Нақши Конститутсия дар рушди ҷомеа бузург аст

З.АлизодаСуҳбат бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода

— Шумо яке аз нафароне ҳас­тед, ки дар таҳияи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм доред. Аз ин рӯ, мехоҳем доир ба раванди таҳияи он каме маълумот диҳед.

— Замони таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бисёр ҳассос буд, зеро қадамҳои аввали соҳибистиқлолиро гузошта будем.

Баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ниҳоди президентӣ боз­дошта шуд ва ваколатҳои Роҳбари давлат ба зиммаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Баъди интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ сохтори конститутсионӣ барқарор гардид ва мақомоти давлатӣ ба кор шурӯъ карданд. Дар он давра, албатта, зарур буд, ки Конститутсия қабул ва сохтори давлатдорӣ, мақсаду мароми ҷомеа, рушди минбаъдаи Тоҷикистон муайян карда шавад. Ҳодисаҳои он давра ба ин масъала ҳам таъсир расониданд. Фикру андешаҳо гуногун буданд. Баъзеҳо мехостанд, ки шакли идоракунии давраи шӯравӣ бо андаке тағйирот нигоҳ дошта, роҳбарии коллективона амалӣ карда шавад. Қисмати дигар фикру андешаҳои нисбатан пешқадам доштанд. Онҳо талош мекарданд, ки давлати муосир дар шакле, ки имрӯз дар аксари ҷомеаҳои пешрафта вуҷуд дорад, созмон дода шавад. Яъне, тарафдори эъмо­ри давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буданд, ки мебоист дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла, ба халқ тааллуқ доштан ва тавассути он амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, набудани як идеологияи расмӣ ва ҳатмӣ амал мекард. Дар натиҷа, аз ҷониби Гурӯҳи кории таҳияи конститутсия ду лоиҳа омода гардид, ки яке «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигараш «Конститутсияи ҷумҳурии парлумонӣ» номгузорӣ шуд. Ин ду ҳуҷҷат ба баррасии Комиссияи конститутсионӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал мекард ва зиёда аз 60 нафар аъзо дошт (ба он роҳбарони сохторҳои давлатӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, шахсони сиёсӣ, намояндагони илму маориф, санъат, адабиёт шомил буданд), гузошта шуд. Дар натиҷа, аксарият ба лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» овоз доданд. Дастовардҳои имрӯзи ҷомеа натиҷаи дуруст интихоб шудани сохтори давлатдорӣ аст.

— Коршиносони байналмилалӣ қонуни асосии кишварро ба қатори 10 конститутсияи беҳтарини дунё дохил кардаанд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи он таҷрибаи кадом давлатҳо истифода шуд?

— Таҳияи лоиҳаи Конститутсия, пеш аз ҳама, аз шиносоӣ бо таҷрибаи дигар давлатҳо шурӯъ шуд. Кӯшиш мекардем бештар таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро омӯзем. Давлатҳоеро, ки 100-200 сол таҷриба доштанд, инчунин давлатҳоеро, ки аз нуқтаи назари тарзи зиндагӣ, таърихию фарҳангӣ наздиканд. Мақсади асосӣ дар он буд, ки роҳи мувофиқу муосири давлатдориро интихоб кунем. Аз санадҳои байналмилалӣ низ истифода шуд, аз ҷумла, онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон марбутанд. Таъсири даврони шӯравӣ ҳам ба назар мерасид, зеро дар Гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ шахсоне низ буданд, ки мехостанд баъзе унсурҳои муҳими сохти шӯравӣ нигоҳ дошта шавад. Онҳо намехостанд, ки ибораи «моликияти хусусӣ» дар сатҳи конститутсия эътироф гардад, чунки тибқи мафкураи пештара, асоси ҷомеаи истисморгарро моликияти хусусӣ ташкил медод ва он аз зеҳни мардум зудуда нашуда буд. Аз ин рӯ, дар моддаи 12 Конститутсия дар баробари «ҳамаи шаклҳои моликият» «аз ҷумла, моликияти хусусӣ» омадааст.

Умуман, дар Конститутсияе, ки соли 1994 қабул гардид, таъсири давраи гузариш эҳсос мешуд. Он як давраи таърихие буд, ки дар он бархӯрди мафкураи замони пештара бо давраи нав ба назар мерасид.

Хушбахтона, бо гузашти 24 сол ба мақсадҳои асосие, ки дар Конститутсия пешбинӣ шуданд, расидем. Пеш аз ҳама, ҳаёт собит кард, ки Конститутсия ҷавобгӯйи манфиатҳои Тоҷикистони соҳибис­тиқлол мебошад.

— Яке аз бадбахтиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолиро аксарият дар устувор набудани Конститутсияи ҳамон давра медонанд. Пӯшида нест, ки дар он замон тағйиру иловаҳоро ба ин санади муҳим вакилони Шӯрои Олӣ ворид мекарданд, аз ин рӯ, зуд — зуд бо таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ онро ба манфиати ҷонибе тағйир медоданд. Ба назари шумо, Конститутсияи тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи соли 1994 то кадом андоза дар рушди давлат ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат мусоидат кард?

— Депутатҳои Шӯрои Олӣ бо таъсири гурӯҳҳову майдонҳо дар як рӯз ба Конститутсия чанд тағйир ворид мекарданд. Дар он давра Конститутсияро ба як санади одӣ табдил доданд гӯем ҳам, хато намекунем. Бо дарназардошти таҷрибаи талх баррасиҳо дар масъалаи бо кадом роҳ қабул кардани он дурудароз давом карданд. Таклифҳо гуногун буданд. Масъалаи тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардани Конститутсия аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд. Роҳбари давлат таклиф карданд, ки Конститутсияро бояд худи мардум қабул кунад ва ҳама гуна тағйиру иловаҳо ба он низ тавассути раъйпурсӣ амалӣ гардад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки хусусияти муҳими Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудан мебошад. Ин тарзи қабул дар илми конститутсионалистӣ бо номи «конститутсияи сахт» ёд мешавад. Яъне, дигарон, ба ғайр аз халқ, Конститутсияро тағйир дода наметавонанд. Ин таҷрибаро дигар давлатҳо низ истифода бурданд. Аз ҷумла, Қирғизистон, ки чанд маротиба парлумонаш конститутсияро қабул кард ва онро бисёр қувваҳои сиёсии кишвар қобили қабул намедонистанд, таҷрибаи моро истифода бурд.

Аз ин рӯ, нақши Конститутсия дар рушди ҷомеа, хусусан расидан ба ваҳдати миллӣ, ниҳоят бузург аст. Баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ давлатдорӣ боз ҳам мустаҳкам гардид. Аз ҷумла, тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба Конститутсия соли 1999 тағйироти бисёр муҳим ворид карда шуданд, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи сиёсию иқтисодии кишвар мусоидат намуданд.

— Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар тӯли 24 сол се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳар яке ба мукаммалшавии он мусоидат намуд. Ба назари шумо, оё зарурати дар оянда тағйиру илова ворид кардан ба он ҳаст?

— Ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳатто Конститутсия, барои садсолаҳо қабул намешавад. Вобаста ба рушду пешрафти ҷомеа, хусусан, дар давлатҳое, ки дар давраи гузариш ва рӯ ба инкишоф қарор доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, онҳо тағйирпазир мегарданд ва мукаммал гардонданашон амри воқеист.

— Дар охир гуфтаниам, ки дар шароити кунунӣ ҷомеаи демократиро бе Конститутсия тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар он арзишҳои муҳим ва мақсаду мароми ҷомеа, ташкилу фаъолияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон муқаррар карда мешавад, ки нишондиҳандаи муҳими ­ҷомеа­и муосири демократӣ мебошад. Тибқи Конститутсия, ки таҳкурсии қонунгузории мавҷуда аст, мо роҳи дурусти рушди кишвар, барпо кардани ҷомеаи озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб кардем. Дар асоси он қонунгузории давлат таҳия ва қабул мегардад, ки дар маҷмӯъ, ба пешрафти ҷомеа, сулҳу субот, тартиботу низом мусоидат мекунад.

 Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум» №133 (3927) 06.11.2018