Соҳибистиқлолӣ ва ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватанӣ

Ба истиқболи  27-умин солгарди
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибихтиёр ифтихор аз он карда метавонанд, ки  давлати Тоҷикистонро давлатҳои дунё  ба расмият шинохтаву эътироф намудаанд. Кишварамон бо аксар давлатҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаву ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ шомил гардидааст. Парчами мо дар қатори дигар давлатҳои узви СММ парафшонӣ мекунад. Имрӯз моро  дар арсаи ҷаҳон рамзҳои муқаддаси давлати Тоҷикистон –Парчам, Нишон ва Суруди миллиамон муаррифӣ менамояд. Ин ҳама шараф аст ва иқболи баландест барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ.

 Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовардҳои беназир ва иқболу сарфарозиҳо бо кӯшишҳои ҷонфидоёнаи Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  хиради азалии мардуми Тоҷикистон ва аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гардид.

Бо шарофати Истиқлолияти воқеӣ, ки бо ҳиссиёти ватандӯстӣ ва нангу номуси шаҳрвандии ҳар яки мо тавъам аст, дар ин 27 соли соҳибистиқлолӣ халқи кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои меҳнатӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардиданд. Аз ҷумла, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ба таври муназзам тамоили болоравӣ дошта, ин самти фаъолият пайваста таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат бахусус, ба масъулаи таъмини аҳолии кишвар бо молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таъмин кардани бозори истеъмолӣ аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ,  истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ этибори хоса  равона намудаанд.

Дар заминаи чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат эълон гардидани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои корхонаҳои истеҳсолӣ  имкони воқеӣ фароҳам овард, ки истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ  рушд ёфта, ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорон таъмин гардад.

Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ва дар рафти  ирсоли  паёмҳои раҳнамояшон борҳо қайд  намуданд, мақсади ниҳоии мо ин таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва хушбахтона, мо ба ин ҳадафи худ тадириҷан муяссар мешавем.  Назари дурбинои Пешвои миллат возеҳ намуд, ки дар соли 2030 аҳолии малакат қариб ба 13 миллион нафар мерасад. Бо дарназардошти ин ҳолат, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд сол то сол ба маротиб боло бардошта шавад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир, заиф гардидани механизмҳои идоракунии низоми молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини суботи иқтисодӣ ва дар ҳамин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва афзоиши табақаи дорои даромади миёнаи аҳолӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.

 Изҳори умедвории Сарвари давлатамон он аст, ки дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида бояд ҳар як фарди кишвар саҳми ватандӯстонаи худро гузорад. Барои татбиқи муваффақонаи ин мақсади бузург дар марҳилаи кунунӣ ва таъмини рушди дарозмуддат Президенти кишвар якчанд самтҳоро муайян ва нишон доданд. Аз ҷумла, мо бояд сохтори ташкилӣ ва соҳавии иқтисоди кишварамонро таҷқвият ва такмил диҳем. Иҷрои ин вазифа бошад, он лаҳзае имконпазир аст, ки агар мо аз дастовардҳои илм ва технология, навовариҳои истеҳсолӣ ва нерӯи сатҳи муосири ақлонӣ истифода намуда, навсозии соҳаҳои иқтисоди миллиро амалӣ намоем. Чуноне Пешвои миллат ёдраси масъулин намуданд, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, идома додан ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод ва хусусан, саноат ва кишоварзӣ дар ин раванд нақши муҳим доранд.

Президенти кишварамон дар мавриди фаровонии бозори истеъмолии мамлакат таъкид бар он намудаанд, ки ин қазияро метавон пеш аз ҳама бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияи муосир, тараққӣ ва рушд додани корхонаҳои коркарди маҳсулот ҳал кард.     Бо таъкид борҳо қайд намуданд, ки масъалаи ҳарчӣ бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман маводи ѓизоии ватанӣ таъмин намудани аҳолии кишвар андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо мекунад.

  Дар самти иҷрои  чунин дастури Сарвари давлатамон ҳоло дар бозори истеъмолии мамлакат фаровонии молҳои озуқаворӣ ба мушоҳида мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солиёни ахир тавассути истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи воқеии аҳолӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, тухм, ѓалладона ва орд, биринҷ, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваҷот ба маротиб  боло рафтааст.   Вале аз назари Пешвои муаззами миллатамон ин вазъ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро Тоҷикистон натанҳо метавонад аҳолии худро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намоянд, балки имкониятҳои васеъ дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.

 Айни замон давлати Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  гардидаст. Бояд  гуфт, ки шомил шудан ба узвияти ин созмон дар назди мо вазифаҳои муҳим мегузорад. Вазифаи аввалиндараҷаи мо он аст, ки дар кори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолона иштирок намуда, манфиатҳои кишвари худро ҳимоя намоем. Чуноне Пешвои миллат қайд намуданд, барои ин ба мо мутахассисони соҳаҳои иқтисод ва ҳуқуқ лозиманд, ки дониши васеъ ва сатҳи баланди касбӣ дошта бошанд.

  Яке аз самтҳои асосие, ки Пешвои миллат эътибори  масъулони сохторҳои  марбутаро ба он равона намуданд, ин ҳимояи бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ,  пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифат ва ҷорӣ  намудани низоми нави идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ мебошад. Ҷавобан ба чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат мутахассисони бахшу ниҳодҳои дахлдор  пайваста талош доранд, ки бехатарии бозори истеъмолиро таъмин кунанд.

Пешвои миллат  ба маъулин супориши қатъӣ додаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  ҳатмӣ  риоя гардида, дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таҳия ва амалӣ карда шавад.

Бо ифодаи ҷонибдориҳо аз ин ҳама иқдому пешниҳодҳо аҳли ҷомеа,масъулони бахшу сохторҳои марбута бояд кӯшиш намоянд,ки дар баробари назорати бехатарии бозори истеъмолӣ ба рушди соҳибкорӣ,истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ҳам ба буҷаи давлатро  ғанӣ гардонида, ҳам дар  пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва бо ин васила, дар устувору поянда гаштани пояи давлатдориву соҳибистиқлолиӣ саҳми  саҳми арзанда дошта бошанд.

Салоҳудинов М.
корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бознашр аз  Нашрияи «Диёри Турсунзода»
01.09.2018 №34 (8111)