Кӯдакон – гулҳои зиндагии мо. 20 ноябр Рӯзи байналмилалии кӯдак таҷлил мегардад

 

Чаноб бо кудак20 ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Таърихи таҷлил гардидани ин ид ба соли  1954 рост меояд. Маҳз дар ин сол Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта шавад. СММ мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шавад.

Мақсади таҷлили ин рӯз дар он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

20 ноябри соли 1959 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол, 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Бояд гуфт, ки соли равон аз батасвиб расидани ин Конвенсия 25 сол сипарӣ гардид.

R-HabibullozodaТавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар суҳбат бо мухбири  АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.  Ҳамзамон ин қонун ҳамаи ҳуқуҳоеро, ки барои инкишофи кӯдак заруранд, кафолат медиҳад ва бобати таъмину пешрафти ҳуқуқи кӯдак салоҳияти мақомоти дахлдорро пешбинӣ менамояд».

Бояд гуфт, ки ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат,  фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми даҳ соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба истифода дода шуданд, ки мунтазам фаъолият доранд.

Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд».

Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Тибқи маълумоти воситаҳои ахбори омма, дар ҷаҳон зиёда аз 50 миллион кӯдакон имкони таҳсил кардан надоранд.

Novyj-risunok-2-12-150x150«Таҳсилоти томактабӣ ба ояндаи кӯдак нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин рушди таҳсилоти то мактаби миёнаи умумӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият қарор  дода шудааст»,- зикр намуд сардори раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо назардошти он, ки соҳа самти муҳим ва афзалиятнок  мебошад, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳирии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. «Аз ҷумла, барои фарогирӣ ба зинаи таҳсилотии томактабӣ тадбрҳои таъхирнопазир андешида шудаанд»,- илова намуд Қутбиддин Муҳиддинзода.

Мавриди зикр аст, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон барои то соли 2020 бояд фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти то мактабӣ ба  30 фоиз расонида шавад.

Ба иттилои сардори раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 93 ҳазор кӯдак  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ 92 муассисаи томактабии хусусӣ амал мекунанд.

Дар мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ қабул гардидааст, ки ҳадаф аз қабули он ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ буда, тавассути он фарогирии кӯдакон ба зинаи томактабӣ зиёд карда мешавад.

«Фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусӣ дар як радиф гузошта шадааст ва аз он имтиёзҳое, ки муассисаҳои томактабии давлатӣ бархурдоранд, чунин муассисаҳои хусусӣ низ баҳраманд мегарданд»,- зикр кард  Қутбиддин Муҳиддинзода.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои асосии низоми маориф буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди бемайлони он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Хулоса Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои рӯ ба рушди ҷомеаи муосир буда, дар он ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Зеро тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Кӯдакон гулҳои зиндагии мо мебошанд».

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Таърихи таҳия ва қабулшавии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак

Ба муносибати 25-умин солгарди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак

 

IMG_20181120_08465920 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ менамояд.

Инсоният барои қабули ин ҳуҷҷат роҳи дуру дарозро тай намуд. Чунки то таҳия ва қабулшавии ин санади муътабар, сараввал соли 1924 Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо, соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ  Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, соли 1959 Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардиданд. Дар соли 1989 қабул гаштани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва аз 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани ба авҷи ҳамаи он кӯшишҳо нуқта гузошт.

Кӯдакон ва ҳуқуқҳои онҳо аз лаҳзаи таъсисёбии он, яъне аз соли 1945 дар мадди назари СММ қарор дошта, яке аз санадҳои аввалини Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таъсис додани Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мебошад, ки айни замон сохтори асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон ба шумор меравад.

Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 1948 қабул шудааст, қайд мешавад, ки кӯдакон бояд объекти махсуси ғамхорӣ ва кӯмак бошанд.

Соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул карда, дар он қайд менамояд, ки инсоният вазифадор аст ба кӯдакон беҳтарин шароитро муҳайё созад. Ғайр аз ин дар он 10 принсипҳои иҷтимоию ҳуқуқии марбут ба ҳифз ва некӯаҳволии кӯдакон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эълон карда шуда, аз волидон, шахсони алоҳида, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомотҳои маҳаллӣ ва давлатҳо даъват карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдаконро эътироф ва ба эҳтироми онҳо саъй намоянд. Ҳамчунин дар Эъломия қайд шудааст, ки кӯдакон бояд бо ҳимояи махсус, имконият ва шароитҳои зарурӣ барои рушди солим дар шароити озодӣ ва эҳтироми шаъну шарафашон инкишоф ёбанд.

Бо вуҷуди ин, бо гузашти вақт зарурати қабули санади нав, яъне Конвенсия пеш омад. Вобаста ба ин масъала бояд қайд намуд, ки санади байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсонро метавон ба ду гурӯҳи калон тақсим кард: эъломияҳо ва конвенсияҳо. Агар Эъломия (аз калимаи лотинӣ – эълон намудан) қувваи ҳатмӣ надошта, танҳо санади тавсиявие, ки принсипҳои асосӣ ва барномавиро эълон намояд, пас Конвенсия (аз лотинӣ – шартнома, созишнома) санади шартномавии махсуси ба ягон масъала вобастабуда, дорои қувваи ҳатмие мебошад, ки ба он давлатҳо ҳамроҳ мешаванд (ба имзо мерасонанд ё ба тасвиб мерасонанд).

Дар тӯли 30 соли мавҷудияти Эъломияи ҳуқуқи кӯдак фаҳмишҳо тағйир ёфта, мафҳум ва меъёрҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои ҳамин дар Конвенсия ҳуқуқҳои кӯдак ба таври васеъ муайян шуда, он доираи васеи масъалаҳоро фаро мегирад. Зарурат барои ба ҳуқуқҳои кӯдакон додани қувваи махсуси ҳатмии шартномавӣ дар давраи омодагӣ ба Соли байналмилалии кӯдак, ки соли 1979 таҷлил карда шуд, зоҳир гардид. Бинобар ин дар тӯли даҳ сол, аз соли 1979 сар карда то соли 1989 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар кори он ҳуқуқшиносон, табибон, педагогҳо, психологҳо, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва дину мазҳабҳои гуногун аз саросари ҷаҳон ширкат варзиданд, ин лоиҳаро таҳия намуд.

Дар муқоиса бо Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки соли 1959 қабул шуда, дар он 10 принсипи кӯтоҳи дорои хусусияти эъломиявидошта дарҷ гашта буд, Конвенсия аз моддаҳо иборат буда, қариб ҳама ҷанбаҳои вобаста ба ҳаёт ва вазъи кӯдакон дар ҷомеаро фаро мегирад. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак на танҳо муқаррароти Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро тақвият ва мушаххас намуд, балки бо тасдиқи он ки давлатҳое, ки ба он ҳамроҳ мешаванд дорои масъулияти ҳуқуқӣ буда, барои амалҳои худ нисбати кӯдакон масъуланд, мукаммалтар гардонида шуд.

Конвенсия барои тамоми халқҳо дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон аҳамияти баробар дорад. Сарфи назар аз он, ки Конвенсия меъёрҳои умумиро муқаррар мекунад, дар он воқеиятҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои алоҳида ба инобат гирифта шудааст, ки ба ҳар як давлат имкон медиҳад усули миллии худро барои татбиқи ин меъёрҳо дар асоси ҳуқуқҳои умумӣ барои ҳама интихоб намояд. Бинобар ин Конвенсия хусусияти универсалӣ дорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсия баҳои баланд дода, онро ҳамчун ҳуҷҷати барҷастаи инсондӯстона дар замони имрӯза мешуморад. Бинобар ин Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҷаласаи солонаи худ моҳи июни соли 1992 бори дигар ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ҳар сол санаи 20 уми ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки Конвенсия ҳуҷҷати арзишмандтарини педагогӣ буда, он ҳам калонсолон ва ҳам кӯдаконро барои муносибат намудан ба воситаи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гуманизм ва демократизм, эҳтиром ва ғамхорӣ ба шахсияти кӯдак ва фикру ақидаи онҳо асос ёфтааст, даъват менамояд. Меъёрҳои Конвенсия бояд асоси педагогика, тарбия ва барҳамдиҳии қатъии тарзи авторитарии муносибат байни калонсолон ва кӯдакон, муаллим ва талабаҳо бошад. Ҳамзамон Конвенсия зарурати ташаккули фаҳмиши дурусти насли наврасро дар бораи қонунҳо, ҳуқуқҳои дигар шахсон ва муносибати боэҳтиромона нисбати онҳоро қайд мекунад.

Мақсад ва ё идеяи асосии Конвенсия таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад ва меъёрҳои он ба чор принсипи асосии бунёдӣ, ки бояд тавассути онҳо ҳуқуқҳои кӯдакон таъмин гарданд, яъне зинда мондан, рушд ёфтан, ҳимоя ва таъмини иштироки фаъолона дар ҷомеа мебошад.

Конвенсия як қатор принсипҳои муҳими ҳуқуқӣ – иҷтимоиро қайд мекунад, ки асоситарини онҳо эътирофи кӯдак ҳамчун шахси пурарзиш ва комилҳуқуқ мебошад. Сабаби чунин эътирофнамоӣ дар он аст, ки кӯдакон бояд дорои ҳуқуқҳои инсонӣ ҳамчун ҳуқуқҳои худ бошанд, на чун қисме аз оила, волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда.

Ин принсипҳо, ки бояд ҳамаи муқаррароти Конвенсияро бо фарогирии барномаҳои миллӣ оид ба татбиқи онҳо тафсир бахшанд, аз ҷумла дар моддаҳои 2, 3, 6 ва 12-и Конвенсия баён шудаанд.

Аз ҷумла давлатҳои аъзо бояд таъмин намоянд, ки ҳар як кӯдаки дар ҳудуди ҳуқуқии (юрисдиксияи) онҳо қарордошта ҳуқуқҳои худро бидуни табъиз амалӣ гардонда тавонад. Асоси ин принсип таъмини имкониятҳои баробар мебошад. Яъне духтарон бояд бо писарон имкониятҳои баробар дошта бошанд. Кӯдакон аз ҷумлаи гурезаҳо, кӯдакони мансуб ба халқҳои таҳҷоӣ ё ақаллиятҳо бояд соҳиби ҳамон ҳуқуқҳое бошанд, ки аҳолии дигар доранд.

Муқаррароти Конвенсия вобаста ба таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба зарурати дар навбати аввал таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба манфиатҳои кӯдак нигаронида шудааст. Яъне дар ҳамаи амалҳо нисбат ба кӯдакон, сарфи назар аз он ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Тибқи моддаи мазкур давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дарназардошти ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модари кӯдак, васиҳо ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ӯ масъулбуда ба кӯдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои беҳбудии ӯ заруранд ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва маъмуриро меандешанд.

Мутобиқи моддаи 6 Конвенсия ҳуқуқ ба ҳаёт, зинда мондан ва инкишофи кӯдакон аз ҷониби давлатҳои аъзо бояд дар ҳадди аксари имконпазир таъмин гардад. Истилоҳи дар ин модда истифодашавандаи «инкишоф»-ро ба маънии васеъ бо дарназардошти ҷанбаи сифатии он бояд тафсир бахшид, яъне ҳадафи меъёри нишондодашуда на танҳо нигаҳдошти саломатии ҷисмонӣ, ҳамчунин таъмини инкишофи равонӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдак мебошад.

Яке аз принсипҳои дигари Конвенсия (моддаи 12) ба назар гирифтани ақидаҳои кӯдак мебошад. Мутобиқи ин принсип ба кӯдакон бояд ҳуқуқи озодона баён кардани ақидаҳои худ оид ба ҳамаи масъалаҳои ба онҳо дахлдор дода шавад. Зимнан, ба ақидаҳои кӯдак «мутобиқи синну сол ва камолоти кӯдак» бояд диққати зарурӣ зоҳир гардад. Ин принсип ба кӯдакон ҳуқуқи баён кардани фикри худ ва ба таври ҷиддӣ ба назар гирифтани ақидаҳои онҳо, аз ҷумла дар ҷараёни ҳама гуна муҳокимаҳои судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдоштаро дар назар дорад.

Ҳамин тариқ Конвенсия механизми назоратии онро низ ба инобат гирифта, бо мақсади баррасӣ намудани пешравиҳо аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ дар таъмини иҷрои ҳуқуқҳои кӯдак Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудааст. Сохтор ва функсияҳои он дар моддаҳои 43-45 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шудааст.

Мутобиқи банди 1 моддаи 44 Конвенсия, давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ба воситаи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи муқаррароти Конвенсия ба Кумита маърӯзаҳо пешниҳод намоянд. Ҳисоботи ибтидоӣ аз ҷониби давлат ба Кумита пас аз 2 соли батасвибрасонӣ ва минбаъд ҳар 5 сол пешниҳод карда мешавад.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ қоидаҳои наверо ҷорӣ намуд, ки давлатҳои иштирокчии он бояд барои риояи ин меъёрҳо саъю кӯшиш намоянд.

Конвенсия эътироф мекунад, ки на ҳама давлатҳо дорои захираҳои зарурӣ барои таъмини фаврии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, Конвенсия онҳоро вазифадор мекунад, ки ба ин ҳуқуқҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъмини риояи онҳоро ба ҳадди аксари имконпазир бо захираҳои мавҷуда таъмин намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард. Ба ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ду протоколи иловагӣ ба Конвенсияи мазкурро, ки яке ба манъи фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дахл дорад ва дигараш ба пешгирии иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона вобаста аст, ба тасвиб расонидааст.

Маърӯзаи аввалини Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Конвенсия ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, тибқи муқаррарот Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ва бори охир соли 2017 ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ маърӯзаҳои даврии худро пешниҳод намудааст. Маълумоти дар маърӯзаҳо инъикосёфта қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кӯдаконро фаро мегирад. Масалан, ҳуқуқҳои кӯдакон ва санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот; ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва кӯдакони бесарпараст; ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб; пешгирии ҷинояткории кӯдакон; ҳифзи саломатии кӯдакон ва ғайра.

Ҷиҳати иҷрои муқарраротҳои Конвенсия ва протоколҳои иловагӣ ба он дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳо андешида мешаванд. Пеш аз ҳама қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст. Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ нақшаву барномаҳои миллӣ, стратегия ва консепсияҳои дахлдор қабул ва бомуваффақият амалӣ мегарданд.

Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд, пайваста такмил дода мешаванд. Ҳамчунин бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Тоҷикистон чун давлатҳои дигари иштирокчии Конвенсия уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия таҳкимбахшидашудаи кӯдаконро таъмин намояд ва ҳифз кунад. Бо мақсади таъмини ҳифзи кӯдакон дар сатҳи давлатӣ сохторҳои дахлдор бо проблемаҳои кӯдакон машғул шуда, ба татбиқи муқаррароти Конвенсия дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.

Умуман кӯдакон ҳамчун ояндаи ҷамъият мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад.

Бинобар ин бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Таъсис додани чунин механизми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мебошад.

Сохтори мазкур бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.

Дар умум мақсад ва ғояи Конвенсия на танҳо воридсозии меъёрҳои он ба қонунгузории миллӣ, балки аз ҳама муҳимтар, ба мафкураи ҳар як нафар, ҳар як фарди ҷомеа ҷой намудани эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва тавассути ин таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад.

Азиз СОЛИЕВ,
ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ

Манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар мадди аввал

vhk2018Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта дарёфти роҳу воситаҳои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро ба миён гузошт. Вазъи ҳуқуқи кӯдакон (меҳнати кӯдакон, савдо ва фоҳишагии кӯдакон) ҷомеаро ба ин водор мекард.

Дар натиҷа якчанд санадҳои хусусияти эъломиявидошта қабул гардиданд: Эъломияи женевагии ҳуқуқҳои кӯдак (с. 1924), Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон (с. 1948) ва Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак (с. 1959), ки ба ҳимоя ва ғамхории махсус ҳуқуқ доштани кӯдаконро пешбинӣ мекарданд.

Дар соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба эътирофи талаботҳои махсус ва осебпазирии кӯдакон нуқта гузошта, масъулияти давлатҳои ба он ҳамроҳшударо оид ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон муқаррар намуд.

Конвенсия бори аввал кӯдакро ҳамчун шахсияти пурарзиш, комилҳуқуқ ва субъекти мустақили ҳуқуқ эътироф намуда, ҳамзамон афзалияти манфиатҳои кӯдаконро пешбинӣ кард.

Таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар баробари принсипҳои манъи табъиз, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд ва ҳуқуқи кӯдак ба шунида шудан принсипҳои бунёдии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва стандарти ҷомеаи нисбати кӯдак дӯстонаро ташкил медиҳанд. Принсипи мазкур давлатҳои иштирокчиро уҳдадор намудааст, ки барои амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шароитҳои беҳтаринро ташкил намоянд. Дар робита бо ин тамоми мақомотҳо – қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муассисаҳои хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ зимни қабули қарор ва амалӣ гардонидани фаъолияти худ манфиатҳои кӯдаконро бояд ба назар гиранд.

Таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ғояи асосии Конвенсияро ташкил медиҳад. Тибқи муқаррароти Конвенсия кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо падару модари худ зиндагӣ кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ба манфиати беҳтарини кӯдак мухолифат мекунад (қ. 1 м.9), падару модар барои тарбияи кӯдак масъуланд ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак мавриди таваҷҷуҳи асосии онҳо қарор меёбанд (қ.1 м.18), кӯдаке, ки муваққатан ё доимӣ аз ғамхории оилааш маҳрум аст ё ба хотири манфиатҳои беҳтарини худ дар ин муҳит буда наметавонад, ба ҳимоя ва ғамхории махсус ҳуқуқ дорад (қ.1 м.20), ҳангоми ҳалли масъалаҳои фарзандхондӣ пеш аз ҳама бояд беҳтарин манфиатҳои кӯдак ба назар гирифта шаванд (қ.1 м.21).

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад.

Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаи маориф, хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак, ҳифзи меҳнат, хизматрасонии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак таъмин карда мешавад.

Моддаҳои 21 ва 22 қонуни мазкур амалигардонии ҳуқуқи кӯдакро ба зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи кӯдакро дар муносибат бо падар ва модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак имконпазир мегардонад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки зарурати ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакро ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ӯ дар оила пешбинӣ намудаанд. Ҳамин тавр, ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонӣ (м.55), ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ (м.57) ҳуқуқ дорад. Мутобиқи моддаи 571 Кодекси оилаи ҶТ кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад.

Қонунгузории оилавӣ инчунин ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдаконро ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон пешбинӣ намудааст. Масалан, моддаи 65 Кодекси оила талаб менамояд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шавад, яъне таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории онҳо бошад. Қоидаи мазкур инчунин ба ҳолатҳои татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн ҳангоми аз фарзанд ҷудо зиндагӣ кардани падару модар, муоширати кӯдакон бо бобою бибӣ, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон, барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ, гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидайн аз ҳуқуқи падару модарӣ паҳн мешавад.

Баъзе моддаҳои Кодекси оила меъёрҳоеро дар бар мегиранд, ки имконияти амалигардонии ҳуқуқҳои кӯдакро дар сурати ба манфиатҳои ӯ мухолифат кардани онҳо, маҳдуд менамоянд. Чунин маҳдудият дар мавриди ҳуқуқи кӯдак ба изҳор намудани фикри худ муқаррар шудааст: “дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд” (қ.1 м.571).

Ҳангоми ҳалли масъалаҳои вобаста ба фарзандхонӣ, маҳдуд ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ манфиатҳои кӯдакон ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, фарзандхонӣ мутобиқи моддаи 125 Кодекси оила танҳо ба манфиати кӯдакон иҷозат дода мешавад. Фарзандхонии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхонӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад (қ.3 м.125) Моддаи 132 Кодекси оила барои фарзандхонии кӯдаки ба синни 10 солагӣ расида гирифтани фикри ӯро зарур мешуморад. Суд метавонад бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак фарзандхониро бо асосҳои бо қонун пешбининашуда бекор кунад (қ.2 м.141).

Мутобиқи моддаи 8 Кодекси оилаи ҶТ ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ӯ ҳуқуқ дорад ба мақомоти васояту парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ба суд муроҷиат намояд.

Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №30 тасдиқ шудааст, пешбинӣ менамояд, ки мақомоти васояту парасторӣ зимни амалӣ гардонидани фаъолият оид ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, пеш аз ҳама принсипи афзалияти манфиатҳои кӯдакро ба роҳбарӣ мегиранд.

Ҳангоми баррасии баҳсҳои гуногуни оилавӣ дар суд, аз ҷумла баҳсҳои байни падару модари кӯдак вобаста ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои волидайн, ки болотар қайд гардид, манфиатҳои кӯдак ва дар як қатор ҳолатҳо фикри ӯ ба назар гирифта мешавад.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қонунгузории оилавӣ ба принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак диққати аввалиндараҷа дода шудааст, зеро он дар таъмини воқеии инкишофи муътадили маънавию чисмонии кӯдак нақши муҳим дорад.

Ҳабибулозода Раҷабмо,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон