Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқсозии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Принсипҳои Париж

ombudsman.tjСанаи 17 октябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ вобаста ба амалисозии банди 3 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли соли 2017, №АП-901 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Дар ҷаласа З.Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Р.Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ш.Каримзода – муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р.Рӯзиева – мутахассиси Раёсати щартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ, Х.Пиров – сармутахассиси Шуъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсони Вазорати адлия ва Н.Баҳриева – коршиноси миллӣ иштирок намуданд.

З.Ализода ба кори ҷаласа ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуданд, ки давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) дар қатори дигар тавсияҳо ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки сохтор ва функсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж мутобиқ гардонида шавад. Бо ин мақсад Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи Нақша вазифаи аввалиндараҷаи таҳлили қонунгузории кишварҳое, ки ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонашон статуси «А» доранд, мебошад. Бо ин мақсад коршиноси миллӣ ҷалб гардида, таҳлили қонунгузорӣ гузаронида шудааст.

Сипас Н.Баҳриева мухтасар оид ба таҳлили гузаронидашуда маълумот дод. Қайд карда шуд, ки таҳлил дар асоси таҷрибаи ҷумҳуриҳои Гурҷистон ва Арманистон гузаронида шудааст. Зимни таҳлил вобаста ба ҳар як тавсия пешниҳоди мушаххас оварда шудааст, ки Гурӯҳи корӣ бояд ба хулоса оянд, ки барои иҷрои тавсияҳо истифода аз кадом таҷриба барои Тоҷикистон мувофиқтар мебошад.

Гурӯҳи корӣ ба хулоса омаданд, ки таҳлили гузаронидашударо амиқтар омӯхта, вобаста ба иҷроиши тавсияҳои додашуда, то ҷаласаи минбаъдаи Гурӯҳи корӣ, ки дар нимаи дуюми моҳи декабри соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст, фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

«Ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар» — таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи миллӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти унвони  «Ҷалби диаспораҳои тоҷик  ва ҳамватанони бурунмарзӣ  баҳри рушди кишвар»  конференсияи миллӣ баргузор  гардид.  Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,  молия,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар сохторҳои марбута ва  намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон  аз  Федератсияи Россия,  ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон  ва дигар давлатҳо  иштирок  намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад,  конференсияро Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зариф Ализода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки  ҷамъиятҳои тоҷик  ва марказҳои  фарҳангии хориҷи  мамлакат  дар рушди ҷумҳурӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба масъалаҳои  муҳоҷирати меҳнатӣ нақши калидӣ дошта метавонанд. З.Ализода таъкид намуд, ки  мақсад аз ҳамоиши имрӯза низ густариши ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷик,  ҳамватанони бурунмарзӣ  ва ҷалби  онҳо ба раванди корҳои  созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат, алалхусус  саҳм гузоштани ҳамватанони мо   дар таҷлили  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фаъолияти ҷамъиятҳо ва  буду боши  ҳамватанони бурунмарзӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамкорӣ бо онҳо ҷиҳати рушди устувори  мамлакат  заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

«Бо ин мақсад ҳанӯз соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» тасдиқ гардид. Мақсад аз  татбиқи  консепсияи мазкур  фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муайян намудани роҳҳои ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад», — афзуд С. Тағойзода.

Роҳбари котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф  Шерализода дар масъалаи мавриди назар ибрози андеша намуда, аз ҷумла, таъкид намуд, ки  баҳри ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон  ва ҳамватанони бурунмарзӣ  дар  рушди кишвар   мақомоти дахлдори мамлакат бояд  ҳавасмандӣ зоҳир намуда,  тадбирҳои зарурӣ андешанд, то  сабаби саргардонии онҳо  нагардад.

Ш.Шерализода  ҳамчунин доир ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ   дар  ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон  ва ҳамватанони бурунмарзӣ  дар  рушди мамлакат    пешниҳодҳои муфид намуд.

Дар ҳамоиш  инчунин  намояндаи Ташкилоти байналмилалии институти «Ҷамъияти Кушода»  Нигора Абидҷонова, директори Ҳайати шафақ  (МЕРСУ СОRРS)  дар Тоҷикистон Eлена Бурян, роҳбари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка   доир ба мавзӯи матраҳшаванда ибрози андеша намуданд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Саидасрор  Саидов  ба  иштирокдорони ҳамоиш   оид ба ҳамкорӣ бо  ҷамъиятҳои тоҷикон  ва ҳамватанони бурунмарзӣ  ҳамчун  шарикони    рушди мамлакат   маълумоти муфассал пешниҳод намуд.  С.Саидов, аз ҷумла, иброз дошт, ки айни  замон  81  ташкилоти  ҷамъиятӣ,  маркази  фарҳангӣ  ва  ҷамъиятҳои  тоҷикон  ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия,  инчунин  2  ташкилоти  ҷамъиятӣ  дар  Ҷумҳурии  Украина,  2  ташкилоти  ҷамъиятии тоҷикон  дар  Ҷумҳурии  Қирғизистон,  1 ҷамъият  ва  7  маркази  фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон  фаъолият  доранд. Онҳо ҷиҳати  таъмини  ҳифзи ҳуқуқу  манфиатҳои  муҳоҷирони  меҳнатӣ– шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  хориҷа,  таъмини  онҳо  бо  ҷойи  кор  ва  ҳал  намудани  дигар  масъалаҳои  раванди муҳоҷирати  меҳнатӣ  саҳми  муносиб  мегузоранд.

«Соли 2010 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Консепсия оид ба ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар»  ва    нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи мазкур  барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид.

Нақшаи мазкур  аз 24  банд  иборат  буда, аз  ҷумла, дар доираи он баргузории конференсия, мизи мудаввар, семинарҳо барои ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ,  даъват намудани онҳо ба ҷашну маросимҳои миллӣ, таҳияи шакли ҳисоботи оморӣ оид ба ҷамъиятҳои тоҷикон,  ҳамватанони  бурунмарзӣ дар  хориҷи  кишвар, ташкилу гузаронидани озмунҳо бо мақсади ҳавасманд намудани онҳо, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи  иқтисоди ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст», — афзуд С.Саидов.

Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ доир ба ин масъала ибрози андеша намуданд.  Аз ҷумла,  муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Москваи Федератсияи Россия  Турсуной Алимардонова  дар мавзӯи  «Нақши диаспораҳои тоҷик дар  нигоҳдошти саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ»  изҳори назар карда, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас  манзур намуд.

Дар фарҷом байни иштирокдорони ҳамоиш  мубодилаи афкор сурат гирифт.

   Рухсораи НУР,
   АМИТ «Ховар»

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Рушони ВМКБ: шикоят аз муносибати бераҳмона вуҷуд надорад

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатӣ дар шуъбаи милисаи ноҳияи Рушон 25-27-уми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Баъди вохӯрӣ бо сардори ШВКД-и ноҳияи Рушони ВМКБ ва фаҳмонидани мақсади боздид, ба гуруҳи мониторингӣ дастрасӣ ба муассиса таъмин карда шуд.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Ҳангоми мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ ду нафар мард қарор доштанд, ки бо ҷурми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.

Охирин таъмири умумӣ моҳи марти соли 2018 сурат гирифтааст.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 1 камераи назорати видеоӣ дар даромадгоҳи изолятор мавҷуд аст. Қуттӣ барои мактубу шиоятҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Дар даромадгоҳи долони тавқифгоҳи муваққатӣ дар девор тахтаи иттилоотӣ насб гардидааст, ки дар он овеза бо ҳуқуқҳои боздоштшудагон, уҳдадориҳои сардор ва кормандони муассиса овехта шудааст. Нақшаи сайругашт овехта нашудааст. Ҳамаи маълумотҳо бо забони тоҷикиянд.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои боздоштшудагон 2 камера мавҷуд аст. Камераҳо аз таъмири умумӣ бароварда шудаанд. Дар ҳар як камера 2-тоӣ ҷойхоб дар шакли кати дуқабата вуҷуд дорад. Масоҳати камераҳо якхела — 14 метри мураббаъ аст. Ҳар як камера барои нигоҳ доштани 2 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тавр, барои ҳар нафари нигоҳдоришаванда майдони 7 метри мураббаъ рост меояд, ки ба меъёрҳои дар қонунгузорӣ муқарраргардида ҷавобгӯ аст.

Дар ҳарду камера тиреза мавҷуд нест, вале мӯричаҳо бо андозаи 40 ба 45 см вуҷуд доранд. Мӯричаҳо наванд. Онҳо аз метали пластикӣ сохта шуда, шиша доранд. Азбаски мӯричаҳо хурданд, дар камераҳо равшании муқаррарӣ кофӣ нест.

Дар камераҳо барои наззораи боздоштшудагон чашмак (глазок) вуҷуд дорад.

Ҳангоми наззора ҳарорати ҳаво дар камераҳо +29+29,5 С ва намнокӣ 23%-30%-ро ташкил медод. Системаи ҳавотозакунӣ мавҷуд нест. Ҷумаки об бо оби водопровод ва ҳоҷатхона дар камераҳо вуҷуд надорад.

Дар камераҳо розеткаҳо набуданд, зеро ба гуфтаи кормандон, бо мақсади бехатарии боздоштшудаҳо, истифодаи онҳо қатъиян манъ аст.

Ҳоҷатхона дар шакли чуқурии кандашуда бо масоҳати 1 метри мураббаъ (бидуни девори тунуки қисматкунанда ва дар) дар ҳавлии сайругашт ҷойгир аст. Нафареро, ки дар ҳоҷатхона қарор дорад, аз ҳавлии сайругашт дидан мумкин аст. Ҳангоми мониторинг ҳоҷатхона тоза буд, аммо ҳолати умумии он ғайри қаноатбахш аст. Ҷумаки об ва оби водопровод мавҷуд нест. Ҳангоми истифодаи ҳоҷатхона оби кашонидашда истифода бурда мешавад.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷои шустушӯй вуҷуд надорад. Ба гуфтаи кормандон, дар ҳолати зарурӣ боздоштшудагон аз ҷои шустушӯе, ки барои кормандони ШВКД пешбинӣ гардидааст, истифода мебаранд.

Майдони ҳавлии сайругашт 25 метри мураббаъ аст. Ҳавлии алоҳидаи сайругашт барои ноболиғон вуҷуд надорад. Болои ҳавлии сайругашт бо арматура панҷарабандӣ ва бо шифер пӯшонида шудааст, ки барои паноҳ ёфтан аз боришоту офтоб имконият фароҳам меорад. Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, нақшаи сайругашт мавҷуд аст, аммо он ба гуруҳ нишон дода нашуд.

Харакҳо ва таҷҳизоти варзишӣ вуҷуд надоранд. Дар ҳавлии сайругашт камераи назорати видеоӣ мавҷуд нест.

Ба гуфтаи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ, дар давраи аз соли 2017 то моҳи августи соли 2018 ҳолати муайян гардидани ҷароҳати ҷисмонӣ дар нафарони нигоҳдоришаванда вуҷуд надоштааст.

Дар ҳолати зарурӣ ёрии тиббиро табибони «Ёрии таъҷилӣ» мерасонанд, зеро ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ дар мавриди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.

Кормандони пурсидашуда хоҳиш карданд, ки оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва стандартҳои байналмилалии муносибат бо боздоштшудаҳо семинару тренингҳо гузаронида шаванд.

Тавсияҳо:

1. Аз рӯи имконият, нафароне, ки адои ҷазои маъмурӣ мекунанд, дар ҷойҳое нигоҳдорӣ карда шаванд, ки барои гумонбарон дар содир кардани гуноҳҳои ҷиноятӣ пешбинӣ нагардидаанд.

2. Таъмин кардани камераҳо бо тирезаи калон, ба хотири ворид шудани равшании муқаррарӣ.

3. Таъмин намудани қуттӣ барои шикояту пешниҳодот.

4. Омода ва тасдиқ намудани нақшаи сайругашт.

5. Беҳтар намудани шароити санитариву гигиенӣ дар ҳоҷатхона ва часпонидани дар дар он.

6. Насби камераи назорати видеоӣ дар ҳавлии сайругашт.

«Қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабулро бояд риоя намуд»

Новобаста аз он, ки дар байни Тоҷикистон ва кишварҳои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ низоми устувори муҳоҷирати меҳнатӣ пойдор гардидааст,  то ҳанӯз теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар дар сатҳи дахлдор надонистани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Надонистани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷомеаи кишвари қабул монеа эҷод намуда, ба риоя накардани онҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат мекунад. Вазъи ғайрирасмӣ, сатҳи мувофиқи донишҳо омилҳое мебошанд, ки ба раванди мутобиқшавии онҳо ба ҷомеаи кишвари қабул таъсири манфӣ мерасонанд.

Пӯшида нест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми рафтан ба дигар кишварҳо бо низоми қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои дигар рӯбарӯ мешаванд, ки аз низоми қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои миллии худ фарқ мекунад. Онҳо ба мушкилӣ меъёрҳои қонунгузорӣ, муносибат, қоидаҳои буду бошу зист ва урфу одатҳои кишварҳои қабулро азхуд мекунанд.

 Дар шиносоӣ бо қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷомеаи кишварҳои қабул бояд нақши ҳамватанон (диаспораҳо), робитаҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ (муносибат бо корфармоён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳолии маҳаллӣ) ва ВАО баланд бардошта шавад.

Яке аз омилҳои паҳн шудани ҳолатҳои ксенофобӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ин ба таври дахлдор надонистан ва риоя накардани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул аз ҷониби онҳо мебошад. Аҳолии кишварҳои қабул дар бисёр мавридҳо зиёдшавии ҷинояткорӣ, бекорӣ, музди меҳнати паст ва дигар ҳолатҳои манфиро аз ҳузур доштани муҳоҷирони меҳнатӣ мебинанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аҳолии кишварҳои қабул, бахусус Федератсияи Россия ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ  шубҳаомез менигаранд.

 Муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки барои омӯзиши қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, қабули фарҳанг, урфу одатҳои кишвари қабул омода бошанд. Ҷомеаи қабулкунандаро бошад зарур аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатии вазъи расмӣдошта хайрхоҳона муносибат намоянд.

Яке аз талаботҳои асосии машuул шудан ба меҳнати расмӣ, гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозатномаи зист ва билохира шаҳрвандии кишварҳои қабул низ донистани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, урфу одатҳои он ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки касби муҳоҷиратро пеша намуданианд, бояд қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, фарҳанг, урфу одатҳои давлати қабулро пешакӣ аз худ намуда, баъд ба сафар бароянд ва дар кишварҳои будубош онҳоро риоя намоянд.

 

М. Ашӯров,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ»

20181004_150907Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон, Зариф Ализода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Нахуст З. Ализода ҳозиринро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният намуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Сипас Қодирӣ С. – сардори шуъбаи ташкилӣ иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар атрофи китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» баромад намуда, қайд кард, ки асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон мебошад. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.

Дар асари мазкур зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст.

Инчунин корманди дигари мақомот Машрабзода А. дар мавзӯи «Забон пояи давлатдории миллӣ» баромад намуда, зикр кард, ки дар давраҳои солҳои ҳаштодум ва аввалҳои солҳои навадум, равшанфикрони тоҷик барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ талош меварзиданд. Ниҳоят 22-июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ки дар миқёси собиқ давлатҳои  Иттфҳоди Шуравӣ аввалин  ба ҳисоб мерафт.

Аз давраи қабули Қонуни мазкур то соли 2009 барои дар амал татбиқ кардани Қонуни забон ва мутобиқ кардани санадҳо ва истилоҳоти илмию ҳуқуқи корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Аммо бо мурури замон Қонуни амалкунанда бо хухусиятҳои милли худ имкон фароҳам меовард, ки он дар таҳрири нав қабул карда шавад.

Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ З.Ализода ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдибориҳоро таманно намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Мо, тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем.

Забон шиносномаи ҳар халқ аст ва аз муҳимтарин муқаддасоти он маҳсуб меёбад. Миллате, ки забони модариашро арҷ намегузорад, онро ҳифз намекунад, аз олудагиҳо эмин нигоҳ намедорад, маҳкум ба завол аст.

Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст.

Аз ин ҷост, ки ҳар миллати бедору бошараф забони модариашро мепарастаду пайи бузургдошташ мекӯшад.

Мо, тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем. Забони тоҷикӣ аз забонҳои машҳури дунё эътироф шудааст. Забони модарии мо марҳилаҳои гуногуну пурихтилофи таърихро аз сар гузаронида, вартаҳои муҳлики зиёдеро убур карда, то имрӯз расидааст ва басо қудратманд ва балеғу малеҳ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш ба ҳайси Роҳбари давлат ба ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи ӯ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён буда, аз мавқеияти хосае бархурдор мебошад.

Роҳбари давлат дар баробари анҷом додани вазифаҳои мураккаб ва печидаи марбут ба таҳкими сохтори сиёсии давлат омода ва баргузор намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳаёти давлатӣ ҳамеша бар он мекӯшад, ки соатҳое ҷудо кунад то бо ҳамватанон дидору мулоқотҳо ороста сухан аз омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллӣ бикушояд ва мардумро ба роҳи фарогирӣ ва сабақандӯзӣ аз таърихи миллати хеш ҳидоят намояд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамеро, ки барои худшиносӣ ва огоҳии миллӣ тавсия медиҳад, гиромидошти забон аст. Сарвари давлат забонро появу бунёди ҳастии миллат медонад ва бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пас аз ҳукмронии 200 — солаи арабҳо аз ба саҳнаи сиёсӣ баргардонидани забони модарӣ оғоз гардидааст ва бо рӯй овардан ба саҳифаҳои таърих иброз медорад, ки барои гузаштагони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустқадамҳои худ ба арсаи сиёсат кӯшиш ба харҷ доданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ пайваста густариш ёбад, бештар фарогиру тавоно шавад.

Ба шарофати ӯ забони тоҷикӣ бори аввал дар таърих аз баландтарин минбари ҷаҳон — маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дод ва нуфузу эътибораш боз ҳам афзуд.

Пешвои Милат, аз ҷумла, таъкид сохтаанд: «Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расондани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад».

Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ ба таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари забони тоҷики қонунгузорӣ дар анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ истифодаи забонҳои дигарро низ ҷоиз медонад. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ ба забони давлатӣ дар шароити кунунӣ аз иқдомоти бисёр муҳими давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.

Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш 26-уми июли соли 2007 бо фармони махсус соли 2008-умро «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон карда буд, ки он боз як такони бузурге гардид, дар инкишофу волоияти ин унсури муҳими давлати Тоҷикистони тозаистиқлол.

Ба куллӣ дигар шудани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ, ҳувият, муҳит ва ҷомеа тақозо мекард, ки қонуни забон такмил ёбад ва пас аз соле чунин ҳам шуд.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (05.10.2009, № 553) забони тоҷикӣ аҳамияти стратегӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро баланд бардошт.

            Забон дар даҳон, эй хираманд чист?
            Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Забон воситаи муҳимтарини муоширати байни одамон аст. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойнаи фарҳанги халқ аст.

Насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳоӣ таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кушиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.

Салоҳиддинов  М.
корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон  дар Тоҷикистон