Фаъолияти мақомот тақвият меёбад

Ombudsman_logo_2011-06-03Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон бо иқдому ташаббусҳои муносиб, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар асоси сиёсати дарҳои боз, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, муҳокимаҳои шаффофу ошкоро оид ба масоили мухталифи ҷаҳони муосир, аз ҷумла волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошт.

Дар ин сол Тоҷикистон дар радифи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар такомулу пешрафти ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати мусоидат ба ин равандҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма барои риоя, ҳифз, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон тадбирҳои заруриро анҷом дод.

Фаъолияти мақомот дар давраи сипаришуда низ ба эҳтиром, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон равона шуда, бо қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, такмили қонунгузории миллӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон тақвият дода шуд.

Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Соли 2018 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3522 муроҷиат, аз ин шумора 857 муроҷиати хаттӣ ва 2665 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардида, тибқи талаботи қонунгузории баррасӣ гардиданд.

Дар соли 2018 дар муқоиса ба соли 2017 теъдоди муроҷиатҳои хаттӣ нисбат ба ҳуқуқ ба озодӣ аз зӯроварӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба таҳсил,  ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқ ба моликият зиёд шуданд.

Бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар соли 2018 лоиҳаи 60 (с.2017 — 58) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, нисбати 24 лоиҳаи қонун, 5 лоиҳаи Фармони Президенти ҶТ, 6 лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ, 13 қарори Плениуми Суди Олӣ, 1 лоиҳаи Консепсия ва 11 лоиҳаи санадҳои дигар хулосаҳо пешниҳод карданд.

Ҳамчунин, дар ин давра Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва кормандони Дастгоҳи он дар фаъолияти 39 (с.2017 — 29) гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳо, инчунин вобаста ба мониторингу таҳлили вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон иштирок намуданд.

Тибқи Барномаи амали мақомот, нақшаи кори Гурӯҳи мониторингӣ, инчунин дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон соли 2018 57 санҷишу мониторинг ва боздид (22 санҷиш, 32 мониторинг ва 3 боздид) гузаронида шуданд. Аз натиҷаи санҷишу мониторингҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор гузоришу тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 11 мурофиаҳои судӣ иштирок намуданд.

Соли 2018 оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқҳои инсон 191 (с.2017 — 119 ) маълумотнома ва ахбору гузоришҳо ба мақомоту идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Кормандони мақомот соли 2018 тавассути баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ, мизҳои мудаввар, семинару тренингҳои омӯзишӣ, машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ, баромад дар телевизион ва радио, нашри мақола, чоп ва интишор намудани “Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ”, китобу брошура, сомонаҳои www.ombudsman.tj, www.vhk.tj  ва дигар чораҳо фаъолияти самарабахши иттилоотиро ба роҳ монданд. Соли 2018 тавассути телевизион, радио, матбуоти чопӣ ва электронӣ 327 (с. 2017 — 273) баромад сурат гирифт. Зимни баромад ва таълифи мақола муқаррароти қонунгузории амалкунанда, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар самти мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва паҳлуҳои дигари ҳаёти ҷомеа таҳлил ва арзёбӣ гардиданд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар асоси нақшаҳои баромадҳои кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар Радиои «Тоҷикистон», Радиои «Ховар», Радиои «Садои Душанбе» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» 43 баромад анҷом дода шуд.

Дар соли сипаришуда бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  61 чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ (3-конференсия, 41-мизи мудаввар, 8-семинар ва 6-тренинг) гузаронида шуда, иштироки кормандони Дастгоҳи марказии мақомот дар 123 (с.2017 — 77) чорабиниҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуданд, таъмин карда шуд. Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ низ, дар соли 2018 247 машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида, дар кори 155 чорабиниҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва Нақшаҳои миллии амал дар соҳаи ҳуқуқи инсон, механизми амалишавии қонунгузории миллӣ ва дурнамои соҳа, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб гардида, ҷараён ва натиҷаҳои чорабиниҳо тариқи ВАО инъикос ёфтанд.

Дар ин давра бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо аз тарафи роҳбарияти мақомот ва кормандони Дастгоҳи он бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ 16 вохӯриву мулоқотҳои судманд сурат гирифтанд. Аз ҷумла, кормандони мақомот дар муколамаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок намуданд.

Таҳия, нашр ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун василаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ВҲИ васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар ин давра маводи иттилоотии зерин  таҳия ва чоп карда шуданд:

  • Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2017 (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) – 300 нусха;
  • Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2017(бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) – 300 нусха;
  • Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – 200 нусха;
  • Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон (нашри II) – 1000 нусха;
  • Роҳнамо аз фанни ҳуқуқи инсон барои ихтисосҳои ғайриҳуқуқшиносӣ – 1000 нусха;
  • Роҳнамо барои омӯзиши ҳуқуқи инсон – 250 нусха;
  • Ахбори Ваколатдор №1(26) с.2018 – 360 нусха;
  • Ахбори Ваколатдор №2(27) с.2018 – 360 нусха;
  • Ахбори Ваколатдор №3(28) с.2018 – 360 нусха;
  • Маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба адолати судӣ нисбати ноболиғон — 300 нусха;
  • Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо (буклет) – 2000 нусха;
  • Ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳифзи саломатӣ (овеза) – 500 нусха.

Маводи мазкур зимни баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ ва вохӯрию мулоқотҳо ба аҳолӣ ройгон тақсим карда шуданд.

Корҳои дар соли 2018 анҷомдодашуда заминаи муҳими ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иттилоотии пешрафти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти мақомот мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон