Боздид аз Хона-интернатҳои кӯдакони рақами 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»

 

IMG-20181219-WA0031Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. ва кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2018 аз Хона-интернатҳои кӯдакони рақами 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассисаҳо вохӯрда, онҳоро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик ва барои ғамхориашон нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон ба тарбиятгирандагони муассисаҳои мазкур туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ