Мизи мудаввар дар ноҳияи Рашт

24-25 октябри соли 2018 тибқи Нақшаи кори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур дар ноҳияи Рашт бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, муассисаҳои иҷтимоӣ, нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигарон  дар мавзӯи «Санадҳои байналмилалӣ ва милли дар самти ҳуқуқи маъюбон, баробарии гендерӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила» мизи мудаввар гузаронида шуд.

Аз ҷониби иштирокчиён саволҳо дар бораи манзил, расонидани кумак ба маъюбон, нафақаи маъюбон, имтиёзҳо барои маъюбон, оид ба ҳуқуқҳои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ҷавобгарӣ барои зӯроварӣ дар оила ва дигарҳо дода шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ