Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12

imagesСанаи 27 феврали соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло ва дигар кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо сардор, ҳайати шахсӣ ва устодони муассисаи мазкур суҳбатҳои алоҳида баргузор намуда, вобаста ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, салоҳият, ваколат ва вазифаҳои он, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ибрози назар ва ба саволҳои зиёди кормандон посух дод.

Аз ҷумла қайд гардид, ки тамоми кӯшишу заҳмати мо бояд ба он равона карда шавад, ки кӯдакон аз муассисаи мазкур бо як тафаккури солим, донишу малака ва касбу ҳунар ба ҷомеа ворид гарданд, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллати мо ба ҳисоб мераванд.

Дар навбати худ сардори Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Шарипов Садриддин ташрифи меҳмононро ба муассиса ҳайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бошандагони муассисаи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти СРИҶҶ ВА ҶТ қарор дошта, барои минбаъд дар ҷомеа роҳ ёфтани онҳо бо донишу касбҳои замони муосир чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ҳамчунин зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати ҳамроҳонаш аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон ва шароити будубоши онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Умуман шароити муассиса бо имкониятҳои мавҷудаи имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Аз ҷумла, рахтҳои хоб, ошхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ тоза ва ҳавлии муассиса бошад бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шудааст. Новобаста аз он, ки баъзе китобҳои дарсӣ фарсуда шуда бошанд ҳам шароити таълиму тарбия ва азхудкунии донишҳои муосир ба таври хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо тарбиятгирандагони муассисаи мазкур вобаста ба ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдакону ҷавонон, хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ва хусусан ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону ҷавонон суҳбати судманд намуданд.

Тарбиятгирандагон иброз намуданд, ки пас аз адои ҷазо бо риояи қатъии қонун ба халқу ватани азизамон Тоҷикистон содиқонаю софдилона хизмат хоҳанд кард.

Бознашр аз сомонаи www.vhk.tj

Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

tadzhikistan-s-razmahom-otmetit-25-yu-godovschinu-obrazovaniya-vooruzhennyh-sil_1 (1)

Имрӯз дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бахшида ба «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон» бо иштироки З. Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, С. Ғуломов — Роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро З. Ализода оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҳар як давлат дар ҳифзи суботу амнияти худ ба қувваҳои мусаллаҳ такя мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумхурӣ дар тули 26 соли фаъолияти худ ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ҳифзи марзу бум ва пуштибонии сулҳу  субот хизматҳои  беназир намудааст.

Р. Ҳабибулозода аз таърихи ташкил ва нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар суханронӣ намуда, инчунин зикр намуданд, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Инчуни Ҳ. Нидоев – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бахшида ба 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ маърӯза намуданд. Қайд карда шуд, ки дар муддати 26 соли гузашта, ба дӯши хизматчиёни ҳарбии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва сулҳу субот аз ҳалли онҳо вобаста буд ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати касбиашон бо сарбаландӣ баромаданд. Ҳамчунин аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёддовар шуданд, ки дар Паёми хеш ба Маҷлисии Олиии ҶТ гуфта буд: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар навбати худ дар самти риояи ҳуқуқи хизматчиёнӣ ҳарбӣ пайваста чорабиниҳо мегузаронад.

Аз соли 2014 инҷониб аз тарафи Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 20 қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ мониторингҳо гузаронида шудааст. Инчунин кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии  «Дафтари озодихои шахрвандӣ» дар қисмҳои ҳарбии вазорат дар мавзӯъҳои «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ», «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон, Муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» ва ғ. мизҳои мудаввар доир намудаанд.

Ин чорабиниҳо, бо иштироки зиёда аз 1500 нафар афсарону сарбозон инчунин кормандони мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин дар якҷоягӣ бо Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Вазорати мудофиа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Дастурамал оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ, пешгирӣ намудани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва даъват ба хизмати ҳарбӣ, санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ оид ба пешгирии шиканҷа таҳия ва нашр карда шудааст.

Дар охир З. Ализода  ҳозиринро ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ табрику таҳният намуда, онҳоро ба расидан ба қадри истиқлолият таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Иштироки З. Ализода дар ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд»

Копия Ализода ДИДТаҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумурии Тоҷикистон, Ҷумъахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусалом Мирализода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Баҳриддин Камолиддинов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати устодон ва раёсати Донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода, меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки ҳадаф аз ҳамоиши мазкур анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳамчунин, зикр гашт, ки лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатӣ, дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ тавсия шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди омўзишу таҳқиқ қарор мегирад.

Баҳриддин Камолиддинов, зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои ҷавонони имрўза донистани он ки гузаштагони бонангу номуси онҳо дар ҳолатњои вазнин, ҳатто замоне ки таҳти тасарруфи дигар давлату халқият қарор доштанд, волоияти забону фарҳангашонро пос медоштанд ва намегузоштанд, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омўзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандўст бедор месозад. Ба ибораи дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ў наметавонад ба ҷараёнҳои рўзгор мунсифона баҳо диҳад.

Дар рафти ҳамоиш мутахассисон пешниҳод намуданд, ки ҳар як самти фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд алоҳида мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда шавад.

Дар поён Ректори Донишкада аз иштирокчиёни ҳамоиш ҷиҳати ҳамкориҳои пайваста бо мақсади расидан ба натиҷаҳои назаррас даъват ба амал овард.

Раҳматулло Каримов     www.did.tj

Ба афзоиши ҷинояткории ноболиғон чӣ боис мегардад?

vhk2018Мусоҳиба бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода

— Дар мамлакат бобати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд?

— Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъмин гардидани ҳуқуқи кӯдакон вазифа мегузоранд.

Дар миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муҳим аст. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакро арзиши олӣ эътироф намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор додааст. Ҳамчунин, Конститутсия ҳуқуқу озодиҳоеро, ки барои таъмини манфиатҳои кӯдакон, рушди ҳамаҷонибаи онҳо заруранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, таҳсил, зиндагӣ ва тарбия дар оила, манзил, мерос, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, озодии сухан ва виҷдон, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст.

Дар низоми ҳуқуқии кишвар санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ва онҳо стандартҳои байналмилалиро муқаррар менамоянд, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак нақши бориз доранд. Инчунин, кафолатҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои тандурустӣ, оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ғайра мушаххас шудаанд.

— Риояи ҳуқуқи кӯдак дар кадом вазъ аст?

— Барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Хусусан, дар самтҳои таъмини ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои ятимону бепарасторон, кӯдакони маъюб пешравиҳо назаррасанд. Барои мисол, ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсили ройгон ва ҳатмии умумии асосӣ таъмин буда, бо ин мақсад муассисаҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардида, мунтазам заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким меёбанд.

Ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ тавассути андешидани тадбирҳо ҷиҳати паст кардани фавти кӯдакон, ба ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ дастрасӣ дош­тани онҳо, мубориза бо беморӣ ва камғизоӣ, хизматрасонӣ ба модарон дар давраи то ва баъди таваллуд, иттилоотонии табақаҳои ҷомеа таъмин аст. Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи андешидани тадбирҳо нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон паст шуд. Масалан, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3457 кӯдаки то 1- сола фавтиданд, ки назар ба як соли пеш 327 нафар кам аст.

Баробар бо дастовардҳо, мушкилот низ ҷой дорад. Аз ҷумла, дастрасии нокифояи кӯдакони маъюб ба таҳсил, сатҳи пасти дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, хусусан дар деҳот. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёмашон зикр намуданд, ки шумораи муассисаҳои томактабӣ бамаротиб зиёд ва то соли 2021 фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот ба 30 фоиз расонида шавад.

— Ҳамкорӣ бо дигар мақомот чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

— Бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва ғайра ҳамкорӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Онҳо асосан бо мақсади таҳия ва амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар сохторҳои СММ, амалисозии барномаҳои алоҳида дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, гузаронидани мониторинги муассисаҳои кӯдакона, баррасии муроҷиатҳо ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштирок дар гурӯҳҳои корӣ сурат мегиранд. Масалан, соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд барои омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон» семинарҳои омӯзишӣ гузаронидем.

ҳамкориҳо бо ваколатдорон оид ба ҳуқуқи кӯдаки Федератсияи Россия ва мақомоту идораҳои дахлдори дигар давлатҳо низ хуб ба роҳ монда шудаанд. Илова бар ин, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ки масъули асосии расонидани кумаки машваратӣ ва техникӣ ба давлатҳои узви Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар ҳалли мушкилоти вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, шуъбаи ташкилоти байналмилалии «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон, намояндагии Дафтари Хелветас Свисс Интеркооперейшн дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ва ғайра ҳамкории судманд дорем.

— Сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни кӯдакон чӣ гуна аст ва дар муассисаҳои ислоҳӣ чанд нафар алҳол адои ҷазо мекунанд?

— Мутаассифона, сатҳи ҷинояткории ноболиғон ташвишовар аст. Новобаста аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғон, содир намудани ҷиноят аз ҷониби онҳо соли 2018 афзоиш ёфтааст. Агар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда бошад, соли 2018 ин рақам ба 907 адад расидааст. Ин ҷиноятҳоро 780 ноболиғ, аз ҷумла 25 духтар ва 755 писар содир намудаанд. Бештари ҷиноятҳоро онҳое содир намудаанд, ки бо таҳсил ва шуғл фаро гирифта нашудаанд.

Маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси мард бо мақсади ислоҳшавӣ ва пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав дар Муассисаи тарбиявии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Айни ҳол дар он ҷо 70 ноболиғ адои ҷазо доранд.

Инчунин, дар кишвар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва Литсейи касбӣ-техникии махсуси ҷумҳуриявӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кӯдакони аз 10 — сола боло, ки ахлоқу рафторашон барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Натиҷаи санҷишу мониторинг­ҳо нишон медиҳад, ки дар муассисаҳои мазкур барои нигоҳдорӣ, таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ, фароғат ва ислоҳшавии кӯдакон шароит фароҳам карда шудааст. Масалан, омӯзгорони соҳибкасб ба ноболиғони маҳкумшуда дарс медиҳанд. Илова бар ин, ҷиҳати омӯзиши касбҳои гуногун, аз ҷумла «Устои таъмири асбобҳои барқӣ», «Кафшергари барқӣ», «Сартарош», «Ошпаз», «Челонгар», «Барномасоз» курс­ҳои кӯтоҳмуддат ташкил ва баъди хатми онҳо шаҳодатномаи тахассусӣ дода шуда, барои мулоқоти ноболиғон бо аъзои оила ва хешовандон шароити зарурӣ муҳайё аст.

— Муносибат ба тақдири минбаъдаи кӯдакон баъди адои ҷазо чӣ гуна аст?

— Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда, ба ҳар кас, аз ҷумла кӯдакон, ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Ба кӯдакон на танҳо баъди адои ҷазо, балки дар вақти адои ҷазо низ ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад. Ғайр аз ин, пас аз адои ҷазо ба нозироти корҳои ислоҳӣ, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии корхонаву муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо кумаки иҷтимоӣ мерасонанд. Барои бо кор таъмин намудан ё ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, инчунин фароҳам овардани шароити манзилию маишӣ чораҳо меандешанд.

Табиист, ки ин қабил кӯдакон бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешаванд ва бо мақсади ҳамгироӣ бо ҷомеа ва мутобиқшавии самараноки иҷтимоии онҳо андешидани чораҳои дахлдор зарур аст. Аз ин рӯ, ҳоло лоиҳаи Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони аз муассисаҳои пӯшида озодшуда таҳия шуда, дар баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад.

Мусоҳиб: Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум» №14 (3964) 05.02.2019