Парчам – шиносномаи давлату миллат

Парчам ЧТАз қадим давлатҳо бо рамзҳои гуногун мустақилият ва соҳибихтиёрии худро баён мекарданд. Яке аз ин рамзҳо Парчам мебошад, ки он ифодагари мустақилияти ҳар як давлат буда, баҳри ҳимояи марзу бум, ватану миллат, забону фарҳанг, фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад.

Парчаму парчамдорӣ ба мардуми мо аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ливои Куруши Кабиру ва дирафши Кова аз ҷумлаи онҳост. Давлатҳои бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз омада расидаст.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон (дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ) низ Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода гардида, бо назардошит вазъи сиёсии онвақта якчанд маротиба шаклу ранги худро иваз намудааст.

Парчами кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст ва ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурх ифодагари шуҷоат ва мардонагӣ, мубориза барои озодӣ ва рамзи истиқлолияти бадастомадаи миллати тоҷик аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ранги сабз бошад рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати муқаррар намудани моҳият ва тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 № 254 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтан (моддаи 5), ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгарӣ барои таҳқири Парчам (моддаи 11) пешбинӣ шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2016 ба қонуни мазкур ворид гардид шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.

«Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади дигаре мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 №659 тасдиқ шудааст ва масъалаҳоро вобаста ба тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти санади мазкур Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад. Инчунин муқаррар шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.

Мутобиқи муқаррароти қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, ҳар сол 24 ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.

ФлагИнчунин Бо иқдоми Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр мебошад бунёд гардид ва боғе, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Читавре дар боло зикр гардид моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои вайрон кардани талаботҳои он ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Яъне, Парчами давлатӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.

Вобаста ба беэҳтиромӣ нисбати Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбини шудаааст. Моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима пешбинӣ намуда, моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дар шакли ҷарима, маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ намудааст.

Парчами давлатӣ ҳамчун нишони шуҳрату сарфарозӣ, баёнгари ормонҳои миллат ва азму иродаи қавии мардум баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон мебошад. Он нишони шарафмандию бахту пирӯзӣ буда, шаҳрвандонро зери сояи худ мутаҳид менамояд ва ифтихори ватандории ҳар як шаҳрвандро зиёд мегардонад. Ҳамчунин парчам рамзест, ки маҳз тавассути он моро ва давлати моро дар саросари дунё мешиносанд ва онро метавон ҳамчун шиносномаи давлату миллат ном бурд. Бинобарин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст, ки Парчамро эҳтиром намуда, баҳри баланд бардоштан ва боз ҳам машҳур сохтани он саъю кушиш намояд.

Сайёд Раҳимов,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ЧТИмрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Раҷабмо Ҳабибулозода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Чорабиниро Р. Ҳабибулозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатдории навин табрик ва таҳният намуданд.  Қайд карда шуд, ки мувофиқи  моддаи 3-и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ Парчам низ ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Нақши Парчам дар ҳаёти ҳар як давлат бузург буда, он ифодагари мустақилият ва соҳибихтиёрии ҳар як давлат мебошад. Маҳз зери Парчами худ давлатҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Бинобар ин, эҳтироми волои Парчам  ин вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мизи мудаввар Сайёд Раҳимов – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Парчам — шиносномаи давлату миллат» маърӯза намуд. Дар маърӯза аз таърихи парчаму парчамдории тоҷикон,  санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба Парчами имрӯзаи Тоҷикикстон ва ҷаовбгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати Парчам маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки асосҳои ҳуқуқии Парчами давлатиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд.

Дар рафти муҳокимаи маърӯза иштирокчиёни мизи мудаввар фаъолона ширкат варзида, фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамбасти мизи мудаввар Раҷабмо Ҳабибулозода бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки эҳтироми Парчам  ин эҳтиром ба халқи Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, ватандорию ватандӯстӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ