Мизи мудаввар бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

logo-27-solagii-istikloliyat-4Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот таҳти унвони «Истиқлолият ва ташаккули ҳуқуқи инсон» мизи мудаввар баргузор гардид.

З. Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи муборак, муҳим ва таърихӣ самимона табрик намуда, оид ба паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти суботу оромии ҷомеа, суханронӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи чорабинӣ дар назди ҳозирин Солиев А. – ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи «Истиқлолият ва ташаккули ҳуқуқи инсон» баромад намуд. Қайд карда шуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Кафолатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ намудаанд, дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ инкишоф дода шудаанд.

Яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯза фикрронӣ намуданд.

С.Қодирӣ — сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ вобаста ба шеваҳои таърихии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, устувории истиқлолияти давлатӣ, омилҳои мусоидаткунанда ва таҳдидкунанда ба истиқлолияти давлатӣ ва руҳияи ҷашнгирии иди истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар рафти муҳокимарониҳо ҳамчунин С. Ғуломов, С. Қодирӣ, М.Ашӯров, А. Солиев ва дигарон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Дар охир З.Ализода ҳозиринро бо ин санаи муҳими давлатӣ табрик ва таҳният гуфта, онҳоро ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, қадршиносӣ аз сулҳу субот ва кушиш намудан баҳри тинҷиву амонии кишвари азизамон — Тоҷикистон даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ