Ҷамъбасти тренингҳо оид ба мониторинги ҳуқуқи инсон 

20180907_120002Соли равон бо мусоидати Лоиҳаи Барномаи рушдаи СММ дар Тоҷикистон ва ҷалби коршиносони миллӣ барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Мониторинги ҳуқуқи инсон»  се тренинг гузаронида шуд.

Тренингҳои мазкур рӯзҳои 27-29 июн, 5-8 сентябр гузаронида шуда, санаи 18 декабр тренинги ҷамъбастӣ барпо гардид. Дар рафти тренингҳо масъалаҳо вобаста ба мазмун ва моҳияти мониторинги ҳуқуқи инсон, интихоби мавзӯи мониторинг, манбаъҳои маълумот, таҳлили қонунгузорӣ, таёрӣ, гузаронидан ва истифодаи маводҳо аз натиҷаи мониторинг  омӯзонида шуданд. Инчунин дар рафти тренинг вобаста ба масъалаҳои зикршуда корҳои амалӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандон фаъолона иштирок намуданд.

Тренинг НоракТренингҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кормандон мусоидат намуда, донишҳои бадастоварда дар рафти мониторинги ҳуқуқи инсон, ки яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад истифода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ