Иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон – нишондиҳандаи рушди муосири давлат»

СаратовРӯзҳои 16-18 сентяри соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон – нишондиҳандаи рушди муосири давлат», ки ба муносибати 20 — солагии таъсис ёфтани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Саратови Федератсияи Россия дар маҷлисгоҳи Академияи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Саратов баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар конференсия масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, ки нишондиҳандаи инкишофи давлати иҷтимоии ҳуқуқбунёд  мебошанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон – шарти муҳими ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон: таҷрибаи Тоҷикистон» баромад кард.

Ҳангоми баргузории конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Москалкова Т.Н. — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, Журик Т.В. — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Саратови Федератсияи Россия ва дигар ҳамкасбони худ аз минтақаҳои Федератсияи Россия вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Ҳангоми вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  вилояти Саратови Федератсияи Россия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои худро минбаъд тақвият мебахшанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ