Паёми Пешвои миллат-роҳнамо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ

ПаёмПаёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, дастурест, ки ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногун ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ва мақсаднок медиҳад, ки дар асос ва баҳри иҷрои онҳо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул карда мешаванд, ки онҳо боиси баланд гардидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ ва дар мҷмӯъ ба пешрафти Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолиро омили асосии бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун ҳисобида, таъкид намуданд, ки соли 2019 муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 ба охир мерасад ва зарур шумориданд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ  барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстию эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои миллӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки волоияти қонун, таъмини ҳуқуқи инсон дар рушди давлатдории навин ва муҳимияти принсипҳои қонуният бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гузоштан ба санадҳои миллӣ ба миён оранд ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба воя расонидан зарур аст. Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои онҳо ба шаҳрвандон ва дарки афзалияти он дар фазои ҳуқуқии кишвар мунтазам татбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Пайваста Пешвои миллат дар Паёмҳои худ масъалаҳои асосии ҳаёти ҷомеаро матраҳ ва таҳлилу хулосабарорӣ намуда, барои амалишавии вазифаҳои давлати иҷтимоӣ, яъне фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат, тақвияти заминаҳои бунёдии ваҳдату суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, волоияти қонуну рушди муносибатҳои байналмилалӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва адолати судӣ масъалагузорӣ мекунанд.

Ин иқдоми Пешвои миллат барои такмили савияи ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстӣ, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи давлатӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва бархурдор шудани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мусоидат мекунад.

Мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат саршор аз ҳадафҳои созандаву бунёдкорона буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро бо дарназардошти вазъи геосиёсии минтақаю ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муайян мекунад.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ барои татбиқи вазифаҳои дар Паём гузошташуда саъю талош намояд ва барои пешрафти давлату ҷомеаи озоду демократиамон саҳмгузор бошад.

Салоҳуддинов М.,
Корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумхурии Тоҷикистон