Аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 70 сол пур шуд

5Ҳамасола 10 декабр дар ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  қабул гардид. Дар ин бора Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба рӯзнома чунин баён дошт:

— 70 сол муқаддам ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳуҷҷати сарнавиштсозро ба имзо расонд. Зарурати қабули ин санади муҳими байналмилалӣ,  пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани даҳшатҳои  ҷанг ва озмоиши силоҳҳои нав нисбат ба инсоният мебошад. Зеро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 60 миллион одам қурбон шуд. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният дар даврони имрӯза низ хеле муҳим ва бузург мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонда истодааст.

Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, тақвияти робита ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин худ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба таъмини ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мебошад.
Дар ин замина, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Барои ин, дар дастгоҳи  марказӣ, намояндагиҳо ва кабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шароит фароҳам оварда шудааст. Дар як ҳафта шаш рӯз муроҷиатҳо қабул карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ, бо дарки муҳимияти чунин арзишҳои асосӣ, ба монанди ҳаёт, озодӣ, некуаҳволӣ ва қадру қимати инсон, баробарии марду зан, дастрасӣ ба адолати судӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро риоя намуда, ҳамзамон, ба 7 ҳуҷҷати универсалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон — Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон ҳамроҳ шуд. Масъалаи ба имзо расондани якчанд санади дигари байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад. Амалӣ шудани ин арзишҳои муҳим аз тарафи ҳама моро ба умеду орзуҳои некамон мерасонад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»