Зарринварақи китоби истиқлолияти мо-ин «Роғун» аст

рогуннДар ватани азизамон Тоҷикистон қаблан 16-уми ноябрро ба муносибати Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷашн мегирифтанд. Баъдан ба ин рӯзи таърихи боз як ҷашни дигар ҳамроҳ шуд ин Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва имсол бошад боз як ҷашни таърихии дигар ба ин рӯзи бузург ҳамроҳ мешавад, ки барои халқи тоҷик нуру сафо хоҳад бахшид. Дар ин рӯз чархаи аввали Неругоҳи барқии обии «Роғун» бо сарбанди баландии 335 метр, ки баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловаттсоат) калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд ба истифода дода мешавад.

Бастани маҷрои дарёи Вахш 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳанӯз дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст.

Корҳои дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин замон амалигардида аз воқеияти суханони Пешвои миллат дарак медиҳанд. «Шоҳиди бевоситаи он будем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холиси худ зиёда аз ҳафт сол пеш ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои минтақа муроҷиат ва ба таври расмӣ пешниҳод намуда буд, ки ба Консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохтмони ин иншоот ҳамроҳ шаванд».

Ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Ҳамин буд, ки Тоҷикистон қадам ба қадам ба истиқлолияти энергетикӣ наздик мешавад ва тавре Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, бе сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест, ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст. Аҳамияти дигри хеле муҳим ва минтақавӣ доштани Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ин ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ будани лоиҳаи бунёди неругоҳ мебошад ва татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад.

Дар маҷмӯъ, бунёди НБО «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, чархи нахустини ин иншооти бузурги аср ҳамагӣ баъд аз рӯзҳои башумор ва агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода мешаванд. Дар ин росто, кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро дар оянда аз он баҳра мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин иншооти стратегӣ-НБО «Роғун»-ро ҷабҳаи созандагӣ ба хотири ободӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар ин иншооти бузург барои ҳар фарди ватандӯст коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф аст, зеро онҳо дар иншооте кор мекунанд, ки сарнавишту рушди миллату давлат ба он вобаста мебошад.

«Роғун» ин нишондиҳандаи иродаи матин ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва некўаҳволии мардуми мо мебошад.

Роғун-Роғун мубашшири иқболӣ,
Шаъну шарафи миллати фаррухфолӣ.
Ту мактаби нангу номуси фахри Ватан,
Зарринварақи китоби истиқлолӣ.
                                                        Меҳринисо Бобобекова

Муҳаммад Салоҳиддинов – корманди мақомоти ВҲИ ҶТ