Дар Душанбе дар мавзӯи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалӣ доир гардид

Novyj-risunok-1-6Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳти унвони «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва олимону донишмандони соҳа иштирок намуданд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ Дилшод Раҳмон нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсонро баланд арзёбӣ намуд.

«Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд»,- илова намуд  Дилшод Раҳмон.

Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ҷаҳонгир Саъдизода иброз дошт, ки ҳадаф аз  баргузории конфронси мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

«Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.

Бояд гуфт, ки 5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».

Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст. Матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.

Соли 1966 ҷоизаи СММ дар самти ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки барои корҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон анҷомдодашуда ба як нафар ё ин ки ба як ширкат дода мешавад. Ин ҷоиза дар панҷ сол як маротиба супорида мешавад ва аввалин  маротиба он ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1968 тақдим карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс қариб 60 нафар оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузории мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон маърӯза намуданд.

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/ 

Баррасии ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ дар академияи ВКД

4561321Санаи 7-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва таҷлили 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон I-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» бо фарогирии зиёда аз 300 нафар устодону шунавандагони Академия баргузор гардид.

Барои иштирокчиёни Конференсия аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомоту муассисаҳои давлатӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  маърўзаҳо карда шуданд.

Дар кори конференсия Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва доир ба таърихи таҳия ва қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, нақши санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар самти эътироф, эҳтиром, риоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 5 адад китоби «Маҷмуи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон» ба китобхонаи Академияи ВКД туҳфа карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ