Мо, тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем.

Забон шиносномаи ҳар халқ аст ва аз муҳимтарин муқаддасоти он маҳсуб меёбад. Миллате, ки забони модариашро арҷ намегузорад, онро ҳифз намекунад, аз олудагиҳо эмин нигоҳ намедорад, маҳкум ба завол аст.

Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст.

Аз ин ҷост, ки ҳар миллати бедору бошараф забони модариашро мепарастаду пайи бузургдошташ мекӯшад.

Мо, тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем. Забони тоҷикӣ аз забонҳои машҳури дунё эътироф шудааст. Забони модарии мо марҳилаҳои гуногуну пурихтилофи таърихро аз сар гузаронида, вартаҳои муҳлики зиёдеро убур карда, то имрӯз расидааст ва басо қудратманд ва балеғу малеҳ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш ба ҳайси Роҳбари давлат ба ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи ӯ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён буда, аз мавқеияти хосае бархурдор мебошад.

Роҳбари давлат дар баробари анҷом додани вазифаҳои мураккаб ва печидаи марбут ба таҳкими сохтори сиёсии давлат омода ва баргузор намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳаёти давлатӣ ҳамеша бар он мекӯшад, ки соатҳое ҷудо кунад то бо ҳамватанон дидору мулоқотҳо ороста сухан аз омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллӣ бикушояд ва мардумро ба роҳи фарогирӣ ва сабақандӯзӣ аз таърихи миллати хеш ҳидоят намояд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамеро, ки барои худшиносӣ ва огоҳии миллӣ тавсия медиҳад, гиромидошти забон аст. Сарвари давлат забонро появу бунёди ҳастии миллат медонад ва бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пас аз ҳукмронии 200 — солаи арабҳо аз ба саҳнаи сиёсӣ баргардонидани забони модарӣ оғоз гардидааст ва бо рӯй овардан ба саҳифаҳои таърих иброз медорад, ки барои гузаштагони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустқадамҳои худ ба арсаи сиёсат кӯшиш ба харҷ доданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ пайваста густариш ёбад, бештар фарогиру тавоно шавад.

Ба шарофати ӯ забони тоҷикӣ бори аввал дар таърих аз баландтарин минбари ҷаҳон — маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дод ва нуфузу эътибораш боз ҳам афзуд.

Пешвои Милат, аз ҷумла, таъкид сохтаанд: «Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расондани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад».

Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ ба таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари забони тоҷики қонунгузорӣ дар анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ истифодаи забонҳои дигарро низ ҷоиз медонад. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ ба забони давлатӣ дар шароити кунунӣ аз иқдомоти бисёр муҳими давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.

Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш 26-уми июли соли 2007 бо фармони махсус соли 2008-умро «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон карда буд, ки он боз як такони бузурге гардид, дар инкишофу волоияти ин унсури муҳими давлати Тоҷикистони тозаистиқлол.

Ба куллӣ дигар шудани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ, ҳувият, муҳит ва ҷомеа тақозо мекард, ки қонуни забон такмил ёбад ва пас аз соле чунин ҳам шуд.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (05.10.2009, № 553) забони тоҷикӣ аҳамияти стратегӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро баланд бардошт.

            Забон дар даҳон, эй хираманд чист?
            Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Забон воситаи муҳимтарини муоширати байни одамон аст. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойнаи фарҳанги халқ аст.

Насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳоӣ таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кушиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.

Салоҳиддинов  М.
корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон  дар Тоҷикистон