Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон, Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Р.Ҳабибулозода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Чорабиниро З.Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои зикргардида табрику таҳният намуданд.

З.Ализода қайд намуданд, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Албата ин чи аз нигоҳи қонун чи аз нигоҳи ахлоқ ва чи аз нигоҳи маънавӣ як иди муҳим аст, чунки нақши Президент ҳамчун сарвари давлат, ҳамчун намояндаи давлат ва миллат дар рушду пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон аҳамияти хоса дорад. Хушбахтона дар рӯзи ин ид боз як ҳодисаи таърихие, ки барои миллати мо барои давлати мо бисёр муҳим аст ин ба кор даровардани нахустин агрегати НБО Роғун аст. Бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ин иншооити асрро, иншооте, ки барои давлату миллати мо бисёр нақши муҳим дорад  сохта ба истифода диҳем».

Сипас Ваколатдор оид ба ҳуққуқи кӯдак Ҳабибулозода Р. ҳозиринро бо муносибати Рӯзи Президент ва ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун»  табрику таҳният гуфта, оид ба нақши Президенти дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти ин иншоот дар  пешрафти кишвар фикрҳои худро иброз намуданд.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин Салоҳиддинов М. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун» маърӯза намуд. Дар маърӯза зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Ҳамин буд, ки имрӯз чархаи аввали Неругоҳи барқии обии «Роғун», ки калонтарин НБО дар минтақа хоҳад буд, ба истифода дода мешавад.

Дар интиҳои чорабинӣ З.Ализода мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки бо ба кор даромадани НБО «Роғун» дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тарақӣ намуда, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

Дар Душанбе натиҷаҳои муқаддамотии мониторинги муассисаҳои пӯшида дар соли 2018-ро баррасӣ карданд

ШиканчаНатиҷаҳои муқаддамотии мониторинги ҷойҳои маҳрумияту маҳдудият аз озодӣ рӯзи 5-уми ноябр дар дар ҷараёни вохӯрии гуруҳи корӣ оид ба пешбурди тадбиқи Протоколи факултативӣ (ПФ) ба Конвенсияи зидди шиканҷа (КИШ)-и СММ баррасӣ гардиданд.

Дар соли ҷорӣ боздид аз 7 муассиса срат гирифт: Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвози ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Рӯшони ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ, Маркази вилоятии наркологии Суғд (шаҳри Хуҷанд), муассисаи руҳии ноҳиявӣ дар Зафаробод, тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Аз ҷумла, узви гуруҳи мониторингӣ, муовини сардори бахши ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ-сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Ҳусниддин Нидоев ба иштирокчиён натиҷаҳои мониторинги тавқифгоҳи муваққатии АНМН дар ноҳияи Зафарободро муаррифӣ кард. Тавре ӯ зикр намуд, гуруҳи мониторингӣ дар таҷрибаи худ аввалин маротиба дар муассисаҳои зертобеи АНМН ва дигар оҷонсиҳое, ки қаблан онҷо мониторинг гузаронида намешуд, гузаронидани мониторингҳоро оғоз кард.

«Шароит дар тавқифгоҳҳои муваққатии АНМН назар ба тавқифгоҳҳои муваққатии системаи ВКД беҳтар аст. Камераҳо бо обу ҳоҷатхона таъминанд. Дар бораи тавқифгоҳи муваққатии АНМН дар ноҳияи Зафаробод бошад, он миёни ҳамаи муассисаҳое, ки аъзои гуруҳ мониторинг гузарониданд, яке аз муассисаҳое буд, ки шароити хуб надошт. Ба ғайр аз ин, корманд 3 моҳ боз маош нагирифта, хӯрока нокофӣ ва анборҳо холӣ буданд. Роҳбарият воситаҳои буҷавиеро, ки барои ин муассиса барои соли 2018 ҷудо шдаанд, аз Вазорати молия талаб накардааст. Идораи ВҲИ аллакай ба Вазорати тандурустӣ мактуб омода кардааст, то нисбати ҳолати дар ин муассиса пешомада чора андешанд ва шароити будубоши бошандагонро дар он беҳтар намоянд»,- гуфт Нидоев.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода зикр намуд, ки дар нақша аст, то соли оянда фаъолияти гуруҳ васеъ гардонида ва ба он шумораи бештари кормандони ВҲИ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид карда шаванд.

Қисми дуюми вохӯрӣ ба омӯзиши таҷрибаи таъсис ва амалисозии Механизми миллии пешгирикунанда (ММП)-и Арманистон бахшида шуда буд. Дар ин мавзуъ узви Гуруҳи корӣ, сардори бахши назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодии Прокуратураи генералӣ Нурализода Ш. ва узви Гуруҳи корӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Т. баромад карданд. Онҳо дар бораи вохӯриҳои баргузоргардида, оид ба боздид аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбасҳо сухан гуфта, инчунин нуктаҳои асосии таҷрибаи Арманистонро зикр намуданд: фаъолияти Омбудсмен тавассути Қонуни конститутсионӣ идора мешавад ва дар ҳамин қонун уҳдадориҳои ММП ба назар гирифта шудаанд; хадамоти тафтишотӣ дар Арманистон алоҳида аст, сохтори мустақил тавассути қонуни ҷудогона идора карда мешавад; кадрҳои идораи Омбудсмен хеле маълумотноканд ва соҳаи худро хуб медонанд; дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ телефон бо рақамҳои боварии ВҲИ насб карда шудааст, ки зангзанӣ ройгон аст; ҷараёни аз системаи ВА ҷудо кардану ба системаи Вазорати тандурустӣ ворид намудани кормандони тиббӣ идома дорад; ҳалли масъалаи озод кардан пеш аз муҳлат ва вазнин ё сабук намудани режим дар ихтиёри худи муассиса аст, на суд.

Зариф Ализода дар анҷоми вохӯрӣ зикр намуд, ки ИА ҳангоми муколама кори гуруҳро мусбат арзёбӣ кард ва омода аст ҳамкорӣ намояду барои соли оянда кӯмаки техникӣ расонад.

Бояд гуфт, ки ин вохӯрии сеюми Гуруҳи корӣ дар соли 2018 аст. Дар моҳи декабр ҳайати гуруҳ боз ҷамъ мешаванд, то нақша барои соли 2019-ро баррасӣ намоянд.

www.notorturetj.org

 

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» ҳамоиши илмӣ доир гардид

Хамоиш - Президент - РогунНеругоҳи барқи обии «Роғун»  барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он масъалаи нангу номуси миллист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қотеият, қаҳрамонона ва ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони ин иншооти азимро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ оварданд ва онро то ба охир мерасонанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмие, ки таҳти унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари Роғун» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини НБО «Роғун» доир гардид, намояндагони Академияи илмҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ва дигарон оид ба нақши Сарвари давлат дар бунёди НБО «Роғун» сухан карданд.

Зикр шуд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад.

«Хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ, балки дар масъалаҳои дорои аҳамияти  байналмилалӣ низ бузург мебошанд. Маҳз тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд обрӯ ва эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд»,- гуфта шуд дар идомаи ҷамъомад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, бахусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли мамлакат  муқаррар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи хурсандӣ, рӯзи расидан ба ормонҳои миллӣ –истиқлолияти комили энергетикӣ наздик омад ва ба ин сана соатҳои башумор боқӣ монд. Пагоҳ, 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати нахустини НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад.

15.11.2018  www.khovar.tj