Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

47431487232_5891d9765e_z

28 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳия кардани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 мебошад. Ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон аз имрӯз омодагии ҷиддӣ бинанд ва ҷиҳати татбиқи нишондодҳои лоиҳа тадбирҳои амалӣ андешанд.

Сипас, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 гузориши вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сухту озуқа, омодагии иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар фасли сармо, вусъати корҳои саҳроӣ, идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас доданд.

28.03.2019 шаҳри Душанбе

www.president.tj

Конференсияи ҷумҳуриявии  илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон оид ба ҷавобгарӣ барои иштирок дар фаъолияти экстремистӣ»

скачанные файлы (1)Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, тадбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди он ва ташаккули вазъи тоқатнопазирии аҳолӣ нисбати ҳодисаҳои номатлуб, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин самт аз ҷониби Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд 19 марти соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони ҷавони милитсия дар факултаи №4 Академияи ВКД ҶТ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон оид ба ҷавобгарӣ барои иштирок дар фаъолияти экстремистӣ» конференсияи ҷумҳуриявии  илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултаи №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. оғоз намуд.

Ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ дар назди иштирокчиёни конференсия сардори шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Туйчизода Т. баромад кард.

1Дар конференсия Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд  Ҳамидов Н. дар мавзӯи: «Баъзе муаммоҳои экстремизм ва терроризм  дар замони муосир», сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултаи №2 Академияи ВКД ҶТ н.и.ҳ., подполковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. дар мавзӯи «Таҳдидҳои муосири экстремизм-терроризми байналмилалӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо», сардори   шуъбачаи барҳамдиҳии ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар в. Суғд, майори милитсия  Муҳарамзода Ф.  дар мавзӯи: «Хусусиятҳои хоси мубориза бар зидди экстремизм-терроризм аз ҷониби субъектҳои муборизабаранда», сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ факултаи №4, Академияи ВКД ҶТ подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х.  дар мавзӯи: «Сиёсати ҳукуқи ҷиноятӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, полковники милитсия Муллобоев М. дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва воридшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро, сабабу шароитҳои он», дотсенти ҳамин кафедра, подполковники милитсия Мақсадзода О.И. дар мавзӯи: «Мафҳум ва моҳияти моддаҳои тарканда, моддаҳои кимиёвие, ки барои истеҳсоли маводҳои тарканда истифода мешаванд» баромад карданд.2

Конференсия бо саволу ҷавоби устодону курсантон аз рӯи мавзӯъҳои муҳокимашуда ҷамбаст шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манъи табъиз

1056456 Табъиз вайронкунии маҷмўии принсипҳои бунёдии адолат, баробарӣ ва қадру қимати инсонӣ ба шумор рафта, ҳам тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам қонунгузории миллӣ манъ карда шудааст.

Чӣ тавре аз шарҳи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеоянд, санади асосии ўҳдадорикунандаи пешгирии табъиз Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид  (СММ) ба шумор рафта, дар моддаи 1 он омадааст, ки яке аз ҳадафҳои СММ ин  эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон бе тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ ба шумор меравад.

Баробарӣ маротибаи аввал дар Эъломияи ҳуқуқи инсон эълон карда шуда, моддаи 1 он пешбинӣ менамояд, ки тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё омада, соҳиби ақлу виҷдон мебошанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд. Инчунин моддаи 7 Эъломияи мазкур маротибаи нахуст пешбинӣ намудааст, ки ҳамаи одамон бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробар аз қонун ҳуқуқ доранд.

Принсипи манъи табъизи муқаррарнамудаи Эъломияи ҳуқуқи инсон баъдтар дар санадҳои байналмилалии асосии ҳуқуқи инсон ба назар гирифта шудаанд. Масалан, моддаи 2 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар менамояд, ки ҳар як давлати иштирокчии Паймон уҳдадор мешавад ба ҳамаи шахсони дар ҳудуди он ва ҳудуди таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарордошта ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳамин Паймон эътироф гаштааст, бидуни ягон фарқият вобаста ба нажод, ранги пўст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар эҳтиром ва таъмин кунад. Паймони мазкур дар моддаҳои 6-27 доираи ҳуқуқҳоеро пешбинӣ менамояд, ки бевосита ё бавосита табъизро манъ менамоянд. Моддаи 20 Паймони мазкур давлатҳоро вазифадор менамояд, ки ҳама гуна кўшишҳои мусоидаткунандаи бадбинии миллӣ, нажодӣ ва диниро, ки барангезандаи табъиз, кинаю адоват ё зўроварӣ мебошанд, тавассути қонун манъ намоянд.

Моддаи 2 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муқарраротеро муайян намудааст, ки тибқи он давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон вазифадор мешаванд кафолат диҳанд, ки ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Паймон эълон шудаанд, бидуни ягон навъ табъиз вобаста ба нажод, ранги пўст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молумулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар амалӣ мешаванд.

Тибқи моддаи 1 Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои  табъизи нажодӣ мафҳуми «табъизи нажодӣ» ин ҳама гуна фарқият, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пўст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё нописандии эътироф, истифода ё баробар татбиқ накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Инчунин табъиз дар Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат № 111 дар бораи табъиз дар соҳаи меҳнат ва дигар санадҳои байналмилалӣ манъ карда шудааст.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳо инчунин дар дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла,  дар Кодекси меҳнат (моддаи 7), Кодекси мурофиавии гражданӣ (моддаи 7), Кодекси оила (моддаи 61), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ (моддаи 16), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 4), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ (моддаи 2) пешбинӣ шудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ қонуни махсуси зидди табъиз то ҳол қабул карда нашудааст. Давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки масъалаи таҳияи лоиҳаи қонуни алоҳида вобаста ба муборизаи том бо табъиз мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ин аст, ки айни ҳол гурўҳи кории байниидоравӣ вобаста ба баррасии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонуни нав таъсис дода шуда амал менамояд.

Ашўров М.,
сардори шўъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

Табрикоти Наврӯзӣ

NAVRUZ-2019Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният намоем.

Наврӯз иди куҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намуд. Акнун Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст.

Бо фарорасии Наврӯз фасли баҳорон, бедории табиат, қолини сабз пӯшидани кӯҳу саҳрои бекарони кишвар, кишту кори баҳории марди деҳқон оғоз меёбад ва он  бо як шукуҳу шаҳомати хоса аз ҷониби сокинони мамлакат ҷашн гирифта мешавад ва бо дастурхони файзбори худ дар қалбҳо маъво мегирад.

Садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад.

Дар соли нави аҷдодӣ ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.

 Бо камоли эҳтиром,
Умед Бобозода
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

Мизи мудаввар бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

NAVRUZ-2019Имрӯз дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Чорабиниро Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Қайд гардид, ки халқи тоҷик Наврӯзро дар тӯли чандин ҳазор сол аз гузаштаҳо ба мерос гирифта, то ба ин рӯз онро ҷашн мегиранд ва шукрона аз он бояд кард, ки дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад.

Сипас Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз арзишҳои таърихию фарҳангии Наврӯз ёдовар шуда, иштирокчиёнро бо ин иди аҷдодӣ табрику таҳният намуд.

Барои иштирокчиёни мизи мудаввар Бобохонв С. – муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Наврӯз мероси ниёгони мо ” маърӯза намуд.

Инчунин кормандони мақомот оид ба хусусиятҳои хос ва аҳамияти фархангии Наврӯз ва суннатҳои фархундаи он суханронӣ намуданд.

Копия 20190320_103456

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Суханрони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз

20.03.2019 12:00, шаҳри Норак

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Дар ин лаҳзаҳое, ки ҳамаи мо дар арафаи фарорасии ин ҷашни бузурги байналмилалӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони олам, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, зиёиёни мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, меҳмони азизи кишварамон – Президенти Ҷумҳурии Тотористон ҷаноби Минниханов Рустам Нургалиевичро ба Тоҷикистон ва тантанаҳои наврӯзии имрӯза хайрамақдам гуфта, мардуми дӯсти тоторро, ки Наврӯз дар диёри онҳо низ васеъ таҷлил мегардад, ба ифтихори ин ҷашни байналмилалӣ табрик менамоям.

Дар чорабинии имрӯза ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Директори бонк доир ба масъалаҳои стратегӣ ва амалиётӣ хонум Мариам Шерман ва намояндагони шарикони рушд, инчунин, роҳбарони ширкатҳои мушовир ва пудратӣ иштирок доранд, ки ҳамаи онҳоро низ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик мегӯям.

Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта,  накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.

 Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.

Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад.

Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад.

Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.

Чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд.

Имсол мо тасмим гирифтем, ки тантанаҳои Наврӯзро бо иштироки меҳмонон ва зиёиёни кишвар дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир намоем.

Сокинони Хатлон аз қадимулайём бо меҳрубониву иродатмандӣ, далериву шуҷоат, заҳматдӯстиву ободгарӣ ва хештаншиносиву ҳувиятхоҳӣ машҳур  гардидаанд.

Аз қадимтарин сарчашмаҳо маълум аст, ки сокинони Хутали бостонӣ дар ҳифзи ойину ҷашнҳои аҷдодӣ нақши басо арзишманд гузошта, имрӯз низ дар ин масир устуворона қадам мегузоранд, ки тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Норак шаҳри энергетикҳо ва саноатчиён буда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми бузург дорад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, соли 1967 оғоз ёфта, 15 ноябри соли 1972 нахустин агрегати он бо иқтидори 300 мегаватт ба истифода супорида шуд.

Соли 1979  нерӯгоҳ бо иқтидори 2700 мегаватт пурра ба фаъолият шурӯъ намуд. Вале дар натиҷаи фаъолияти тӯлонии нерӯгоҳ ва фарсуда шудани таҷҳизоти технологӣ имрӯз иқтидори лоиҳавии он 400 мегаватт кам гардидааст.

Аз соли 2005 бо дастгирии шарикони рушд корҳо вобаста ба тоза намудани сатҳи поёноби нерӯгоҳ, мониторинги бехатарии сарбанди он, бунёди дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 — киловолта ба маблағи умумии 900 миллион сомонӣ анҷом дода шуданд.

Бо дарназардошти аҳаммияти нерӯгоҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани коҳиши иқтидори он Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2015-2016 дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак”-ро омода намуд ва имрӯз дар остонаи ҷашни Наврӯз татбиқи навбати аввали он, ки арзиши лоиҳавиаш сеюним миллиард сомонӣ (баробар ба 350 миллион доллари амрикоӣ) мебошад, оғоз гардид. Таҷдиди нерӯгоҳи “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби қариб 7 миллиард сомонӣ дар муддати 10 сол амалӣ карда мешавад.

Марҳалаи якуми лоиҳа таҷдиди 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, 6 адад трансформатор ва ҳамзамон бо ин, анҷом додани корҳоро вобаста ба бехатарии сарбанд дар бар мегирад.

Дар марҳалаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо дар назар дошта шудааст.

Яъне баъди ба анҷом расидани лоиҳа нерӯгоҳи барқи обии “Норак” куллан нав мегардад ва умри дубора пайдо мекунад.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар доираи таҷдиди нерӯгоҳ аз ҷониби ширкати бонуфузи сатҳи байналмилалӣ таҷҳизоту технологияҳои пешрафтатарин ворид ва васлу насб карда мешаванд.

Инчунин, дар раванди амалӣ намудани корҳои таҷдиди нерӯгоҳ ҳазорон нафар мутахассисону коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 3000 то ба 3300 мегаватт зиёд гардида, бо дарназардошти иқтидорҳои аздастрафта дар он 700 мегаватт иқтидори иловагӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар ин замина таъминоти аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ ба таври назаррас беҳтар мегардад, ки ин  омил бевосита ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонӣ, афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.

Илова бар ин, мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда ва татбиқкунандаи “иқтисоди сабз” дар миқёси сайёра боз ҳам таҳким меёбад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла Асосиатсияи Байналмилалии Рушд ва  ҳамзамон бо ин, ба Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд, ки нақшаи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ карда, саҳми худро барои оғоз намудани таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” гузошта истодаанд, изҳори сипос менамоям.

Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи рушди Норак — шаҳри энергетикиву саноатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, на танҳо тармиму таҷдиди қисматҳои гуногуни нерӯгоҳро амалӣ намуд, балки бунёди даҳҳо муассисаҳои нави иҷтимоиро ба анҷом расонид.

Дар як муддати кӯтоҳ Норак симои худро ба куллӣ тағйир дода,  имрӯз ба як шаҳри зебову намунавӣ табдил ёфтааст.

Бунёди муассисаҳои нави иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, меҳмонхонаву марказҳои муосири хизматрасонӣ ҳусни шаҳрро ба куллӣ тағйир дода, ҳоло Норак ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар табдил ёфтааст.

Ҳамзамон бо ин, даҳҳо коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ  бунёд ва садҳо ҷойи иловагии корӣ муҳайё гардидаанд.

Норак, инчунин, дар оянда метавонад бо ду сабаб макони беҳтарини сайёҳӣ гардад.

Аввалан, он аз пойтахти мамлакат чандон дур набуда, ҳоло рафтуомад тавассути шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб ниҳоят  мусоиду осон мебошад.

 Сониян, Норак ва атрофи он оби мусаффо, боду ҳавои муътадил ва табиати зебо дошта, ҷойи бисёр мувофиқи истироҳату фароғати сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шуда метавонад.

Итминон дорам, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳри Норак ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва марказҳои табобату истироҳат чораҳои иловагӣ андешида, ба ин раванд сармояи мустақим ва соҳибкорони ватаниро ҳарчи бештар ҷалб менамоянд ва шаҳри Норакро ба мавзеи муҳимми сайёҳӣ ва истироҳату фароғати кишвар табдил медиҳанд.

Яке аз ҳадафҳои мо аз эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ маҳз аз он иборат аст, ки бо истифода аз ҳамаи василаву имкониятҳо деҳоти кишварро обод кунем, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ диҳем ва бо ҳамин роҳ барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.

Бовар дорам, ки дар муддати се соли оянда деҳоти мо симои худро ба куллӣ тағйир дода, тавассути саъйю кӯшиши соҳибкорони ватанӣ ва мардуми бонангу номуси диёрамон боз ҳам зеботар мегарданд, дорои инфрасохтори муосир мешаванд ва бо ин роҳ мушкилоти зиёди мардум бартараф карда мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, барои рушди сайёҳӣ имкони бештар фароҳам омада, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон иншооти наву замонавии сайёҳӣ бунёд шуда, мавзеъҳои таърихиву фарҳангии он ба макони дӯстдоштаи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табдил меёбанд.

Мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буда, бо ҳунару касбҳои бобоии худ ифтихор менамоянд.

Дар ин се сол умедворем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар боз ҳам рушд карда, маҳсули меҳнати ҳунармандони мо ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ мегардад.

Яке аз таомулу ойинҳои Наврӯз низ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ободкориву созандагӣ мебошад.

Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд.

Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии кишварамон талош намоем ва аз худ барои ояндагон як мулки обод ва кишвари пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузорем.

Бисёр рамзист, ки дар рӯзи дуюми Наврӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи ҷаҳонии обро таҷлил менамояд.

Об низ ба мисли Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад.

 Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо дорои захираҳои бузурги об буда, дар айни замон дар  масъалаҳои марбут ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми кишвари пешбарандаро касб кардааст.

 Бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кардааст, ки баъди ду рӯз, яъне 22-юми март соли дуюми даҳсола оғоз меёбад.

Итминон дорам, ки сокинони кишварамон дар доираи чорабиниҳои ин ташаббуси байналмилалӣ ва хусусан, дар рӯзҳои Наврӯз ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои об ва дигар сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва ба ин васила ҳаллу фасл намудани мушкилоти вобаста ба об саъю талоши бештар мекунанд.

Бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, халқу миллатҳои олам, ки онро таҷлил мекунанд ва ба ҳамаи шумо ҳозирини муҳтарам самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва  ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.

Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

www.president.tj

Тренинги омӯзишӣ барои кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи: “Механизмҳои иштирок ва пешниҳоди шикояти кӯдакон дар ҶТ”

трениниг 2

Рӯзҳои 14-15 марти соли 2019 барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор дар шаҳрҳои Кулоб, Турсунзода ва ноҳияҳои Исфара, Қабодиён, Рашт ва Айнӣ дар мавзӯи: “Механизмҳои иштирок ва пешниҳоди шикояти кӯдакон дар ҶТ” тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ба сифати тренер коршиноси байналмилалӣ – собиқ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки шоҳигарии Норвегия ҷаноби Рейдар Ҳйерман Кваал ҷалб шуда, дар мавзӯҳои механизмҳои пешниҳоди шикоятҳо, таҷриба ва мисолҳо аз кишварҳои дигар, иштироки кӯдакон дар раванди баррасии шикоят, эҳтимолияти такмилдиҳии механизми пешниҳод ва баррасии шикоятҳои кӯдакон ба ВҲК ва дигар масъалаҳо баромад намуд.

traning-1

Боиси қайд аст, ки тренинги мазкур ҷиҳати амалисозии Нақшаи миллӣ оид ба иљрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак ва Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 бо мусоидати дафтари Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Маркази матбуотии ВҲИ ҶТ

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Похожее изображение

Тибқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1985 инҷониб ҳар сол 15 март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ин сана аз  соли 2011 инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони азизамон низ  дар ин рӯз чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд, ки онҳо ба тарғиби ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон дар харид ва интихоби молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кишварамон бисёре аз шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда воқиф нестанд. Надонистани ҳуқуқи худ боис мешавад, ки онҳо дар мағозаю марказҳои савдо, бозорҳо ҳангоми харид фирефта шаванд. Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидории ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст.

Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф кардани нуқсони мол ё иваз кардани он, ҷуброн кардани арзиши мол ва ё мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, ахбори пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда ҳуқуқано нишон дода шудааст.

Дар ҳолати пайдо шудани даъво дар вақти харидорӣ ва ё баъд аз харид намудани молу маҳсулот миёни фурӯшанда ва харидор  муроҷиати истеъмолкунанда метавонад тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шавад. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд, танзим менамояд.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақомоти дахлдор  супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории зарурӣ амалӣ намуда, ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Аз ин лиҳоз, ба истеъмолкунандагон тавсия дода мешавад, ки дар вақти харидорӣ намудани ин ё он намуди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулотро талаб намуда, гирифтани чиптаи хазинавиро фаромӯш насозанд. Зеро саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

 

Салоҳудинов М.,
корманди мақомоти Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи ноболиғон ба ном тибқи арзишҳои миллӣ

svidetelstvo-o-rozhdenii-tadjikskoi-ssr-korkaКӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқҳои фитрии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар моддаи 5 инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.

Яке аз ҳуқуқҳои фитрии (табиӣ) инсон, ки аз лаҳзаи таваллуд ба вуҷуд меояд ҳуқуқ ба фардият мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва манфиати беҳтарини онҳо пайваста чораандешӣ менамояд. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба фардият, заминаи заруриии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, барнома ва низомномаҳои дахлдор, аз ҷумла; Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси оилаи ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак”, Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар намудаанд, ки кӯдакон пас аз таваллуд фавран, бетаъхир бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳамзамон, ба қадри имкон ҳуқуқ доранд волидайни худро донанд ва аз ғамхории онҳо баҳраманд шавад.

Ҷиҳати ба қайди давлатӣ гирифтани кўдакон, дар қонунгузории миллӣ, аз ҷумла дар қисми 4 моддаи 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва моддаи 8 Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои пешнҳоди ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак мўҳлат пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кўдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мўҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.

Яке аз мушкилиҳои дар муҳлати муқарраршудаи қонун пешниҳод накардани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак ин дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, ки боиси ба мушкилӣ рў ба рў шудани худи онҳо мегардад. Ҳоло он ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кўдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кўдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

То гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.

Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кўдак ҳуқуқи ў ба ном аст. Яъне доштани ном кўдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кўдак аз лаҳзаи таваллуд фавран,бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Дар ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи шахсият насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуд, ҷинс ва мансубияти миллӣ дарҷ карда мешавад. Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кўдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузорӣ ба кўдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, ингунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ақалиятҳои миллӣ низ зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кўдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд. Тартиби навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон-намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутобиқи қоидаҳои имлои забони дахлдор амалӣ карда мешавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан дар вақти ба қайди давлатӣ гирифтан ва додани шаҳодатномаи таваллуд қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд, ки боиси такроран муроҷиат кардан ва пардохти маблағҳои иловагии шаҳрвандон барои гирифтани шаҳодатнома мегардад. Аксар вақт аз тарафи худи шаҳрвандон беаҳамиятӣ зоҳир мегардад ва дар натиҷа ҳангоми гирифтани шиноснома ба мушкилӣ рў ба рў мешаванд. Дар баробари ин кормандони САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки шаҳодатнома менависанд, бояд хати зебо ва хоно дошта бошанд. Шаҳодатномаҳое, ки аз тарафи баъзе кормандони САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот навишта шудаанд, ба душворӣ хонда мешаванд. Дар натиҷа ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ба шаҳрвандон дода мешаванд ғалат навишта шуда, мушкилиҳои дигареро пеш меорад.

Машрабзода АЗИМҶОН,
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018 таҳия гардиданд

Копия МАЪРУЗА 2018Дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018 таҳия гардиданд.

Тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои мазкур ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин маърӯзаҳо барои дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият менамоянд ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар матбуоти чопӣ ва электронӣ нашр карда мешавад.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима иборат мебошад. Дар қисми якуми Маърӯза масъалаҳои таҳкими иқтидор, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таҳлилу баррасӣ гардида, оид ба ин самтҳои фаъолияти мақомот маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.

Қисми дуюми Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқҳои шахс ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ҳуқуқ ба муроҷиат, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқ занон, ҳуқуқи маъюбон ва ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро дар бар гирифта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд.

Копия МАЪРУЗА 2018_0001Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ аз ду қисм иборат буда, дар қисми аввали он маълумот дар бораи муроҷиатҳои баррасишуда, натиҷаи вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва қабули шаҳрвандон, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар муассисаҳои кӯдакона, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқҳои онҳо, ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Дар қисми дуюми Маърӯза вазъи ҳуқуқҳои кӯдак дар самтҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар ин самтҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод шудаанд.

Итминони комил дорем, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод шудаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2018

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2018

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ