Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқсозии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Принсипҳои Париж

ombudsman.tjСанаи 17 октябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ вобаста ба амалисозии банди 3 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли соли 2017, №АП-901 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Дар ҷаласа З.Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Р.Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ш.Каримзода – муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р.Рӯзиева – мутахассиси Раёсати щартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ, Х.Пиров – сармутахассиси Шуъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсони Вазорати адлия ва Н.Баҳриева – коршиноси миллӣ иштирок намуданд.

З.Ализода ба кори ҷаласа ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуданд, ки давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) дар қатори дигар тавсияҳо ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки сохтор ва функсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж мутобиқ гардонида шавад. Бо ин мақсад Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи Нақша вазифаи аввалиндараҷаи таҳлили қонунгузории кишварҳое, ки ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонашон статуси «А» доранд, мебошад. Бо ин мақсад коршиноси миллӣ ҷалб гардида, таҳлили қонунгузорӣ гузаронида шудааст.

Сипас Н.Баҳриева мухтасар оид ба таҳлили гузаронидашуда маълумот дод. Қайд карда шуд, ки таҳлил дар асоси таҷрибаи ҷумҳуриҳои Гурҷистон ва Арманистон гузаронида шудааст. Зимни таҳлил вобаста ба ҳар як тавсия пешниҳоди мушаххас оварда шудааст, ки Гурӯҳи корӣ бояд ба хулоса оянд, ки барои иҷрои тавсияҳо истифода аз кадом таҷриба барои Тоҷикистон мувофиқтар мебошад.

Гурӯҳи корӣ ба хулоса омаданд, ки таҳлили гузаронидашударо амиқтар омӯхта, вобаста ба иҷроиши тавсияҳои додашуда, то ҷаласаи минбаъдаи Гурӯҳи корӣ, ки дар нимаи дуюми моҳи декабри соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст, фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ