Баррасии масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар Форуми чоруми миллӣ оид ба волоияти қонун

форум1Бахшида ба 24 — умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 2 ноябр дар Китобхонаи миллӣ Форуми  чоруми   миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори форум намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи форуми мазкур таъкид гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.

Зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ асосҳои муосири фаъолияти қонунгузорӣ ташаккул ёфта,  дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ беш аз 360 қонун дар соҳаҳои мухталифи қонунгузорӣ, аз қабили гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнат, экологӣ, молия, маъмурию ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, таҳия ва аз лиҳози меъёрӣ таъмин гардиданд.

Дар Форуми миллӣ масъалаҳо оид ба рушди қонунгузорӣ, мушкилӣ ва муаммоҳои соҳаи меъёрэҷодкунӣ бо назардошти муқаррароти Консепсияи  сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар замони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, мушкилот ва дурнамо, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва сайёҳӣ заминаҳои бунёдии таҳкимбахшандаи иқтисодиёт,  иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор  ва воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ, муаммоҳо ва дурнамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаҳои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон зермавзӯъҳои таҳияи Стратетегия рушди ҳуқуқи инсон дар ҶТ, мутобиқсозии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳуқуқҳои кӯдакро дар бар мегирифт.

Дар бахши мазкур ҳайати мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти роҳбарии Р.Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокчиён паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои гузошташударо матраҳ намуда, оид ба боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва амалисозии чорабиниҳои банақшагирифташуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ