Саломатии  насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмини солимии миллат

 

СолимиСаломатии инсон неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, хусусан ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад. Чунон ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.

Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо   ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Пеш аз ҳама дар моддаи 34 Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи ҶТ кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ   Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои  иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад.

Бинобар ин ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, стратегия ва барномаҳои дахлдор  аз ҷумла; Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқхои кӯдак”, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 ва дигарҳо  қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Мутобиқи талаботи моддаи 46 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ва кӯдаконаро инкишоф медиҳанд, барои сиҳатии кӯдакон дар ин муассисаҳо масъул мебошанд.

Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва  мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакон    бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.

mha-1-1Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.

Яке аз омилҳои  ҳифзи саломатии кӯдак ин беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Тибқи моддаи 24 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, давлатҳои иштирокчӣ барои мубориза бо беморӣ ва гуруснагӣ, аз ҷумла дар доираи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи истифода дар баробари дигар усулҳо аз технологияи дастрасу содда ва бо дарназардошти хатар ва эҳтимоли олудасозии муҳити зист муҳайё намудани хӯроки серғизо ва оби тозаи нӯшокӣ, таъмини огоҳонии ҳама табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла волидайн ва фарзандон аз саломатӣ ва ғизои кӯдакон, афзалиятҳои синамакконӣ, тозагии бадан, санитарияи муҳити зисти кӯдак ва пешгирии ходисаҳои фалокат, инчунин ба кӯдакон дастрас намудани таҳсил ва дастгирии онҳо дар истифодаи чунин донишҳо, бояд тадбирҳои самарабахш ва заруриро андешанд. Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди ғизои мактабӣ ва муҳимияти таъмини хонандагон бо ғизои солим, барои инкишофи нерӯи таҳсилотӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бо дарназардошти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 таҳти №101  Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии  Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҳифзи саломатии кӯдакон пайваста чораандешӣ менамояд. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022  Нақшаи миллии амалҳо тасдиқ карда шудааст. Дар бандҳои 21-26 нақшаи мазкур вобаста ба такмили хизматрасониҳои тиббӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини ғизои солим, тавсеаи хадамоти машваратии равонӣ, тақвияти барномаи пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷавонон, андешидани тадбирҳо дар самти мубориза бо ВНМО/БПНМ, андешидани тадбирҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

Барои дар амал татбиқ шудани меъёрҳои қонун вобаста ба истироҳат ва фароғати наврасону ҷавонон ҳар сол аз тарафи Ҳукумати ҶТ қарори дахлдор қабул карда мешавад. Тибқи он  вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои корҳои ба салоҳияташон дохилшуда вазифадор карда мешаванд, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои дастрас кардани роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ифтитоҳи ҳама намудҳои истироҳатгоҳҳо танҳо дар асоси хулосаи мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сухтор иҷозат дода, дар истироҳатгоҳҳо таъмини хӯроки гарм тибқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ташкил карда мешавад.

Кӯдакон ва наврасоне, ки ба роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дастрасӣ надоранд аз мадди назар дур намемонанд, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявие, ки ошхонаи ҷавобгӯи талаботи санитарию эпидемиологӣ доранд, барои кӯдакон ва наврасон истироҳатгоҳи солимгардонии рӯзона ташкил карда мешавад.

imagesБарои ба таври доимӣ ба истироҳат ва фароғат фаро гирифта  шудани кӯдакон ва наврасон аз тарафи роҳбарияти давлату ҳукумат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Хусусан дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, маҷмаа, толор ва майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор доранд. Дар ин раванд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, пойтахти азизамон шаҳри Душанбе симои худро дигар кардааст. Дар баробари бунёди биноҳои муосири маъмурию истиқоматӣ дар  пойтахти азизамон майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки барои варзиш ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳдошти саломатии кӯдакону наврасон,  тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастии онҳо дар маҷмӯъ дар пойтахт зиёда аз 180 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуда ва бунёди 80 гулгашт ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи ин барои манфиати беҳтарини кӯдакону наврасон мебошад.

Бинобар ин  ҳар як падару модар, аҳли ҷомеа ва мақомоти давлатӣ уҳдадоранд, ки бар ивази ҳамаи заҳмату ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намудани насли навраси оқилу солим саҳмгузор бошанд.                                     

Машрабзода Азимҷон,
Мутахассиси пешбари  шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо»

20181123_095648Санаи 23 ноябри соли 2018 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиали ТБ «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо намоиши сурат ва расмҳои кӯдакон дар мавзӯи «Кӯдакии хушбахтонаи ман», баромади кӯдакон – таэквондочиён, рақси кӯдакон, инчунин рақси кӯдакони дорои маъюбият оғоз гардид.

Зимни сухани ифтитоҳии Р. Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва З.Сафарализода – мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки 20 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард, ки имрӯзҳо мо 25 солагии ин санаи таърихиро ҷашн мегирем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар қонунгузории миллӣ, аз ҷумла дар Конститутсияи ҶТ, кодексҳои оила, тандурустӣ, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таълим ва тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва ғ. ба танзим дароварда шудаанд.

Бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки сол аз сол вазъ дар ин самт дар кишвар беҳтару хубтар шуда истодааст. Хусусан дар самти таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд.

Давлат ба ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.

Тайи солҳои сипаришуда давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои самараноки уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур ба Кумитаи оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ се маротиба Маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод намуд. Бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки амалисозии он айни замон бо маром идома дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаҳои миллӣ амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак равона шудаанд. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд. Ғайр аз ин, айни ҳол тадбирҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи Барномаи ягонаи миллӣ вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак андешида шуда истодаанд.

Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд, таъсис дода шуда, пайваста такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва сохторҳои маҳаллии он, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ ва сохторҳои дахлдор вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ. Нақши мақомоти судӣ, прокуратура, адлия, милитсия, адвокатура ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ назаррас мебошад.

Ҳамкориҳои судманд бо дафтари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон низ, ки сохтори асосии кӯмаки байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак ба шумор меравад, ба роҳ монда шудаанд.

Сипас аз рӯи барнома дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хонандагони МТМУ оид ба дастовардҳо ва дурнамои ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳо дар мавзӯҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули фарҳанги кӯдакон ва ҷавонон, кӯдак ва оила, кӯдакон ва таҳсил, кӯдакон ва мубориза бо зӯроварӣ, кӯдакон дар низоми адлия, кӯдакон ва саломатӣ, кӯдакон ва об баромад намуданд.

20181123_обшыйДар охири чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсияи ҷумҳуриявӣ барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мазкур мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Парчам – шиносномаи давлату миллат

Парчам ЧТАз қадим давлатҳо бо рамзҳои гуногун мустақилият ва соҳибихтиёрии худро баён мекарданд. Яке аз ин рамзҳо Парчам мебошад, ки он ифодагари мустақилияти ҳар як давлат буда, баҳри ҳимояи марзу бум, ватану миллат, забону фарҳанг, фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад.

Парчаму парчамдорӣ ба мардуми мо аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ливои Куруши Кабиру ва дирафши Кова аз ҷумлаи онҳост. Давлатҳои бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз омада расидаст.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон (дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ) низ Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода гардида, бо назардошит вазъи сиёсии онвақта якчанд маротиба шаклу ранги худро иваз намудааст.

Парчами кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст ва ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурх ифодагари шуҷоат ва мардонагӣ, мубориза барои озодӣ ва рамзи истиқлолияти бадастомадаи миллати тоҷик аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ранги сабз бошад рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати муқаррар намудани моҳият ва тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 № 254 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтан (моддаи 5), ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгарӣ барои таҳқири Парчам (моддаи 11) пешбинӣ шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2016 ба қонуни мазкур ворид гардид шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.

«Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади дигаре мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 №659 тасдиқ шудааст ва масъалаҳоро вобаста ба тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти санади мазкур Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад. Инчунин муқаррар шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.

Мутобиқи муқаррароти қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, ҳар сол 24 ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.

ФлагИнчунин Бо иқдоми Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр мебошад бунёд гардид ва боғе, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Читавре дар боло зикр гардид моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои вайрон кардани талаботҳои он ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Яъне, Парчами давлатӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.

Вобаста ба беэҳтиромӣ нисбати Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбини шудаааст. Моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима пешбинӣ намуда, моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дар шакли ҷарима, маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ намудааст.

Парчами давлатӣ ҳамчун нишони шуҳрату сарфарозӣ, баёнгари ормонҳои миллат ва азму иродаи қавии мардум баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон мебошад. Он нишони шарафмандию бахту пирӯзӣ буда, шаҳрвандонро зери сояи худ мутаҳид менамояд ва ифтихори ватандории ҳар як шаҳрвандро зиёд мегардонад. Ҳамчунин парчам рамзест, ки маҳз тавассути он моро ва давлати моро дар саросари дунё мешиносанд ва онро метавон ҳамчун шиносномаи давлату миллат ном бурд. Бинобарин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст, ки Парчамро эҳтиром намуда, баҳри баланд бардоштан ва боз ҳам машҳур сохтани он саъю кушиш намояд.

Сайёд Раҳимов,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ЧТИмрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Раҷабмо Ҳабибулозода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Чорабиниро Р. Ҳабибулозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатдории навин табрик ва таҳният намуданд.  Қайд карда шуд, ки мувофиқи  моддаи 3-и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ Парчам низ ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Нақши Парчам дар ҳаёти ҳар як давлат бузург буда, он ифодагари мустақилият ва соҳибихтиёрии ҳар як давлат мебошад. Маҳз зери Парчами худ давлатҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Бинобар ин, эҳтироми волои Парчам  ин вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мизи мудаввар Сайёд Раҳимов – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Парчам — шиносномаи давлату миллат» маърӯза намуд. Дар маърӯза аз таърихи парчаму парчамдории тоҷикон,  санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба Парчами имрӯзаи Тоҷикикстон ва ҷаовбгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати Парчам маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки асосҳои ҳуқуқии Парчами давлатиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд.

Дар рафти муҳокимаи маърӯза иштирокчиёни мизи мудаввар фаъолона ширкат варзида, фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамбасти мизи мудаввар Раҷабмо Ҳабибулозода бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки эҳтироми Парчам  ин эҳтиром ба халқи Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, ватандорию ватандӯстӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Кӯдакон – гулҳои зиндагии мо. 20 ноябр Рӯзи байналмилалии кӯдак таҷлил мегардад

 

Чаноб бо кудак20 ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Таърихи таҷлил гардидани ин ид ба соли  1954 рост меояд. Маҳз дар ин сол Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта шавад. СММ мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шавад.

Мақсади таҷлили ин рӯз дар он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

20 ноябри соли 1959 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол, 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Бояд гуфт, ки соли равон аз батасвиб расидани ин Конвенсия 25 сол сипарӣ гардид.

R-HabibullozodaТавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар суҳбат бо мухбири  АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.  Ҳамзамон ин қонун ҳамаи ҳуқуҳоеро, ки барои инкишофи кӯдак заруранд, кафолат медиҳад ва бобати таъмину пешрафти ҳуқуқи кӯдак салоҳияти мақомоти дахлдорро пешбинӣ менамояд».

Бояд гуфт, ки ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат,  фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми даҳ соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба истифода дода шуданд, ки мунтазам фаъолият доранд.

Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд».

Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Тибқи маълумоти воситаҳои ахбори омма, дар ҷаҳон зиёда аз 50 миллион кӯдакон имкони таҳсил кардан надоранд.

Novyj-risunok-2-12-150x150«Таҳсилоти томактабӣ ба ояндаи кӯдак нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин рушди таҳсилоти то мактаби миёнаи умумӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият қарор  дода шудааст»,- зикр намуд сардори раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо назардошти он, ки соҳа самти муҳим ва афзалиятнок  мебошад, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳирии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. «Аз ҷумла, барои фарогирӣ ба зинаи таҳсилотии томактабӣ тадбрҳои таъхирнопазир андешида шудаанд»,- илова намуд Қутбиддин Муҳиддинзода.

Мавриди зикр аст, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон барои то соли 2020 бояд фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти то мактабӣ ба  30 фоиз расонида шавад.

Ба иттилои сардори раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 93 ҳазор кӯдак  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ 92 муассисаи томактабии хусусӣ амал мекунанд.

Дар мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ қабул гардидааст, ки ҳадаф аз қабули он ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ буда, тавассути он фарогирии кӯдакон ба зинаи томактабӣ зиёд карда мешавад.

«Фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусӣ дар як радиф гузошта шадааст ва аз он имтиёзҳое, ки муассисаҳои томактабии давлатӣ бархурдоранд, чунин муассисаҳои хусусӣ низ баҳраманд мегарданд»,- зикр кард  Қутбиддин Муҳиддинзода.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои асосии низоми маориф буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди бемайлони он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Хулоса Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои рӯ ба рушди ҷомеаи муосир буда, дар он ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Зеро тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Кӯдакон гулҳои зиндагии мо мебошанд».

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Таърихи таҳия ва қабулшавии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак

Ба муносибати 25-умин солгарди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак

 

IMG_20181120_08465920 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ менамояд.

Инсоният барои қабули ин ҳуҷҷат роҳи дуру дарозро тай намуд. Чунки то таҳия ва қабулшавии ин санади муътабар, сараввал соли 1924 Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо, соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ  Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, соли 1959 Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардиданд. Дар соли 1989 қабул гаштани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва аз 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани ба авҷи ҳамаи он кӯшишҳо нуқта гузошт.

Кӯдакон ва ҳуқуқҳои онҳо аз лаҳзаи таъсисёбии он, яъне аз соли 1945 дар мадди назари СММ қарор дошта, яке аз санадҳои аввалини Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таъсис додани Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мебошад, ки айни замон сохтори асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон ба шумор меравад.

Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 1948 қабул шудааст, қайд мешавад, ки кӯдакон бояд объекти махсуси ғамхорӣ ва кӯмак бошанд.

Соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул карда, дар он қайд менамояд, ки инсоният вазифадор аст ба кӯдакон беҳтарин шароитро муҳайё созад. Ғайр аз ин дар он 10 принсипҳои иҷтимоию ҳуқуқии марбут ба ҳифз ва некӯаҳволии кӯдакон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эълон карда шуда, аз волидон, шахсони алоҳида, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомотҳои маҳаллӣ ва давлатҳо даъват карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдаконро эътироф ва ба эҳтироми онҳо саъй намоянд. Ҳамчунин дар Эъломия қайд шудааст, ки кӯдакон бояд бо ҳимояи махсус, имконият ва шароитҳои зарурӣ барои рушди солим дар шароити озодӣ ва эҳтироми шаъну шарафашон инкишоф ёбанд.

Бо вуҷуди ин, бо гузашти вақт зарурати қабули санади нав, яъне Конвенсия пеш омад. Вобаста ба ин масъала бояд қайд намуд, ки санади байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсонро метавон ба ду гурӯҳи калон тақсим кард: эъломияҳо ва конвенсияҳо. Агар Эъломия (аз калимаи лотинӣ – эълон намудан) қувваи ҳатмӣ надошта, танҳо санади тавсиявие, ки принсипҳои асосӣ ва барномавиро эълон намояд, пас Конвенсия (аз лотинӣ – шартнома, созишнома) санади шартномавии махсуси ба ягон масъала вобастабуда, дорои қувваи ҳатмие мебошад, ки ба он давлатҳо ҳамроҳ мешаванд (ба имзо мерасонанд ё ба тасвиб мерасонанд).

Дар тӯли 30 соли мавҷудияти Эъломияи ҳуқуқи кӯдак фаҳмишҳо тағйир ёфта, мафҳум ва меъёрҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои ҳамин дар Конвенсия ҳуқуқҳои кӯдак ба таври васеъ муайян шуда, он доираи васеи масъалаҳоро фаро мегирад. Зарурат барои ба ҳуқуқҳои кӯдакон додани қувваи махсуси ҳатмии шартномавӣ дар давраи омодагӣ ба Соли байналмилалии кӯдак, ки соли 1979 таҷлил карда шуд, зоҳир гардид. Бинобар ин дар тӯли даҳ сол, аз соли 1979 сар карда то соли 1989 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар кори он ҳуқуқшиносон, табибон, педагогҳо, психологҳо, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва дину мазҳабҳои гуногун аз саросари ҷаҳон ширкат варзиданд, ин лоиҳаро таҳия намуд.

Дар муқоиса бо Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки соли 1959 қабул шуда, дар он 10 принсипи кӯтоҳи дорои хусусияти эъломиявидошта дарҷ гашта буд, Конвенсия аз моддаҳо иборат буда, қариб ҳама ҷанбаҳои вобаста ба ҳаёт ва вазъи кӯдакон дар ҷомеаро фаро мегирад. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак на танҳо муқаррароти Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро тақвият ва мушаххас намуд, балки бо тасдиқи он ки давлатҳое, ки ба он ҳамроҳ мешаванд дорои масъулияти ҳуқуқӣ буда, барои амалҳои худ нисбати кӯдакон масъуланд, мукаммалтар гардонида шуд.

Конвенсия барои тамоми халқҳо дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон аҳамияти баробар дорад. Сарфи назар аз он, ки Конвенсия меъёрҳои умумиро муқаррар мекунад, дар он воқеиятҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои алоҳида ба инобат гирифта шудааст, ки ба ҳар як давлат имкон медиҳад усули миллии худро барои татбиқи ин меъёрҳо дар асоси ҳуқуқҳои умумӣ барои ҳама интихоб намояд. Бинобар ин Конвенсия хусусияти универсалӣ дорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсия баҳои баланд дода, онро ҳамчун ҳуҷҷати барҷастаи инсондӯстона дар замони имрӯза мешуморад. Бинобар ин Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҷаласаи солонаи худ моҳи июни соли 1992 бори дигар ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ҳар сол санаи 20 уми ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки Конвенсия ҳуҷҷати арзишмандтарини педагогӣ буда, он ҳам калонсолон ва ҳам кӯдаконро барои муносибат намудан ба воситаи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гуманизм ва демократизм, эҳтиром ва ғамхорӣ ба шахсияти кӯдак ва фикру ақидаи онҳо асос ёфтааст, даъват менамояд. Меъёрҳои Конвенсия бояд асоси педагогика, тарбия ва барҳамдиҳии қатъии тарзи авторитарии муносибат байни калонсолон ва кӯдакон, муаллим ва талабаҳо бошад. Ҳамзамон Конвенсия зарурати ташаккули фаҳмиши дурусти насли наврасро дар бораи қонунҳо, ҳуқуқҳои дигар шахсон ва муносибати боэҳтиромона нисбати онҳоро қайд мекунад.

Мақсад ва ё идеяи асосии Конвенсия таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад ва меъёрҳои он ба чор принсипи асосии бунёдӣ, ки бояд тавассути онҳо ҳуқуқҳои кӯдакон таъмин гарданд, яъне зинда мондан, рушд ёфтан, ҳимоя ва таъмини иштироки фаъолона дар ҷомеа мебошад.

Конвенсия як қатор принсипҳои муҳими ҳуқуқӣ – иҷтимоиро қайд мекунад, ки асоситарини онҳо эътирофи кӯдак ҳамчун шахси пурарзиш ва комилҳуқуқ мебошад. Сабаби чунин эътирофнамоӣ дар он аст, ки кӯдакон бояд дорои ҳуқуқҳои инсонӣ ҳамчун ҳуқуқҳои худ бошанд, на чун қисме аз оила, волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда.

Ин принсипҳо, ки бояд ҳамаи муқаррароти Конвенсияро бо фарогирии барномаҳои миллӣ оид ба татбиқи онҳо тафсир бахшанд, аз ҷумла дар моддаҳои 2, 3, 6 ва 12-и Конвенсия баён шудаанд.

Аз ҷумла давлатҳои аъзо бояд таъмин намоянд, ки ҳар як кӯдаки дар ҳудуди ҳуқуқии (юрисдиксияи) онҳо қарордошта ҳуқуқҳои худро бидуни табъиз амалӣ гардонда тавонад. Асоси ин принсип таъмини имкониятҳои баробар мебошад. Яъне духтарон бояд бо писарон имкониятҳои баробар дошта бошанд. Кӯдакон аз ҷумлаи гурезаҳо, кӯдакони мансуб ба халқҳои таҳҷоӣ ё ақаллиятҳо бояд соҳиби ҳамон ҳуқуқҳое бошанд, ки аҳолии дигар доранд.

Муқаррароти Конвенсия вобаста ба таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба зарурати дар навбати аввал таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба манфиатҳои кӯдак нигаронида шудааст. Яъне дар ҳамаи амалҳо нисбат ба кӯдакон, сарфи назар аз он ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Тибқи моддаи мазкур давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дарназардошти ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модари кӯдак, васиҳо ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ӯ масъулбуда ба кӯдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои беҳбудии ӯ заруранд ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва маъмуриро меандешанд.

Мутобиқи моддаи 6 Конвенсия ҳуқуқ ба ҳаёт, зинда мондан ва инкишофи кӯдакон аз ҷониби давлатҳои аъзо бояд дар ҳадди аксари имконпазир таъмин гардад. Истилоҳи дар ин модда истифодашавандаи «инкишоф»-ро ба маънии васеъ бо дарназардошти ҷанбаи сифатии он бояд тафсир бахшид, яъне ҳадафи меъёри нишондодашуда на танҳо нигаҳдошти саломатии ҷисмонӣ, ҳамчунин таъмини инкишофи равонӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдак мебошад.

Яке аз принсипҳои дигари Конвенсия (моддаи 12) ба назар гирифтани ақидаҳои кӯдак мебошад. Мутобиқи ин принсип ба кӯдакон бояд ҳуқуқи озодона баён кардани ақидаҳои худ оид ба ҳамаи масъалаҳои ба онҳо дахлдор дода шавад. Зимнан, ба ақидаҳои кӯдак «мутобиқи синну сол ва камолоти кӯдак» бояд диққати зарурӣ зоҳир гардад. Ин принсип ба кӯдакон ҳуқуқи баён кардани фикри худ ва ба таври ҷиддӣ ба назар гирифтани ақидаҳои онҳо, аз ҷумла дар ҷараёни ҳама гуна муҳокимаҳои судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдоштаро дар назар дорад.

Ҳамин тариқ Конвенсия механизми назоратии онро низ ба инобат гирифта, бо мақсади баррасӣ намудани пешравиҳо аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ дар таъмини иҷрои ҳуқуқҳои кӯдак Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудааст. Сохтор ва функсияҳои он дар моддаҳои 43-45 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шудааст.

Мутобиқи банди 1 моддаи 44 Конвенсия, давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ба воситаи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи муқаррароти Конвенсия ба Кумита маърӯзаҳо пешниҳод намоянд. Ҳисоботи ибтидоӣ аз ҷониби давлат ба Кумита пас аз 2 соли батасвибрасонӣ ва минбаъд ҳар 5 сол пешниҳод карда мешавад.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ қоидаҳои наверо ҷорӣ намуд, ки давлатҳои иштирокчии он бояд барои риояи ин меъёрҳо саъю кӯшиш намоянд.

Конвенсия эътироф мекунад, ки на ҳама давлатҳо дорои захираҳои зарурӣ барои таъмини фаврии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, Конвенсия онҳоро вазифадор мекунад, ки ба ин ҳуқуқҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъмини риояи онҳоро ба ҳадди аксари имконпазир бо захираҳои мавҷуда таъмин намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард. Ба ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ду протоколи иловагӣ ба Конвенсияи мазкурро, ки яке ба манъи фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дахл дорад ва дигараш ба пешгирии иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона вобаста аст, ба тасвиб расонидааст.

Маърӯзаи аввалини Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Конвенсия ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, тибқи муқаррарот Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ва бори охир соли 2017 ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ маърӯзаҳои даврии худро пешниҳод намудааст. Маълумоти дар маърӯзаҳо инъикосёфта қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кӯдаконро фаро мегирад. Масалан, ҳуқуқҳои кӯдакон ва санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот; ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва кӯдакони бесарпараст; ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб; пешгирии ҷинояткории кӯдакон; ҳифзи саломатии кӯдакон ва ғайра.

Ҷиҳати иҷрои муқарраротҳои Конвенсия ва протоколҳои иловагӣ ба он дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳо андешида мешаванд. Пеш аз ҳама қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст. Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ нақшаву барномаҳои миллӣ, стратегия ва консепсияҳои дахлдор қабул ва бомуваффақият амалӣ мегарданд.

Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд, пайваста такмил дода мешаванд. Ҳамчунин бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Тоҷикистон чун давлатҳои дигари иштирокчии Конвенсия уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия таҳкимбахшидашудаи кӯдаконро таъмин намояд ва ҳифз кунад. Бо мақсади таъмини ҳифзи кӯдакон дар сатҳи давлатӣ сохторҳои дахлдор бо проблемаҳои кӯдакон машғул шуда, ба татбиқи муқаррароти Конвенсия дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.

Умуман кӯдакон ҳамчун ояндаи ҷамъият мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад.

Бинобар ин бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Таъсис додани чунин механизми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мебошад.

Сохтори мазкур бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.

Дар умум мақсад ва ғояи Конвенсия на танҳо воридсозии меъёрҳои он ба қонунгузории миллӣ, балки аз ҳама муҳимтар, ба мафкураи ҳар як нафар, ҳар як фарди ҷомеа ҷой намудани эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва тавассути ин таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад.

Азиз СОЛИЕВ,
ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ

Манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар мадди аввал

vhk2018Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта дарёфти роҳу воситаҳои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро ба миён гузошт. Вазъи ҳуқуқи кӯдакон (меҳнати кӯдакон, савдо ва фоҳишагии кӯдакон) ҷомеаро ба ин водор мекард.

Дар натиҷа якчанд санадҳои хусусияти эъломиявидошта қабул гардиданд: Эъломияи женевагии ҳуқуқҳои кӯдак (с. 1924), Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон (с. 1948) ва Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак (с. 1959), ки ба ҳимоя ва ғамхории махсус ҳуқуқ доштани кӯдаконро пешбинӣ мекарданд.

Дар соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба эътирофи талаботҳои махсус ва осебпазирии кӯдакон нуқта гузошта, масъулияти давлатҳои ба он ҳамроҳшударо оид ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон муқаррар намуд.

Конвенсия бори аввал кӯдакро ҳамчун шахсияти пурарзиш, комилҳуқуқ ва субъекти мустақили ҳуқуқ эътироф намуда, ҳамзамон афзалияти манфиатҳои кӯдаконро пешбинӣ кард.

Таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар баробари принсипҳои манъи табъиз, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд ва ҳуқуқи кӯдак ба шунида шудан принсипҳои бунёдии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва стандарти ҷомеаи нисбати кӯдак дӯстонаро ташкил медиҳанд. Принсипи мазкур давлатҳои иштирокчиро уҳдадор намудааст, ки барои амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шароитҳои беҳтаринро ташкил намоянд. Дар робита бо ин тамоми мақомотҳо – қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муассисаҳои хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ зимни қабули қарор ва амалӣ гардонидани фаъолияти худ манфиатҳои кӯдаконро бояд ба назар гиранд.

Таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ғояи асосии Конвенсияро ташкил медиҳад. Тибқи муқаррароти Конвенсия кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо падару модари худ зиндагӣ кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ба манфиати беҳтарини кӯдак мухолифат мекунад (қ. 1 м.9), падару модар барои тарбияи кӯдак масъуланд ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак мавриди таваҷҷуҳи асосии онҳо қарор меёбанд (қ.1 м.18), кӯдаке, ки муваққатан ё доимӣ аз ғамхории оилааш маҳрум аст ё ба хотири манфиатҳои беҳтарини худ дар ин муҳит буда наметавонад, ба ҳимоя ва ғамхории махсус ҳуқуқ дорад (қ.1 м.20), ҳангоми ҳалли масъалаҳои фарзандхондӣ пеш аз ҳама бояд беҳтарин манфиатҳои кӯдак ба назар гирифта шаванд (қ.1 м.21).

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад.

Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаи маориф, хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак, ҳифзи меҳнат, хизматрасонии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак таъмин карда мешавад.

Моддаҳои 21 ва 22 қонуни мазкур амалигардонии ҳуқуқи кӯдакро ба зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи кӯдакро дар муносибат бо падар ва модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак имконпазир мегардонад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки зарурати ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакро ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ӯ дар оила пешбинӣ намудаанд. Ҳамин тавр, ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонӣ (м.55), ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ (м.57) ҳуқуқ дорад. Мутобиқи моддаи 571 Кодекси оилаи ҶТ кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад.

Қонунгузории оилавӣ инчунин ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдаконро ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон пешбинӣ намудааст. Масалан, моддаи 65 Кодекси оила талаб менамояд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шавад, яъне таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории онҳо бошад. Қоидаи мазкур инчунин ба ҳолатҳои татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн ҳангоми аз фарзанд ҷудо зиндагӣ кардани падару модар, муоширати кӯдакон бо бобою бибӣ, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон, барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ, гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидайн аз ҳуқуқи падару модарӣ паҳн мешавад.

Баъзе моддаҳои Кодекси оила меъёрҳоеро дар бар мегиранд, ки имконияти амалигардонии ҳуқуқҳои кӯдакро дар сурати ба манфиатҳои ӯ мухолифат кардани онҳо, маҳдуд менамоянд. Чунин маҳдудият дар мавриди ҳуқуқи кӯдак ба изҳор намудани фикри худ муқаррар шудааст: “дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд” (қ.1 м.571).

Ҳангоми ҳалли масъалаҳои вобаста ба фарзандхонӣ, маҳдуд ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ манфиатҳои кӯдакон ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, фарзандхонӣ мутобиқи моддаи 125 Кодекси оила танҳо ба манфиати кӯдакон иҷозат дода мешавад. Фарзандхонии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхонӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад (қ.3 м.125) Моддаи 132 Кодекси оила барои фарзандхонии кӯдаки ба синни 10 солагӣ расида гирифтани фикри ӯро зарур мешуморад. Суд метавонад бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак фарзандхониро бо асосҳои бо қонун пешбининашуда бекор кунад (қ.2 м.141).

Мутобиқи моддаи 8 Кодекси оилаи ҶТ ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ӯ ҳуқуқ дорад ба мақомоти васояту парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ба суд муроҷиат намояд.

Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №30 тасдиқ шудааст, пешбинӣ менамояд, ки мақомоти васояту парасторӣ зимни амалӣ гардонидани фаъолият оид ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, пеш аз ҳама принсипи афзалияти манфиатҳои кӯдакро ба роҳбарӣ мегиранд.

Ҳангоми баррасии баҳсҳои гуногуни оилавӣ дар суд, аз ҷумла баҳсҳои байни падару модари кӯдак вобаста ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои волидайн, ки болотар қайд гардид, манфиатҳои кӯдак ва дар як қатор ҳолатҳо фикри ӯ ба назар гирифта мешавад.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қонунгузории оилавӣ ба принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак диққати аввалиндараҷа дода шудааст, зеро он дар таъмини воқеии инкишофи муътадили маънавию чисмонии кӯдак нақши муҳим дорад.

Ҳабибулозода Раҷабмо,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон, Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Р.Ҳабибулозода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Чорабиниро З.Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои зикргардида табрику таҳният намуданд.

З.Ализода қайд намуданд, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Албата ин чи аз нигоҳи қонун чи аз нигоҳи ахлоқ ва чи аз нигоҳи маънавӣ як иди муҳим аст, чунки нақши Президент ҳамчун сарвари давлат, ҳамчун намояндаи давлат ва миллат дар рушду пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон аҳамияти хоса дорад. Хушбахтона дар рӯзи ин ид боз як ҳодисаи таърихие, ки барои миллати мо барои давлати мо бисёр муҳим аст ин ба кор даровардани нахустин агрегати НБО Роғун аст. Бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ин иншооити асрро, иншооте, ки барои давлату миллати мо бисёр нақши муҳим дорад  сохта ба истифода диҳем».

Сипас Ваколатдор оид ба ҳуққуқи кӯдак Ҳабибулозода Р. ҳозиринро бо муносибати Рӯзи Президент ва ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун»  табрику таҳният гуфта, оид ба нақши Президенти дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти ин иншоот дар  пешрафти кишвар фикрҳои худро иброз намуданд.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин Салоҳиддинов М. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун» маърӯза намуд. Дар маърӯза зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Ҳамин буд, ки имрӯз чархаи аввали Неругоҳи барқии обии «Роғун», ки калонтарин НБО дар минтақа хоҳад буд, ба истифода дода мешавад.

Дар интиҳои чорабинӣ З.Ализода мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки бо ба кор даромадани НБО «Роғун» дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тарақӣ намуда, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

Дар Душанбе натиҷаҳои муқаддамотии мониторинги муассисаҳои пӯшида дар соли 2018-ро баррасӣ карданд

ШиканчаНатиҷаҳои муқаддамотии мониторинги ҷойҳои маҳрумияту маҳдудият аз озодӣ рӯзи 5-уми ноябр дар дар ҷараёни вохӯрии гуруҳи корӣ оид ба пешбурди тадбиқи Протоколи факултативӣ (ПФ) ба Конвенсияи зидди шиканҷа (КИШ)-и СММ баррасӣ гардиданд.

Дар соли ҷорӣ боздид аз 7 муассиса срат гирифт: Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвози ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Рӯшони ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ, Маркази вилоятии наркологии Суғд (шаҳри Хуҷанд), муассисаи руҳии ноҳиявӣ дар Зафаробод, тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Аз ҷумла, узви гуруҳи мониторингӣ, муовини сардори бахши ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ-сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Ҳусниддин Нидоев ба иштирокчиён натиҷаҳои мониторинги тавқифгоҳи муваққатии АНМН дар ноҳияи Зафарободро муаррифӣ кард. Тавре ӯ зикр намуд, гуруҳи мониторингӣ дар таҷрибаи худ аввалин маротиба дар муассисаҳои зертобеи АНМН ва дигар оҷонсиҳое, ки қаблан онҷо мониторинг гузаронида намешуд, гузаронидани мониторингҳоро оғоз кард.

«Шароит дар тавқифгоҳҳои муваққатии АНМН назар ба тавқифгоҳҳои муваққатии системаи ВКД беҳтар аст. Камераҳо бо обу ҳоҷатхона таъминанд. Дар бораи тавқифгоҳи муваққатии АНМН дар ноҳияи Зафаробод бошад, он миёни ҳамаи муассисаҳое, ки аъзои гуруҳ мониторинг гузарониданд, яке аз муассисаҳое буд, ки шароити хуб надошт. Ба ғайр аз ин, корманд 3 моҳ боз маош нагирифта, хӯрока нокофӣ ва анборҳо холӣ буданд. Роҳбарият воситаҳои буҷавиеро, ки барои ин муассиса барои соли 2018 ҷудо шдаанд, аз Вазорати молия талаб накардааст. Идораи ВҲИ аллакай ба Вазорати тандурустӣ мактуб омода кардааст, то нисбати ҳолати дар ин муассиса пешомада чора андешанд ва шароити будубоши бошандагонро дар он беҳтар намоянд»,- гуфт Нидоев.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода зикр намуд, ки дар нақша аст, то соли оянда фаъолияти гуруҳ васеъ гардонида ва ба он шумораи бештари кормандони ВҲИ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид карда шаванд.

Қисми дуюми вохӯрӣ ба омӯзиши таҷрибаи таъсис ва амалисозии Механизми миллии пешгирикунанда (ММП)-и Арманистон бахшида шуда буд. Дар ин мавзуъ узви Гуруҳи корӣ, сардори бахши назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодии Прокуратураи генералӣ Нурализода Ш. ва узви Гуруҳи корӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Т. баромад карданд. Онҳо дар бораи вохӯриҳои баргузоргардида, оид ба боздид аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбасҳо сухан гуфта, инчунин нуктаҳои асосии таҷрибаи Арманистонро зикр намуданд: фаъолияти Омбудсмен тавассути Қонуни конститутсионӣ идора мешавад ва дар ҳамин қонун уҳдадориҳои ММП ба назар гирифта шудаанд; хадамоти тафтишотӣ дар Арманистон алоҳида аст, сохтори мустақил тавассути қонуни ҷудогона идора карда мешавад; кадрҳои идораи Омбудсмен хеле маълумотноканд ва соҳаи худро хуб медонанд; дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ телефон бо рақамҳои боварии ВҲИ насб карда шудааст, ки зангзанӣ ройгон аст; ҷараёни аз системаи ВА ҷудо кардану ба системаи Вазорати тандурустӣ ворид намудани кормандони тиббӣ идома дорад; ҳалли масъалаи озод кардан пеш аз муҳлат ва вазнин ё сабук намудани режим дар ихтиёри худи муассиса аст, на суд.

Зариф Ализода дар анҷоми вохӯрӣ зикр намуд, ки ИА ҳангоми муколама кори гуруҳро мусбат арзёбӣ кард ва омода аст ҳамкорӣ намояду барои соли оянда кӯмаки техникӣ расонад.

Бояд гуфт, ки ин вохӯрии сеюми Гуруҳи корӣ дар соли 2018 аст. Дар моҳи декабр ҳайати гуруҳ боз ҷамъ мешаванд, то нақша барои соли 2019-ро баррасӣ намоянд.

www.notorturetj.org

 

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» ҳамоиши илмӣ доир гардид

Хамоиш - Президент - РогунНеругоҳи барқи обии «Роғун»  барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он масъалаи нангу номуси миллист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қотеият, қаҳрамонона ва ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони ин иншооти азимро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ оварданд ва онро то ба охир мерасонанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмие, ки таҳти унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари Роғун» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини НБО «Роғун» доир гардид, намояндагони Академияи илмҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ва дигарон оид ба нақши Сарвари давлат дар бунёди НБО «Роғун» сухан карданд.

Зикр шуд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад.

«Хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ, балки дар масъалаҳои дорои аҳамияти  байналмилалӣ низ бузург мебошанд. Маҳз тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд обрӯ ва эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд»,- гуфта шуд дар идомаи ҷамъомад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, бахусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли мамлакат  муқаррар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи хурсандӣ, рӯзи расидан ба ормонҳои миллӣ –истиқлолияти комили энергетикӣ наздик омад ва ба ин сана соатҳои башумор боқӣ монд. Пагоҳ, 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати нахустини НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад.

15.11.2018  www.khovar.tj