Баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манъи табъиз

1056456 Табъиз вайронкунии маҷмўии принсипҳои бунёдии адолат, баробарӣ ва қадру қимати инсонӣ ба шумор рафта, ҳам тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам қонунгузории миллӣ манъ карда шудааст.

Чӣ тавре аз шарҳи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеоянд, санади асосии ўҳдадорикунандаи пешгирии табъиз Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид  (СММ) ба шумор рафта, дар моддаи 1 он омадааст, ки яке аз ҳадафҳои СММ ин  эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон бе тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ ба шумор меравад.

Баробарӣ маротибаи аввал дар Эъломияи ҳуқуқи инсон эълон карда шуда, моддаи 1 он пешбинӣ менамояд, ки тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё омада, соҳиби ақлу виҷдон мебошанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд. Инчунин моддаи 7 Эъломияи мазкур маротибаи нахуст пешбинӣ намудааст, ки ҳамаи одамон бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробар аз қонун ҳуқуқ доранд.

Принсипи манъи табъизи муқаррарнамудаи Эъломияи ҳуқуқи инсон баъдтар дар санадҳои байналмилалии асосии ҳуқуқи инсон ба назар гирифта шудаанд. Масалан, моддаи 2 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар менамояд, ки ҳар як давлати иштирокчии Паймон уҳдадор мешавад ба ҳамаи шахсони дар ҳудуди он ва ҳудуди таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарордошта ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳамин Паймон эътироф гаштааст, бидуни ягон фарқият вобаста ба нажод, ранги пўст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар эҳтиром ва таъмин кунад. Паймони мазкур дар моддаҳои 6-27 доираи ҳуқуқҳоеро пешбинӣ менамояд, ки бевосита ё бавосита табъизро манъ менамоянд. Моддаи 20 Паймони мазкур давлатҳоро вазифадор менамояд, ки ҳама гуна кўшишҳои мусоидаткунандаи бадбинии миллӣ, нажодӣ ва диниро, ки барангезандаи табъиз, кинаю адоват ё зўроварӣ мебошанд, тавассути қонун манъ намоянд.

Моддаи 2 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муқарраротеро муайян намудааст, ки тибқи он давлатҳои иштирокчии ҳамин Паймон вазифадор мешаванд кафолат диҳанд, ки ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Паймон эълон шудаанд, бидуни ягон навъ табъиз вобаста ба нажод, ранги пўст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молумулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар амалӣ мешаванд.

Тибқи моддаи 1 Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои  табъизи нажодӣ мафҳуми «табъизи нажодӣ» ин ҳама гуна фарқият, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пўст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё нописандии эътироф, истифода ё баробар татбиқ накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Инчунин табъиз дар Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат № 111 дар бораи табъиз дар соҳаи меҳнат ва дигар санадҳои байналмилалӣ манъ карда шудааст.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳо инчунин дар дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла,  дар Кодекси меҳнат (моддаи 7), Кодекси мурофиавии гражданӣ (моддаи 7), Кодекси оила (моддаи 61), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ (моддаи 16), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 4), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ (моддаи 2) пешбинӣ шудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ қонуни махсуси зидди табъиз то ҳол қабул карда нашудааст. Давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки масъалаи таҳияи лоиҳаи қонуни алоҳида вобаста ба муборизаи том бо табъиз мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ин аст, ки айни ҳол гурўҳи кории байниидоравӣ вобаста ба баррасии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонуни нав таъсис дода шуда амал менамояд.

Ашўров М.,
сардори шўъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ