Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо коршиноси байналмилалӣ Рейдар Кваал Херман

20181206_130112Бо мақсади иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022 ва тақвият додани самаранокии механизми мавҷудаи баррасии муроҷиатҳои кӯдакон санаи 4 декабри соли 2018 дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрии коршиноси байналмилалӣ Рейдар Кваал Херман бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибулозода Р. ва кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ҳабибулозода Р. дар бораи мақсади таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳият ва фаъолияти он маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳангоми суҳбат тарафҳо андешидани тадбирҳои дахлдорро ҷиҳати тақвият додани механизми мавҷудаи баррасии муроҷиати кӯдакон дар Дастгоҳи ВҲИ ҶТ, аз ҷумла тавассути ҷудо намудани захираҳои зарурии техникиву молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба масъалаҳои қабул ва такмилу таҳким бахшидани баррасии муроҷиати кӯдакон ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа, махсусан кӯдакон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва имконияти муроҷиатҳои инфиродии кӯдакон ба ниҳоди мазкур мубодилаи афкор намуданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ