«Қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабулро бояд риоя намуд»

Новобаста аз он, ки дар байни Тоҷикистон ва кишварҳои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ низоми устувори муҳоҷирати меҳнатӣ пойдор гардидааст,  то ҳанӯз теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар дар сатҳи дахлдор надонистани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Надонистани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷомеаи кишвари қабул монеа эҷод намуда, ба риоя накардани онҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат мекунад. Вазъи ғайрирасмӣ, сатҳи мувофиқи донишҳо омилҳое мебошанд, ки ба раванди мутобиқшавии онҳо ба ҷомеаи кишвари қабул таъсири манфӣ мерасонанд.

Пӯшида нест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми рафтан ба дигар кишварҳо бо низоми қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои дигар рӯбарӯ мешаванд, ки аз низоми қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои миллии худ фарқ мекунад. Онҳо ба мушкилӣ меъёрҳои қонунгузорӣ, муносибат, қоидаҳои буду бошу зист ва урфу одатҳои кишварҳои қабулро азхуд мекунанд.

 Дар шиносоӣ бо қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷомеаи кишварҳои қабул бояд нақши ҳамватанон (диаспораҳо), робитаҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ (муносибат бо корфармоён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳолии маҳаллӣ) ва ВАО баланд бардошта шавад.

Яке аз омилҳои паҳн шудани ҳолатҳои ксенофобӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ин ба таври дахлдор надонистан ва риоя накардани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои кишвари қабул аз ҷониби онҳо мебошад. Аҳолии кишварҳои қабул дар бисёр мавридҳо зиёдшавии ҷинояткорӣ, бекорӣ, музди меҳнати паст ва дигар ҳолатҳои манфиро аз ҳузур доштани муҳоҷирони меҳнатӣ мебинанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аҳолии кишварҳои қабул, бахусус Федератсияи Россия ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ  шубҳаомез менигаранд.

 Муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки барои омӯзиши қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, қабули фарҳанг, урфу одатҳои кишвари қабул омода бошанд. Ҷомеаи қабулкунандаро бошад зарур аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатии вазъи расмӣдошта хайрхоҳона муносибат намоянд.

Яке аз талаботҳои асосии машuул шудан ба меҳнати расмӣ, гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозатномаи зист ва билохира шаҳрвандии кишварҳои қабул низ донистани қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, урфу одатҳои он ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки касби муҳоҷиратро пеша намуданианд, бояд қонунгузорӣ, забон, арзишҳои миллӣ, фарҳанг, урфу одатҳои давлати қабулро пешакӣ аз худ намуда, баъд ба сафар бароянд ва дар кишварҳои будубош онҳоро риоя намоянд.

 

М. Ашӯров,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон