Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз ҳуқуқҳои инсонӣ бархӯрдор бошанд

 Ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир бахшида мешавад

5

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 45/158 аз 18 декабри соли 1990 қабул шудааст. Вобаста ба қабул шудани санади мазкур бо ташаббуси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2000 инҷониб ҳар сол ҷашни байналмилалии «Рӯзи муҳоҷир» қайд карда мешавад. Мақсад аз таҷлил намудани иди «Рӯзи муҳоҷир» ин сол аз сол зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сайёра ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои олам ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Солҳои охир зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ назар ба суръати афзоиши аҳолии сайёра ба назар мерасад. Аз рӯи маълумотҳои охири Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 258 миллион аҳолии сайёраи замин (3,4%) касби муҳоҷиратро пеша намудаанд ва дар соли 2050 ин теъдод ба 405 миллион нафар мерасад.

Тибқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо давлатҳои иштирокчиии он уҳдадор мешаванд, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд.

Чӣ хеле, ки аз мазмуни Конвенсия бармеояд, муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархӯрдор бошанд. Ва онҳо ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шавад.

Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ соли 2001 санади мазкурро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белорусия ва дигарҳо созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин ид дар ҷумҳурӣ низ қайд карда мешавад. Одатан дар ин рӯз конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳидаи ҷашнӣ баргузор мегарданд.

Бо дарназардошти он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди давлати аслии худ ва давлати қабул саҳми босазо мегузоранд ва бинобар фаро расидани Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро самимона табрик намуда, ба онҳо сиҳативу саломатӣ ва барору комёбиҳоро таманно менамоем.

З. Ализода,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шурӯъ аз соли 2011 ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ то рӯзи 10 декабр Ҳафтаи ҳуқуқи инсон муайян карда шуда, чорабиниҳои  гуногун гузаронида мешаванд.  Аз 3 то 10 декабри соли ҷорӣ бахшида ба ҳуқуқи инсон чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Соли ҷорӣ аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон 70 сол пур шуд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма бахшида ба ин сана як қатор чорабиниҳоро баргузор намуд. Аз ҷумла:

Мизи муд ВХК 1Санаи 4-уми декабр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мизи мудаввар бахшида ба ҷамъбасти мониторингҳои аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак гузаронидашуда, доир гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, раисони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд;

IMG-56699dc8c928b864b8c2b7b57876bf4a-VСанаи 6-уми декабр дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия иштирок намуданд;

7898798888888888888888888888Санаи 7-уми декабр дар доираи ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва таҷлили 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон I-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» бо фарогирии зиёда аз 300 нафар устодону шунавандагони Академия баргузор гардид;

ЧазираСанаи 8-уми декабр дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи: «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» гузаронида шуд. Дар кори конференсия зиёда аз 60 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд;

Мизи мудавар 70Санаи 10-уми декабр чорабинии ҷамъбастӣ вобаста ба 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар чоранибинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд;

Санаи 10-уми декабр дар ҳамкорӣ бо Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон семинари омӯзшӣ баргузор гардид. Дар семинар зиёда аз 200 нафар устодону шунавандагони Мактаби олии КДАМ иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва Нақшаҳои миллии амал дар соҳаи ҳуқуқи инсон, механизми амалишавии қонунгузории миллӣ ва дурнамои соҳа, инчунин нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб гардида, ҷараён ва натиҷаҳои чорабиниҳо тариқи ВАО инъикос ёфтанд.

Ҳамчунин дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон вобаста ба 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавассути воситаҳои ахбори омма 18 (телевизион – 7, радио – 7, матбуоти даврӣ – 2, матбуоти электронӣ — 2) баромад намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Ноҳияи Фирдавсӣ. Як вохӯрии муҳим

ФирдавсиДар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Юсуфӣ Муҳаммадраҳим ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оид ба қабули 70 – солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар баргузор гардид. 

Зариф Ализода иброз дошт, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аввалин санад дар ҷаҳон буд, ки ҳуқуқҳои шахсият, озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро эълон кард. Дар он, аз ҷумла омадааст, ки ҳамаи одамон ҳуқуқҳои баробар доранд ва ин аз тафовутҳои шахсии онҳо, аз ихтилофот дар низоми сиёсии кишварҳояшон бастагӣ надорад.

Барои таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим тамоми дастовардҳои тафаккури инсонӣ истифода шуда, он аввалин таҷрибаи таҳияи дастаҷамъонаи санади ягона доир ба ҳуқуқи инсон мебошад.  Эъломия аз 30 модда иборат буда, ба зиёда аз 500 забон тарҷума шудаааст, ки аз доштани хусусияти универсалӣ ва миқёси паҳншавии он шаҳодат медиҳад.

Зикр гардид, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои он ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.

— Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба он равона карда шудааст, ки ҷавобгӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, барои ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон механизми самарабахш бошад. Инчунин, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ, гузарондани санҷишу тафтишҳо ва мониторинги ҳуқуқу озодиҳои инсон ва корҳои таҳлилӣ – иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон равона гардидааст, — қайд кард З. Ализода.

Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»

Аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 70 сол пур шуд

5Ҳамасола 10 декабр дар ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  қабул гардид. Дар ин бора Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба рӯзнома чунин баён дошт:

— 70 сол муқаддам ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳуҷҷати сарнавиштсозро ба имзо расонд. Зарурати қабули ин санади муҳими байналмилалӣ,  пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани даҳшатҳои  ҷанг ва озмоиши силоҳҳои нав нисбат ба инсоният мебошад. Зеро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 60 миллион одам қурбон шуд. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният дар даврони имрӯза низ хеле муҳим ва бузург мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонда истодааст.

Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, тақвияти робита ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин худ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба таъмини ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мебошад.
Дар ин замина, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Барои ин, дар дастгоҳи  марказӣ, намояндагиҳо ва кабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шароит фароҳам оварда шудааст. Дар як ҳафта шаш рӯз муроҷиатҳо қабул карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ, бо дарки муҳимияти чунин арзишҳои асосӣ, ба монанди ҳаёт, озодӣ, некуаҳволӣ ва қадру қимати инсон, баробарии марду зан, дастрасӣ ба адолати судӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро риоя намуда, ҳамзамон, ба 7 ҳуҷҷати универсалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон — Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон ҳамроҳ шуд. Масъалаи ба имзо расондани якчанд санади дигари байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад. Амалӣ шудани ин арзишҳои муҳим аз тарафи ҳама моро ба умеду орзуҳои некамон мерасонад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»

Ҷамъбасти чорабиниҳо бахшида ба 70 солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

Мизи мудавар 70Ҳамасола 10 декабр ҳамчун рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон вобаста аст, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби СММ қабул гардидааст. Рӯзи ҳуқуқи инсон имсол ба 70 солагии санади мазкур рост омад.

Бахшида ба 70 солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон имрӯз дар  шаҳри  Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Дар қисмати  ифтитоҳӣ Лучиано Колестини – иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Зариф ализода –  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонум Мерилин Йосефсон – Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Кевин Коверт – Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар – асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон», «Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», «Лоиҳаи Стратегияи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Натиҷаҳои пешакии таҳлили миёндаврии иҷрои тавсияҳо дар доираи Шарҳи универсалиии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ», «Мониторинги ҷойҳои маҳдудкунӣ аз озодӣ: натиҷаҳои пешакии сол» маърӯза карда шуд.

Зимни суханронӣ иштирочиёни мизи мудаввар дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва нақшаҳои миллӣ, амал ва дурнамои соҳаро ташвиқу тарғиб намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

Дар Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бахшида мешавад

1Имрӯз дар тамоми мамлакатҳои олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз  дар ин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидЭъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки соли равон аз ин сана 70 сол сипарӣ гардид.

Мақсад аз таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон — ин ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. «Азбаски Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф кардааст,  мо низ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳида ҷашн мегирем»,- иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев.

Бояд гуфт, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад. Он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби  асосгузори давлати Ҳахоманишиён—шоҳ Куруш қабул гардидааст. Ба андешаи таърихшиносон,   Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ маълум ва  машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.

IMG_20181120_084659Аз ин хотир,-  мегӯяд Азиз Солиев, — Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст.

Ба андешаи номбурда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маданияти сиёсии шаҳрвандон боло рафта, онҳо бо истифода аз ҳуқуқ ва уҳдадории худ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ, Парлумонӣ ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ фаъолона иштирок намуданд.

«Бояд гуфт, ки дар ин солҳо принсипҳои муҳими сиёсати Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва рушди муносибатҳои байналмилалии ин соҳа ташаккул ёфтанд»,- илова намуд Азиз Солиев.

Мавриди зикр аст, ки бо раванди ҷаҳонишавӣ ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул карда, 3 маротиба- 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи моддаи 5-уми Конститутсия, дар Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.

3 чахонгир«Агар онро бо санадҳои байналмилалӣ, махсусан Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон муқоиса намоем, Конститутсияи мамлакати мо тамоми ҳуқуқу озодиҳоеро, ки ин санади байналмилалӣ кафолат додааст, фаро мегирад. Ғайр аз ин, дар Конститутсия танҳо принсип ва самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Аз ин рў, оид ба ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста ба зарурат санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул мегарданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон аз зумраи онҳоянд. Паҳлӯҳои алоҳида ва ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон ва шаҳрвандро қонунҳои алоҳида мустаҳкам мекунанд, ки қонунгузорӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ, қонунгузорӣ оид ба оила, маориф, тандурустӣ, мудофиаи гражданӣ, манзил, замин, дар бораи судҳо, дар бораи амният ва  мақомоти алоҳидаи давлатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.

Ба гуфтаи номбурда, мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳанд.

Албатта,- гуфт Ҷаҳонгир Саъдизода, — имрўз дар сатҳи ҷаҳонӣ санадҳои зиёди ҳуқуқии байналмилалӣ қабул гардидаанд, ки дар доираи ин ё он созмони байналмилалӣ амал менамоянд.

«Дар ин миён дар доираи Созмони Милали Муттаҳид доираи васеи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие қабул гардидаанд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дахл доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашаванда ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қисми зиёди ин санадҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, онҳоро ба тасвиб расонидааст. Вобаста ба ин мамлакати мо ҳамасола давра ба давра дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳоеро, ки аз ин санадҳо бармеоянд, сари вақт иҷро намуда, ба мақомоти алоҳидаи СММ гузоришҳо пешниҳод менамояд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд зикр намуд, ки Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо, Конвенсияҳои алоҳида дар доираи Ташкилоти байналмилалии меҳнат аз зумраи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие мебошанд, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.

Мавриди зикр аст, ки  дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сулҳпарвару ғамхори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла шахсони маъюб диққати махсус зоҳир намуда, ҳуқуқ ва озодии онҳоро арзиши олӣ эътироф кард ва барои онҳо тамоми шароитро фароҳам овард.

4 ЧанобБарои тақвияти ин гуфта, ҳамсуҳбати мо Азиз Солиев аз он ёдовар шуд, ки моҳи марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 — 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Дар маводе, ки сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин рӯз нашр шуд, омадааст, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ яке аз ҳуҷҷатҳое мебошад, ки нисбат ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ бештар тарҷума гардидааст. Имрӯз он ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст.

Соли 1966 ҷоизаи СММ дар самти ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки барои корҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон анҷомдодашуда ба як нафар ё ин ки ба як ширкат дода мешавад. Ин ҷоиза дар панҷ сол як маротиба супорида мешавад ва аввалин  маротиба он ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1968 тақдим карда шудааст.

Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР, АМИТ «Ховар» 10.12.2018 

Дар Душанбе дар мавзӯи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалӣ доир гардид

Novyj-risunok-1-6Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳти унвони «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва олимону донишмандони соҳа иштирок намуданд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ Дилшод Раҳмон нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсонро баланд арзёбӣ намуд.

«Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд»,- илова намуд  Дилшод Раҳмон.

Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ҷаҳонгир Саъдизода иброз дошт, ки ҳадаф аз  баргузории конфронси мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

«Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.

Бояд гуфт, ки 5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».

Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст. Матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.

Соли 1966 ҷоизаи СММ дар самти ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки барои корҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон анҷомдодашуда ба як нафар ё ин ки ба як ширкат дода мешавад. Ин ҷоиза дар панҷ сол як маротиба супорида мешавад ва аввалин  маротиба он ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1968 тақдим карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс қариб 60 нафар оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузории мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон маърӯза намуданд.

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/ 

Баррасии ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ дар академияи ВКД

4561321Санаи 7-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва таҷлили 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон I-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» бо фарогирии зиёда аз 300 нафар устодону шунавандагони Академия баргузор гардид.

Барои иштирокчиёни Конференсия аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомоту муассисаҳои давлатӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  маърўзаҳо карда шуданд.

Дар кори конференсия Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва доир ба таърихи таҳия ва қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, нақши санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар самти эътироф, эҳтиром, риоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 5 адад китоби «Маҷмуи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон» ба китобхонаи Академияи ВКД туҳфа карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

ҲУҚУҚИ КӮДАК. Як нишасти муҳим

Мизи муд ВХК 1Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи стратегияи мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд, соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Хоруғ ва ноҳияиҳои Бобоҷон Ғафуров, Сангвор, Балҷувон, Рӯшону Ишкошим мониторинг гузаронд.

Ин нуктаро Раҷабмо Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Мизи мудаввар оид ба натиҷаи мониторинги муассисаҳои кӯдакона, вохӯриҳои ваколатдор бо аҳолӣ ва қабули шаҳрвандон ироа кард.

Зикр гардид, ки мониторинг бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, салоҳияту вазифаҳои онҳо, муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳо, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак буд.

Мизи муд ВХК 2Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда, дар баробари пешравиҳо як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ набудани гӯшаҳои иттилоотӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, фаннӣ, ошхона, ба талабот ҷавобгӯ набудани китобҳои дарсӣ ва мувофиқ набудан ба барномаи дарсие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дида мешавад.

— Бо мақсади тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ дар самти риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамасола бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор чорабиниҳо гузаронда, аз натиҷааш ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои асоснок пешниҳод намояд, — гуфт Р. Ҳабибуллозода.

Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  «Ҷумҳурият»

Баргузории чорабинӣ бахшида ба 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

IMG-56699dc8c928b864b8c2b7b57876bf4a-VСанаи 6-уми декабр дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия иштирок намуданд.

Семинари омӯзиширо М.Юсуфӣ Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти мақомот дар самти амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташвиқу тарѓиби масъалаҳои ҳуқуқи инсон суханронӣ намуд.

Сипас дар назди ҳозирин З.Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза баромад намуд. Зимни баромади худ З.Ализода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои созанда дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ