Аз Ироқу Сурия 6 кӯдаки тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд, — бардошт аз нишасти матбуотӣ

55c2566b5ddd72933b8c1619e4b0758c-768x576Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба шумораи кӯдаконе, ки соли 2018 аз кишварҳои ҷангзада, ба мисли Ироқу Сурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд  ва  дар самти баргардонидани кӯдакони боқимонда аз ин давлатҳо  аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ  чӣ тадбирҳо андешида мешаванд, чунин гуфт:

«Шумораи кӯдаконе, ки соли сипаришуда ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, тибқи маълумоти расмӣ, 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар айни замон вазъи будубоши онҳо таҳти назорати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки «боиси таассуф аст, ки  волидайн ин кӯдаконро ҳамроҳи худ ба кишварҳои ҷангзада мебаранду андеша намекунанд, ки бо онҳо чӣ ҳодисаву рӯйдод рух медиҳанд. Баъзе аз волидайн бо ҷурмҳои номуайян маҳкум мегарданд. Дар оянда мо дар ҳамкорӣ бо  Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати баргардонидани ин гуна кӯдакон ба Ватан тамоми кӯшишҳоро равона менамоем, то онҳоро сари вақт ба Тоҷикистон баргардонем».

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар бораи зарурати таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак таъкид намуданд. Ҳамин тариқ, 15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» боби алоҳида ворид карда шуд, ки мутобиқи он вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фаъолияти ин ниҳод асосан ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон равона карда шудааст.

 31.01.2018. /АМИТ «Ховар»/

Фаъолияти мақомот тақвият меёбад

Ombudsman_logo_2011-06-03Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон бо иқдому ташаббусҳои муносиб, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар асоси сиёсати дарҳои боз, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, муҳокимаҳои шаффофу ошкоро оид ба масоили мухталифи ҷаҳони муосир, аз ҷумла волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошт.

Дар ин сол Тоҷикистон дар радифи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар такомулу пешрафти ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати мусоидат ба ин равандҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма барои риоя, ҳифз, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон тадбирҳои заруриро анҷом дод.

Фаъолияти мақомот дар давраи сипаришуда низ ба эҳтиром, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон равона шуда, бо қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, такмили қонунгузории миллӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон тақвият дода шуд.

Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Соли 2018 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3522 муроҷиат, аз ин шумора 857 муроҷиати хаттӣ ва 2665 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардида, тибқи талаботи қонунгузории баррасӣ гардиданд.

Дар соли 2018 дар муқоиса ба соли 2017 теъдоди муроҷиатҳои хаттӣ нисбат ба ҳуқуқ ба озодӣ аз зӯроварӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба таҳсил,  ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқ ба моликият зиёд шуданд.

Бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар соли 2018 лоиҳаи 60 (с.2017 — 58) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, нисбати 24 лоиҳаи қонун, 5 лоиҳаи Фармони Президенти ҶТ, 6 лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ, 13 қарори Плениуми Суди Олӣ, 1 лоиҳаи Консепсия ва 11 лоиҳаи санадҳои дигар хулосаҳо пешниҳод карданд.

Ҳамчунин, дар ин давра Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва кормандони Дастгоҳи он дар фаъолияти 39 (с.2017 — 29) гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳо, инчунин вобаста ба мониторингу таҳлили вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон иштирок намуданд.

Тибқи Барномаи амали мақомот, нақшаи кори Гурӯҳи мониторингӣ, инчунин дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон соли 2018 57 санҷишу мониторинг ва боздид (22 санҷиш, 32 мониторинг ва 3 боздид) гузаронида шуданд. Аз натиҷаи санҷишу мониторингҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор гузоришу тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 11 мурофиаҳои судӣ иштирок намуданд.

Соли 2018 оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқҳои инсон 191 (с.2017 — 119 ) маълумотнома ва ахбору гузоришҳо ба мақомоту идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Кормандони мақомот соли 2018 тавассути баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ, мизҳои мудаввар, семинару тренингҳои омӯзишӣ, машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ, баромад дар телевизион ва радио, нашри мақола, чоп ва интишор намудани “Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ”, китобу брошура, сомонаҳои www.ombudsman.tj, www.vhk.tj  ва дигар чораҳо фаъолияти самарабахши иттилоотиро ба роҳ монданд. Соли 2018 тавассути телевизион, радио, матбуоти чопӣ ва электронӣ 327 (с. 2017 — 273) баромад сурат гирифт. Зимни баромад ва таълифи мақола муқаррароти қонунгузории амалкунанда, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар самти мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва паҳлуҳои дигари ҳаёти ҷомеа таҳлил ва арзёбӣ гардиданд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар асоси нақшаҳои баромадҳои кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар Радиои «Тоҷикистон», Радиои «Ховар», Радиои «Садои Душанбе» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» 43 баромад анҷом дода шуд.

Дар соли сипаришуда бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  61 чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ (3-конференсия, 41-мизи мудаввар, 8-семинар ва 6-тренинг) гузаронида шуда, иштироки кормандони Дастгоҳи марказии мақомот дар 123 (с.2017 — 77) чорабиниҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуданд, таъмин карда шуд. Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ низ, дар соли 2018 247 машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида, дар кори 155 чорабиниҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва Нақшаҳои миллии амал дар соҳаи ҳуқуқи инсон, механизми амалишавии қонунгузории миллӣ ва дурнамои соҳа, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб гардида, ҷараён ва натиҷаҳои чорабиниҳо тариқи ВАО инъикос ёфтанд.

Дар ин давра бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо аз тарафи роҳбарияти мақомот ва кормандони Дастгоҳи он бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ 16 вохӯриву мулоқотҳои судманд сурат гирифтанд. Аз ҷумла, кормандони мақомот дар муколамаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок намуданд.

Таҳия, нашр ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун василаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ВҲИ васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар ин давра маводи иттилоотии зерин  таҳия ва чоп карда шуданд:

  • Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2017 (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) – 300 нусха;
  • Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2017(бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) – 300 нусха;
  • Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – 200 нусха;
  • Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон (нашри II) – 1000 нусха;
  • Роҳнамо аз фанни ҳуқуқи инсон барои ихтисосҳои ғайриҳуқуқшиносӣ – 1000 нусха;
  • Роҳнамо барои омӯзиши ҳуқуқи инсон – 250 нусха;
  • Ахбори Ваколатдор №1(26) с.2018 – 360 нусха;
  • Ахбори Ваколатдор №2(27) с.2018 – 360 нусха;
  • Ахбори Ваколатдор №3(28) с.2018 – 360 нусха;
  • Маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба адолати судӣ нисбати ноболиғон — 300 нусха;
  • Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо (буклет) – 2000 нусха;
  • Ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳифзи саломатӣ (овеза) – 500 нусха.

Маводи мазкур зимни баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ ва вохӯрию мулоқотҳо ба аҳолӣ ройгон тақсим карда шуданд.

Корҳои дар соли 2018 анҷомдодашуда заминаи муҳими ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иттилоотии пешрафти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти мақомот мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Баргузории нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

20190131_111509Имрӯз дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ – 78 нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни нишасти матбуотӣ шумораҳои нави «Ахбори ВҲИ», адабиёти соҳавӣ ва Варақаи иттилоотӣ омода ва дастрас карда шуд (Варақа замима мегардад).

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода  меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, сипас оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2018 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зимни баромади худ З.Ализода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар соли 2018 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, вазъи будубоши шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, иҷроиши қарорҳои суд, ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳуқуқ ба меҳнат ва самтҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо  рӯзноманигорон идома ва тавсеа меёбанд.

Варакаи иттилоотии фаъолияти ВХИ дар соли 2018

Хадамоти матбуотӣ
31.01.2019

АНОНС: Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

 

пресса вао

31 январи  соли 2019 соати 1100  дар маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 78 нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2018  баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар бо телефонҳо ва суроғаи электронии зерин тамос гиред:  221-73-17, 221-75-74, E-mail: info@ombudsman.tj

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.01.2019 19:53, шаҳри Душанбе

21 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда шуд. Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2018 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2018 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,3 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,4 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1 фоиз ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 5,4 фоизро ташкил дод.

Сарвазири мамлакат таъкид доштанд, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2018 дар қаламрави кишвар 131 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо мақсади ба кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Оғоз гардидани бунёди 9 корхонаи нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, ба кор андохтани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай — Данғара” барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой “Муосир” ва бунёду азнавсозии корхонаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли орд, маҳсулоти нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, қолинбофӣ, таҷҳизоти маишӣ ва бозичаҳои бачагона, васлу насби нақлиёт ва истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулот барои ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи устувор мегузоранд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Аз ҷумла, корҳо дар самти бунёд намудани коргоҳҳои коркарди шир, сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва қолинҳои дастӣ беҳбудиро талаб менамояд. Зеро тибқи таҳлилҳо дар шаҳру ноҳияҳо соли 2018 ҳамагӣ 14 коргоҳи коркарди шир, 67 сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, 139 коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва 37 коргоҳҳои қолинҳои дастӣ таъсис дода шудааст, ки ин қонеъкунанда нест. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бошад, умуман коргоҳҳои коркарди шир ва қолинҳои дастӣ ташкил нашудааст.

Бинобар сабаби пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохили кишвар содироти он ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш ёфта, ҳаҷми он дар соли 2018 — 93 ҳазор тоннаро бо арзиши 165 млн. доллар ташкил дод. Аз ҷумла, соли 2018 дар корхонаҳои нассоҷӣ 21 фоизи нахи пахтаи дар дохил истеҳсолгардида коркард карда шудааст.

Яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад. Дар давраи хисоботӣ 4 корхона, аз ҷумла Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Олим Текстайл”, Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Вализода Мастчоҳ” дар ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Самар” дар ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Бофандаи Норак”-и шаҳри Норак, умуман фаъолият накардааст.

Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳо ҳамчунин вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот ва диверсификатсияи содирот тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.

Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,3 фоиз таъмин шуда, ба он 23,3 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 71,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 100,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 101,2 фоиз таъмин карда шуд.

Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 102,6 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 44 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сарфи назар аз иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ сифатнокӣ аз ҳисоби 2 намуди андозҳо ба маблағи 420 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз даромад 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 411,3 млн. сомонӣ иҷро нагардид.

Дар соли сипаришуда 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва ноҳияи Восеъ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет дар ҳаҷми умумии 64 млн. сомонӣ таъмин накарданд.

Ҳаҷми бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали соли 2018-ум 59,2 млн. сомонӣ кам карда шуд ва ба ҳолати 31 декабри соли ҳисоботӣ 712 млн. сомониро ташкил дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 2 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 420 миллион сомонӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои кам намудани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъкид карданд.

Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии даромадҳои буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Норасоии асъори нақди хориҷӣ дар муомилот масъалаи дигари низоми бонкӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкорон монеа эҷод мекунад.

Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Таъкид гардид, ки Бонки миллӣ ва Вазорати молия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Зимни баромади худ вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2018, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот доданд.

Қайд гардид, ки новобаста аз мавҷуд будани захираву  имкониятҳои дохилии кишвар дар самти таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат аз 61 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ 30 барнома иҷро шудаасту халос. Иҷрои барномаҳои дигар ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки дар самти фаъол гардонидани марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон, истифодаи васеи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солими субъектҳои соҳибкорӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки дар ин раванд таъмини кафолати ҳимояи сармоягузорон беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмилалии кишвар ва дигар тадбирҳо, ки бевосита ба рушди бахши хусусӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ такони ҷиддӣ медиҳанд, муҳим мебошад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор гардиданд, ки назорати қатъии иҷрои сифатноки барномаҳои рушд ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ба роҳ монанд.

Супоришҳои дигар барои ислоҳи камбудиҳо дар самти  азхудкунии маблағҳо, коҳишёбии сармоягузории мустақим, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ғайришаффоф будани лоиҳаҳо дода шуд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2018 ҳисобот дод.

Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ ва иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш доданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соҳа, аз ҷумла баҳисобгирии дурусти варақаҳои корношоямӣ, таҳияи системаи муайяни таъини нафақа ба шахсони маъюб ва ба ҳисобгирии шахсони фавтида, чораҳои мушаххас андешанд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки соли гузашта дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ 1248 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Аз ин маблағ қариб 490 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан дар соҳаи молия ҷораҳои қатъӣ андешанд.

Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода қайд карда шуд.

Дар натиҷаи санҷиши аудитории вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидор ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб ба маблағи 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73 фоизи он барқарор гардидааст.

Палатаи ҳисоб вазифадор шуд, ки раванди таҳия ва банақшагирии буҷети давлатиро қатъӣ назорат карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти хароҷоти онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро таъмин намоянд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатхои муайяншуда ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои фаъолият дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода шунида шуд.

Бо мақсади бо мутахассисони соҳибкасбу навовар ва дорои қобилияти азхудкунии технологияҳои муосир таъмин намудани соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда шуданд, ки барномаҳои таълимиро бо дарназардошти талаботи воқеъии бозори меҳнат дар самти омода кардани мутахассисони соҳа таҷдиди назар намуда, ҷиҳати пайвастани илм бо амал дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур доданд, ки дар муддати 6 моҳ камбудиҳои мавҷудаи соҳаро ислоҳ карда, аз натиҷааш дар ҷамъбасти нимсолаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намояд.

Баъди шунидани ҳисоботи раиси Шӯрои директорони КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” Шералӣ Кабир Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 7,1 фоиз ва нисбат ба соли 2012 қариб се баробар кам мебошад.

Бинобар ин, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, раиси Шӯрои директорони Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик” Шералӣ Кабир ва ҳайати роҳбарикунандаи он, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳо ва афзоиш додани истеҳсол ва содироти алюминий ва ҳамзамон бо ин, доир ба роҳҳои таъмин намудани рушди минбаъдаи ширкати мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд ва дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намоянд.

Сипас дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.

Новобаста аз пешравии кор дар соҳа қарздории ширкат, истифодаи ғайри мақсадноки неруи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номида шуд.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ ва содироти он чораҳои мушаххас андешида шавад.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои кори соҳаи нақлиёти мамлакат, фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ шунида шуд.

Сарвари давлат аз масъулини соҳаҳои номбаршуда, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб карданд.

Сипас доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳисобот дод.

Президенти мамлакат аз паст рафтани нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, талафёбии ҳосили картошка дар аксар хоҷагиҳои картошкапарварӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта, изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини соҳа барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ барои рушди сабзавоткорӣ ва бунёди боғу токзори нав, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар кори маҷлис инчунин ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода шунида шуд.

Сарвари давлат ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, хусусан ёрии аввалияи тиббӣ, рушди фармасевтикаи миллӣ, пешгирии фавти кӯдакон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба нарасидани мутахассисон дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба забономӯзии бештар фаро гирифтани хонандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, афзалият додан ба таҳсили духтарони деҳоти дурдасти мамлакат дар муассисаҳои олии таълимӣ аз ҳисоби квотаи Президентӣ, ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба бозомӯзӣ фаро гирифтани калонсолон, ба роҳбарони вазоратҳои номбаршуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Роҳбарони кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташфиқи минтақаҳои сайёҳии мамлакат ва намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин барои рушду густариши муносибатҳои дуҷониба бо кулли кишварҳои олам, ташкилоту созмонҳои минтақавӣ, байналмилалию ҷаҳонӣ, назорати ҷараёни татбиқи созишномаҳои ҳамкории баимзорасида ва баҳри ислоҳи камбудиҳои соҳа, хусусан дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмуъ татбиқи сиёсати хориҷии Роҳбарияти  давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  супориш дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2018 гузориш дод.

Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет як зумра корҳоро ба анҷом расонид.

Нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид. Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 95,4 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд кард, ки бо андешидани чораҳои амалигардида ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,1 фоиз баробар гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони ноҳияҳои пойтахт бобати вусъати корҳои ободонӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, пурра пайваст кардани иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба системаи гармидиҳӣ, беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дастур доданд.

Сарвари давлат аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд кардани 8 майдончаи варзишии муосирро аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдоми шоиста арзёбӣ намуданд.

Сипас дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳо дар соли 2018 ва нақшаҳо дар соли 2019 ҳисобот доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмон, таъмиру навсозии роҳҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди сангҳо, рушди сайёҳию ҳунармандӣ дар қаламрави вилоят, супоришҳои мушаххас доданд.

Ба раиси вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, ба даст овардани ду се ҳосил аз як замин, иҷрои ҳатмии нақшаи истеҳсоли пахта, меваю сабзавот ва полезиҳо, рушди соҳаи картошкапарварӣ, боғдорӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва тармиму навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд.

Роҳбарияти вилояти Суғд вазифадор гардид, ки дар ҳудуди вилоят баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат бунёд намудани беш аз 250 корхонаи истеҳсолӣ, ташкили 8 ҳазор ҷоий кориро амалӣ карда, ба масъалаи таъсиси боғҳои интенсивӣ, рушди картошкапарварӣ, моҳипарварӣ ва шоликорӣ ва омодагии сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлати ҷумҳурӣ аҳамияти махсус диҳанд.

Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, зимни таҳлили вазъи соҳаҳо ва мусоидат ба пешрафти онҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки оид ба саноатикунонии мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли пастравии истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо изҳори нигаронӣ намуда, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозодаро вазифадор намуданд, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли чунин маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосир ва ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат Барномаи рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ то соли 2025-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

Ҳамзамон ҷиҳати бе коркарди ниҳоӣ содирот шудани қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷ изҳори нигаронӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд барои манъ кардани содироти консентрати маъдан аз кишвар чораҷӯӣ намояд.

Бо мақсади ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба соҳаи коркарди маъдан таъкид гардид, ки дар асоси тағйирот ба қонунгузории амалкунанда аз 1 марти соли 2019 тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар гардида, бонуси истихроҷӣ, ҷорӣ ва пардохти маблағ вобаста ба ҳаҷми истихроҷ ҳамасола таъмин карда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаи корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми содироти ватанӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар панҷ соли охир ҳаҷми содироти алюминий аз рӯи арзиш 25 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 55 фоиз, ҳамзамон бо ин, дар соли сипаришуда содироти маҳсулоти растанӣ 22 фоиз, маҳсулоти тайёри озуқа 25 фоиз, консерваи меваю сабзавот 50 фоиз ва намак 60 фоиз коҳиш ёфтааст.

Рақобатпазир набудани маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, раванди ғайриқаноатбахши диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, баланд будани арзиши аслии мол, сатҳи пасти идоракунии пешбурди маҳсулот, идоракунии сифат ва ҳифзи манфиатҳои содироткунандагони ватанӣ дар хориҷи кишвар ҳамчун масъалаҳои ҳалталаб қайд карда шуданд.

Бинобар ин, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, агентиҳои содирот, “Тоҷикстандарт” ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифадор карда шуданд, ки барои татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҷӯӣ намоянд.

Барои дар оянда афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ масъалаҳои андозбандии коркарди аввалия ва бандубасти маҳсулот, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли бемамониати молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ, истифодаи тарифҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақл, сертификатсияи маҳсулот, зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти харидорони хориҷӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар кишварҳои муқим тақвият бахшад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ барои рушди саноати маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дигар соҳаҳои ба саноатикунонии кишвар мусоидаткунандаро муҳим арзёбӣ карданд.

Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои қарздории Ширкати “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, ҷамъиятҳои саҳҳомии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, “Тоҷик Эйр”, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва як қатор бонкҳои кишвар чораҷӯӣ намояд ва якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав мониторинги корхонаҳои азими давлатӣ ва корхонаҳои дорои ҳиссаи зиёди давлатро гузаронида, ҷиҳати таҷдиди сохтор, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ҷорӣ намудани идораи муосири корпоративӣ ва солимгардонии онҳо чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.

Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” лоиҳаи “Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи растанипарвариро барои солҳои 2020-2025” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардиданд, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии пахта диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рушди соҳаҳои паррандапарварию моҳипарварӣ низ супориш дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то соли 2020 пурра ҳаллу фасл намудани масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт, мукаммал гардонидани низоми аттестатсияи кормандони илмиву омӯзгорӣ, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дар самти сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, пешниҳоди “Барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2024”, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронидани озмун ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ масъулинро вазифадор намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ва занони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва дигар корҳои хонагӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, гаҷкориву чӯбкорӣ ва монанди инҳо фаъолияти марказҳои таълими калонсолон тақвият дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарони сохторҳои дахлдорро ҳушдор намуданд, ки дар ин масъала набояд ба зоҳирпарастӣ ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ роҳ диҳанд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардид, ки стандартҳои давлатии арзёбии сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тандурустиро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон бо беморон, сари вақт расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, инчунин доир ба иҷрои ҳатмии тағйиру иловаҳои ба қонунгузории соҳа воридшуда тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардани воридоти ғайриқонунии маводи доруворӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, назоратро дар ин самт ба таври қатъӣ ба роҳ монад.

Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот ва дар маҷмӯъ зиёд намудани ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд ва “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2021” таҳия ва амалӣ намоянд.

Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат таҳлилҳо гузаронида, нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои онҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои қатъӣ андешад.

Вобаста ба нисбатан кам будани миқдори занону духтарон дар хизмати давлатӣ дар ноҳияҳои кишвар масъулин вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тарбияи мутахассисони муосиру ояндадор аз байни онҳо ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷамъбаст карда шуда, вазифаҳо барои соли навбатӣ муайян карда шуданд.

Ҳамзамон доир ба содиршавии баъзе намудҳои ҷиноят, аз қабили қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунӣ бо силоҳ, худсарона ишғол намудан ва ғайриқонуни додани қитъаҳои замин ва муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор, аз ҷониби ноболиғон содир намудани ҷиноятҳо, ҷиноятҳои ба терроризму экстремизм алоқаманд изҳори нигаронӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон тақозо менамояд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз пештара дида бештар ҳушёр бошанд ва барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо чораҳои саривақтӣ андешанд.

Кормандони мақомоти номбурда вазифадор карда шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пеш баранд. Ҳамзамон қайд гардид, ки кӯшишҳо бояд ба он равона гарданд, ки сабабу омилҳои пайдошавӣ ва ташаккули ақидаҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеа таҳлил карда, чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд.

Қайд шуд, ки алоқаи намояндагиҳои мо дар хориҷи мамлакат бо муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият дода шавад ва дар ин самт вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои мамлакат, ҳамзамон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд.

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои муайян иҷро гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 20 ҳазору 149 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 2 ҳазору 944 ё 14,6 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуданд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро барои босифат ва сари вақт иҷро намудани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карданд.

Зарур аст, ки то баргузории ин ҷашн симои ҳар як шаҳру деҳот ва маҳалли зист сифатан дигар шуда, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва шароити хуби инфрасохторӣ дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин карда шавад.

Дар ин раванд, ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани онҳо, махсусан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, бунёду тармими муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои тамоми қаламрави кишвар ва бо ҳамин роҳ бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бояд эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки ҷиҳати дақиқ муайян кардан ва дастгирии ҳаматарафаи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, алалхусус, ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат чораҳои доимӣ андешида шаванд.

Ба вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолии деҳот тадбирҳои мушаххас андешида, лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самт татбиқ намоянд.

Ба роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои дар Паёми Президент ва ҷаласаи Ҳукумат зикршуда тадбирҳои амалӣ андешида, иҷрои ҳатмии нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки ҳар яки мо ташаббускор бошем, ба мардум хизмат намоем ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба пешрафти давлат, ободии Ватан ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона созем.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар соли 2019 давлат ва миллати тоҷик дар натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи мардум ва якдилию ҳамбастагии ҷомеа ба рушду пешрафти боз ҳам бештару хубтари иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд.

www.president.tj

Паёми Пешвои миллат-роҳнамо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ

ПаёмПаёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, дастурест, ки ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногун ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ва мақсаднок медиҳад, ки дар асос ва баҳри иҷрои онҳо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул карда мешаванд, ки онҳо боиси баланд гардидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ ва дар мҷмӯъ ба пешрафти Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолиро омили асосии бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун ҳисобида, таъкид намуданд, ки соли 2019 муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 ба охир мерасад ва зарур шумориданд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ  барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстию эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои миллӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки волоияти қонун, таъмини ҳуқуқи инсон дар рушди давлатдории навин ва муҳимияти принсипҳои қонуният бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гузоштан ба санадҳои миллӣ ба миён оранд ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба воя расонидан зарур аст. Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои онҳо ба шаҳрвандон ва дарки афзалияти он дар фазои ҳуқуқии кишвар мунтазам татбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Пайваста Пешвои миллат дар Паёмҳои худ масъалаҳои асосии ҳаёти ҷомеаро матраҳ ва таҳлилу хулосабарорӣ намуда, барои амалишавии вазифаҳои давлати иҷтимоӣ, яъне фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат, тақвияти заминаҳои бунёдии ваҳдату суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, волоияти қонуну рушди муносибатҳои байналмилалӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва адолати судӣ масъалагузорӣ мекунанд.

Ин иқдоми Пешвои миллат барои такмили савияи ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстӣ, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи давлатӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва бархурдор шудани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мусоидат мекунад.

Мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат саршор аз ҳадафҳои созандаву бунёдкорона буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро бо дарназардошти вазъи геосиёсии минтақаю ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муайян мекунад.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ барои татбиқи вазифаҳои дар Паём гузошташуда саъю талош намояд ва барои пешрафти давлату ҷомеаи озоду демократиамон саҳмгузор бошад.

Салоҳуддинов М.,
Корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумхурии Тоҷикистон

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990»

Касри миллат 1

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад.».

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
15 январи соли 2019
№1181

 

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 15 январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.

Душанбе, 15.01.2019          www.president.tj 

Муқовимат бо коррупсия вазифаи муҳими ҷомеа

КоррупсияСоли 2018 вобаста ба муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ шудааст, Нақша -чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи солҳои 2018 – 2019 бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ аз 19 январи соли 2018, № 15 тасдиқ карда шуд.

Дар нақшаи мазкур тақвияти тарғиби андешаҳои зиддикоррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомот ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар дар ҳамбастагӣ ба  эҳтироми арзишҳои фаҳангиву миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба халқу Ватан ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” се мизи мудаввар, аз ҷумла рӯзҳои 25 май дар вилояти Хатлон, 01 июн дар вилояти Суғд ва 07 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Баррасии масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуданд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар ин раванд соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Суди Олии ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Конференсияи ҷумҳурявиро дар мавзӯи “Иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфҳои коррупсионӣ” баргузор намуданд.

Дар чорабиниҳои дохилиидоравии мақомот низ дар самти муқовимат бо коррупсия аҳамияти махсус дода мешавад. Аз ҷумла дар дарсҳои бозомӯзӣ шахси масъули мақомот вобаста ба муқовимат бо коррупсия дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди коррупсия” маъруза кард.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда,  дар самти муқовимат бо коррупсия ба кормандони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла таъкид намуданд, ки: “ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида талош намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ кушиш менамоянд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намуда, дар байни аҳолӣ бештар чорабиниҳои иттилоотонӣ гузаронанд ва дар муқовимат бо коррупсия саҳмгузор бошанд.

Раҷабов Ш.,
корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20190104_084018Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ҳабибулозода Раҷабмо — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Чорабиниро З. Ализода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти бузурги Паём дар рушди босуботи ҷумҳурӣ ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон суханронӣ намуданд. Аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми имсолаи Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ ҳуҷҷати стратегие мебошад, ки дурнамои рушди давлати тоҷиконро барои соли 2019 ва солҳои минбаъда муайян месозад.

Инчунин Ҳабибулозода Раҷабмо дар қисмати ифтитоҳӣ суханронӣ намуда, аҳамияти Паёми навбатиро дар рушд ва пешрафти ҳуқуқи инсон хусусан кӯдакон зикр намуданд.

Дар рафти чорабинии имрӯза  иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паёмро мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода, бештар ба ҷанбаҳои пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар рафти мизи мудаввар аз тарафи кормандон дар мавзӯъҳои «Таҳкими волоияти қонун – асоси пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон», «Иникоси ҳуқуқҳои кӯдакон дар Паёми Пешвои миллат»,  «Масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд»  маърӯзаҳо карда шуданд.

Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар  маърӯзаҳои  пешниҳодшударо    мавриди муҳокима  қарор доданд.

Дар охир иштирокчиёни мизи мудаввар, аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ бояд саҳмгузор бошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Касри миллат 1Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду қонуни мукаммал ва якчанд қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буданд, ба имзо расонида шуданд.

Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии табибон, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва корхонаҳои хизматрасонӣ, ки бинобар риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ боиси мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта машғуланд, равона гардидаанд.  Бо тағйироти дигари ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардашуда, ҷавобгарӣ барои қасдан  мубталои  вируси норасоии масунияти одам гардонидани шахси дигар  пурзӯр  карда шуда,  ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба савдои одамон танзими ҳуқуқии худро ёфтанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» меъёрҳоро вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва тартиби  бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшударо ба танзим медарорад.

Тағйиротҳои ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсоли иҷро» воридкардашуда меъёрҳоро  ҷиҳати иҷрои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва пешбинӣ намудани тартиби содакардашудаи таъмини иҷрои уҳдадориҳо, саривақт таъмин кардани уҳдадориҳои қарзиро пешбинӣ менамоянд.

Дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» меъёрҳо дар самти пешгирӣ кардани қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ворид карда шудаанд.

Инчунин ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, онҳо мукаммал гардонида шудаанд.

Қонунҳои ба имзорасида барои ҳифзи саломатии мардум ва  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нигаронида шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 02.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.