роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Рашт Абдуллоев С. низ баромад намуда, вобаста ба таҷрибаи фаъолитяти Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Рашт дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, гузаронидани медиатсия, пешравиҳо ва мушкилотҳо дар ин самт қайд ва якчанд мисолҳои мушаххас, аз ҷумла вобаста ба муроҷиатҳои аз ноҳияи Тоҷикобод ба ҚҶ ВҲИ воридшуда ба самъи ҳозирин пешниҳод намуд.

Аз ҷумла, зимни баромади худ Роҳбари ҚҶ қайд намуд, ки гарчанде дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия» қабул нашуда бошад ҳам ВҲИ, ВҲК, Намояндагиҳо ва ҚҶ ВҲИ дар фаъолияти кории худ таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои мутараққии ҷаҳонро истифода бурда, медиатсия – яке аз механизмҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тосудиро ба кор мебаранд.

Оид ба ин масъала роҳбари ҚҶ ВҲИ аз таҷрибаи 2 соли охир андӯхтаи ҚҶ ВҲИ дар самти мазкур маърӯза карда, қайд намуд, ки аксарияти муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи медиатсия дида баромада шудаанд, баҳсҳо оид ба руёнидани алимент барои кӯдакони ноболиғ, робитаҳои оилавӣ, гирифтани молу мулки дар давраи арусӣ туҳфашуда, муошират бо кӯдак ва бартараф кардани монеъагӣ, мушкилоти манзил ва аз ҳама бештар надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ташкил медиҳанд.

Сипас аз рӯи барнома саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифта, дар он намояндагон аз МИҲД ноҳияи Тоҷикобод, суд, прокуратура, ШВКД ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуданд.

Саволҳо бештар ба масъалаҳои фарзандхонӣ, андозаи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, алимент ва ғайраҳо алоқаманд буда, ҳамаи саволдиҳандагон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод намуданд, ки чунин мизҳои мудаввар ва вохӯрӣ бо аҳолӣ бештар гузаронида шаванд.

Азиз Солиев — Ёрдамчии  Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон