1 декабр — Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам

1 12 2018Вируси норасоии масунияти одам сол ба сол ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфта истодааст. Баҳри пешгирии ин беморӣ ҳамасола 1 декабр  дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам таҷлил карда мешавад. Ин сана аз соли 1996 инҷониб бо ибтикори Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО баргузор карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад. Баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО дар Тоҷикистон якқатор корҳо ба сомон расонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Ҳадафи асосии Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 42 миллион нафар гирифтори ВНМО гардидаанд. Омилҳои асосии мусоидаткунандаи рушди ВНМО дар бисёр кишварҳо камбизоатӣ, бекорӣ, афзоиши шумораи истеъмолкунандагони маводи нашъаовар занони сабукпо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ноогоҳӣ аз роҳҳои сирояти беморӣ ва усулҳои пешгирии ВНМО мебошанд.

Корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Салоҳудинов М.