Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз ҳуқуқҳои инсонӣ бархӯрдор бошанд

 Ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир бахшида мешавад

5

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 45/158 аз 18 декабри соли 1990 қабул шудааст. Вобаста ба қабул шудани санади мазкур бо ташаббуси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2000 инҷониб ҳар сол ҷашни байналмилалии «Рӯзи муҳоҷир» қайд карда мешавад. Мақсад аз таҷлил намудани иди «Рӯзи муҳоҷир» ин сол аз сол зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сайёра ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои олам ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Солҳои охир зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ назар ба суръати афзоиши аҳолии сайёра ба назар мерасад. Аз рӯи маълумотҳои охири Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 258 миллион аҳолии сайёраи замин (3,4%) касби муҳоҷиратро пеша намудаанд ва дар соли 2050 ин теъдод ба 405 миллион нафар мерасад.

Тибқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо давлатҳои иштирокчиии он уҳдадор мешаванд, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд.

Чӣ хеле, ки аз мазмуни Конвенсия бармеояд, муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархӯрдор бошанд. Ва онҳо ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шавад.

Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ соли 2001 санади мазкурро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белорусия ва дигарҳо созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин ид дар ҷумҳурӣ низ қайд карда мешавад. Одатан дар ин рӯз конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳидаи ҷашнӣ баргузор мегарданд.

Бо дарназардошти он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди давлати аслии худ ва давлати қабул саҳми босазо мегузоранд ва бинобар фаро расидани Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро самимона табрик намуда, ба онҳо сиҳативу саломатӣ ва барору комёбиҳоро таманно менамоем.

З. Ализода,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон