Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990»

Касри миллат 1

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад.».

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
15 январи соли 2019
№1181

 

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 15 январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.

Душанбе, 15.01.2019          www.president.tj 

Муқовимат бо коррупсия вазифаи муҳими ҷомеа

КоррупсияСоли 2018 вобаста ба муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ шудааст, Нақша -чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи солҳои 2018 – 2019 бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ аз 19 январи соли 2018, № 15 тасдиқ карда шуд.

Дар нақшаи мазкур тақвияти тарғиби андешаҳои зиддикоррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомот ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар дар ҳамбастагӣ ба  эҳтироми арзишҳои фаҳангиву миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба халқу Ватан ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” се мизи мудаввар, аз ҷумла рӯзҳои 25 май дар вилояти Хатлон, 01 июн дар вилояти Суғд ва 07 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Баррасии масъалаҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуданд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар ин раванд соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Суди Олии ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Конференсияи ҷумҳурявиро дар мавзӯи “Иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфҳои коррупсионӣ” баргузор намуданд.

Дар чорабиниҳои дохилиидоравии мақомот низ дар самти муқовимат бо коррупсия аҳамияти махсус дода мешавад. Аз ҷумла дар дарсҳои бозомӯзӣ шахси масъули мақомот вобаста ба муқовимат бо коррупсия дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди коррупсия” маъруза кард.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда,  дар самти муқовимат бо коррупсия ба кормандони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла таъкид намуданд, ки: “ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида талош намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ кушиш менамоянд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намуда, дар байни аҳолӣ бештар чорабиниҳои иттилоотонӣ гузаронанд ва дар муқовимат бо коррупсия саҳмгузор бошанд.

Раҷабов Ш.,
корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон