Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони дорои маъюбият

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки “Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.” Вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи кӯдакони дорои маъюбият ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир карда шуда, ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла Қонунҳои ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҶТ барои солҳои 2011-2015 ва «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» далели ин гуфтаҳоянд.

Дар ин раванд моҳи марти соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои инсон ва аз ҷумла шахсони дорои маъюбият пайваста талош меварзад.

Бояд қайд кард, ки зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони дорои маъюбият ба назар гирифта мешаванд. Инчунин дар як қатор санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла Қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2008, №600 ва 13 декабри соли 2012, №724, ки тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоиро муайян мекунанд, хизматрасониҳои маишӣ, тиббӣ, равонӣ, педагогӣ, ҳуқуқӣ, тайёрии касбӣ, таъминоти моддю иҷтимоӣ, таъминот бо доруворӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ барои кӯдакони дорои маъюбият ба таври ройгон кафолат дода шудааст.

Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида, мусоидат ба эҳтиром, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла кӯдакон яке аз вазифаҳои асосии ин мақомот мебошад.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.

Тибқи қонунгузорӣ вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла худи кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушду ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Ҷиҳати мушаххас намудани дурнамои фаъолият Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 қабул ва амалисозии он ба роҳ монда шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Стратегияи худ ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдудро ба таҳсилоти босифат самти афзалиятноки фаъолият қарор дода, мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба кӯдакони имконияташон маҳдуд тақдим намудани таҳсилоти босифатро ҳадафи асосии худ арзёбӣ кардааст.

Мусоидат ба риоя, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият аз аввали фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ тасмим гирифтааст, ки дар се соли минбаъдаи фаъолияти худ ба ин самт диққати бештар диҳад.

Дар ин раванд таҳлили қонунгузорӣ бо мақсади ба он пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо вобаста ба таҳсилоти фарогир, таҳлили механизмҳои мавҷудаи амалишавии ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил, ба роҳ мондани низоми санҷиши доимии дастрасии кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил мақсади асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад.

Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар муассисаҳое, ки бо ин кӯдакон сару кор доранд, пайваста санҷишу мониторингҳо гузаронида мешаванд.

IMG_3150Натиҷаи санҷишу мониторингҳо нишон медиҳад, ки дар баробари дастовардҳо дар фаъолияти муассисаҳои мазкур баъзе камбудиву мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, норасоии мутахассисони соҳавӣ оид ба барқарор намудани саломатии кӯдакони дорои маъюбият, аз ҷониби волидон ба муассисаҳои будубоши доимӣ равон кардани ин кӯдакон, сатҳи пасти раванди муайяннамоии барвақтии маъюбӣ, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои ёрирасони техникӣ, пастзанӣ бо ҷурми айби ҷисмонӣ (стигма) ва мафкураи нодуруст ва набудани иттилооти кофӣ оид ба манфиат ва имконияти тавонбахшӣ.

Мушкилии дигари кӯдакони дорои маъюбият ин дастрасии бемамониат ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооту муассисаҳо) мебошад, ки дар баъзе ҳолатҳо риоя карда намешавад.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани вазъи кӯдакон ба роҳбарони ин муассисаҳо ва мақомоту идораҳои дахлдор тавсияҳои лозима пешниҳод карда шуда, бо шаҳрвандон ва хусусан волидони кӯдакони дорои маъюбият корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамасола дар маърӯзаҳои худ дар ин самт тавсияҳои дахлдор пешниҳод менамояд.

Дар Маърӯзаи аввалини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд тавсияҳои зерин пешниҳод шудаанд:

— тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волидон дар амалӣ гардонидани барномаҳои муайяннамоии барвақтии маъюбӣ;

— баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии волидон оид ба ҳуқуқҳои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва афзалияти нигоҳубини онҳо дар оила;

— омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар самти тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд;

— пайваста гузаронидани мониторингҳои муассисаҳои будубоши доимӣ ва рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва муассисаҳои таълимӣ вобаста ба дастрасии онҳо ба таҳсил;

— дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Марказҳои будубоши рӯзона ва муваққатӣ;

— гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ бобати аз байн бурдани тамғазанӣ (стигма) ва табъиз нисбати кӯдакони имконияташон маҳдуд.

Ҳамин тариқ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасмим гирифтааст, ки бо амалисозии Стратегияи фаъоляти худ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак ва хусусан кӯдакони дорои маъюбият саҳмгузор бошад. Зеро ин кӯдакон бояд ҳаёти пурарзиш ва шароите дошта бошанд, ки шарафи инсонии онҳоро таъмин намояд, барои ба худ бовар доштанашон мусоидат намояд ва иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷомеа осон гардонад.

Парвизҷон Маҷидов,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон